Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:22

Барои «Тоҷик-Азот» то 9% андоз аз арзиши иловашуда коҳиш меёбад

12 июл 2011, 05:06

Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Тоҷик- Азот» аз қабили корхонаҳое мебошад, ки баъди чанд соли  таваққуф дубора ба фаъолият шурӯъ кард.


Ин корхона аслан ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ машғул аст. Тибқи иттилои вазорати энергетика ва саноат «Тоҷик-Азот» аз моҳи декабри соли 2008-ум  инҷониб бо сабаби баланд шудани нархи гази табиии воридотӣ ва таъмини номунтазами нерӯи барқ фаъолияти истеҳсолияшро қатъ намуда, 600 нафар кормандонро ба рухсатии бемузд равона карда буд. Ҳоло бошад, бо оғоз гардидани фаъолияти корхона барои   800 нафар  ҷойҳои нави корӣ муҳайё шудааст. Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, барои аз муфлисшавӣ нигоҳ доштани ин корхона лоиҳаи қарори ҳукумат « Дар бораи чораҳои дастгирии давлатии ҶСП КМ «Тоҷик Азот» дар давраи то соли 2013»- ро таҳия ва пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳукумати кишвар қабул гардид.
Масъулини раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимиёи вазорати энергетика ва саноат дар робита ба ин  қайд намуданд, ки айни ҳол аз тарафи вазорати молия лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати то 9% паст намудани андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми тавҳили маҳсулоти тайёри корхона таҳия гардида, феълан мавриди баррасии парлумони кишвар қарор дорад. Ба итминони масълини ин раёсат, қабули санадҳои зикргардида барои дар бозори дохилӣ рақобатпазир гаштани нархи карбамиди истеҳсоли корхона ва ворид шудани маблағҳои иловагиро ба буҷаи давлат  имкон медиҳад. Лозим ба ёдоварист, дар қисматҳои асосии корхонаи «Тоҷик- Азот» солҳои 2004-2006 системаи идоракунии автоматикии истеҳсолӣ ҷорӣ гардида, истеҳсоли маҳсулоти баландсифат таъмин гардида буд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!