Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:45

Ҳамзистии афсари амният бо духтари ноболиғ дар Бадахшон тафтиш мешавад

13 май 2013, 07:56

Нисбати афсари Кумитаи амнияти миллӣ дар мавриди ҳамзистияш бо духтари ноболиғ дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон тафтишоти хидматӣ оғоз шуда, айни ҳол ҷараён дорад.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” директори “Ассосиатсия ҳуқуқшиносҳои Помир”, Манучеҳр Холиқназаров иттилоъ дод.

Холиқназаров афзуд, ки ин қазия таҳти пайгирии ҳуқуқшиносони созмонашон қарор дорад ва дар сурати тасдиқи гуноҳ афсари амният ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

Қаблан мақомоти умури дохилии Бадахшон хабар доданд, ки масъули Кумитаи амният дар ноҳияи Ишкошим, Суҳроб Давронов соатҳои 5-и субҳи 2-юми май мавриди латту кӯб қарор гирифтааст ва барои даст доштан дар ин латту кӯб чанд ҷавон боздошт шудаанд. Сокинони Ишкошим мегӯянд, афсари амният дар ҳоле латту кӯб шудааст, ки субҳи барвақт аз хонаи як духтари мактабхон, ки тайи моҳҳои охир бо ӯ ҳамзистӣ мекардааст, берун рафтааст.

Холиқназаров дар суҳбат бо “Озодагон” таъйид кард, ки воқеан бо иттиҳоми латту кӯби афсари амният се ҷавони ноҳияи Ишкошим боздошт шуда буданд, вале айни ҳол ду нафарашон озод гардидаанд. Ба гуфтаи Холиқназаров ду ҷавони озодшуда аз татбиқи шиканҷа дар мақомоти умури дохилӣ ба додситонӣ шикоят бурдаанд ва тафтиши ҷузъиёти ин қазияҳо идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Niso

  • 13 май 2013 10:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Латту куб кардан ва чавобгири барои ин педофилхо кам аст! Танхо ба дор овехтан ердам мекунад ва ба дигарон дарс мешавад аз чи сабаб бошад дар давлати мо ба инхо одамрабоен
на онкадар чазои сахт метиханд? Шояд ба Россия ва Аврупо нигох мекунад ва чаро ба монанди давлати Эрон не
ки дар ончо конуншикани тамоман ба назар намерасад аз сабаба хукми катл доштан!!!
Посух додан
  • Бадахши

  • 13 май 2013 11:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дур аз ватан дар гариби нисбати саломати ва ахлоки фарзандонамон бо чунин афсар педофилхои амнияти сахт дар ташвиш мебошем. Аз мардум ва махсусан вроди азиз Холикназаров М. илтимос ин ходисаи нангинро пайгири намоед ва ин хел "хомиёнро" аз хоки бадахшон нест кунед. Такдири халкро ба чи нокасон супоридем, афсус!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!