Бахшҳо
13 май 2013 16:53Тоҷикистон / Сиёсат

Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)

ҲУМАЙРОИ БАХТИЁР

Шӯрои ҳамоҳангсозии асосиатсияҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, имрӯз, 13-уми май дар шаҳри Душанбе барҳам хӯрд.

Қарор дар ин бора аъзои Шӯро зимни ҷаласаи изтирорӣ, ки бе ҳузури раиси Шӯро, Зайд Саидов баргузор шуд, қабул намуданд. Далели асосии барҳам додани Шӯро ин ноуҳдабароии Зайд Саидов ва бо ҳадафҳои сиёсӣ истифода шудани Шӯро аз ҷониби ӯ арзёбӣ гардид.

Некрӯй Забиров, собиқ раҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамакнун ташаббускори асосии барҳам додани ин созмон гуфт, “Шӯро тобиши сиёсӣ гирифтааст ва дигар наметавонад фаъолияти худро давом диҳад. Барҳам додани Шӯро идеяи ман буд ва ҳаст, зеро мо намедонем,ки чаро ва чӣ гуна аз ин майдони мо Зайд Саидов барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ сӯйистифода кард. Дар ҳоле ки мо тоза муносибатро бо ҳукумат, президент ва ҷомеа барқарор кардем. Раҳбарияти нави Шӯро интизориҳои моро қонеъ накард.”

Дар ҷавоб ба ин Михаил Петрушков, раиси Асосиатсияҳои соҳикборони Тоҷикистон аз Некруй Забиров далелҳои мушаххас талаб кард, ки дар кадом ҳолатҳо Зайд Саидов Шӯрои ҳамоҳангсозиро бо мақсадҳои шахсияш ё ғаразҳои сиёсӣ истифода кардааст. Аммо Забиров дар ҷавоб ба ин дархост хомӯш монд.

Петрушков аз аъзоёни Шӯро интиқод кард, ки “дар ҳузури Зайд Саидов ҳамеша қарсакзанӣ мекардеду ҷонибдори суханҳою ташаббусҳои ӯ будед, аммо имрӯз якбора аз пушт ӯро ноуҳдабаро баровардед. Дар ҳоле ки худи Шумо барои раис таъин шудани Зайд Саидов талош кардед, ҳеч мумкин нест, ки дар як муддати кутоҳ назари худро то ин дараҷа иваз кунед.”

Петрушков аз шеваи масъалагузориҳо дар ҷаласа хулоса бароварда гуфт, ки ин ҷаласа хусусияти фармоишӣ дорад ва ҳамаи талошҳо барои лағви Шӯрою сиёҳ кардани Саидов таҳти фишор сурат гирифта истодаанд. Петрушков фарзан изҳор дошт, ки дастурот дар ин маврид кори дасти вазирон аст, ки худашон дарк накарда, ба ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар “хизмати хирсона” карда истодаанд: “Ин коре, ки мо имрӯз мекунем, тобиши сиёсӣ дорад ва дар арафаи интихобот ба зарари ҳукумат ва нуфузи кишвар анҷом меёбад.”

Аммо Рафиқа Мусоева, раҳбари Асосиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон ва яке аз тарафдорони лағви Шӯро изҳороти Петрушковро беасос хонда, афзуд, ки “моро таҳқир накунед. Мо супориши ягон кас ё гуруҳро иҷро накарда истодаем.”
Мусоева аз фаъолияти Зайд Саидов дар доираи Шӯро интиқод кард, ки ҳамеша ба масъалаи андоз авлавият медоду ҷанбаҳои дигари фаъолияти соҳибкориро сарфи назар менамуд: “Акнун маълум шуд, ки Зайд Саидов аз рушди Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дида бештар ба таъсиси ҳизби худаш, “Тоҷикистони нав” машғул будааст. ”

Бархе аз аъзоёни Шӯро алайҳи лағви ин созмон баромад карда, гуфтанд, ҳар ассосиатсияе, ки хоҳиши кор дар Шӯроро надорад, метавонад онро тарк кунад вале ба барҳам додани Шӯро ҳоҷат нест. Онҳо мегуфтанд, ки Некруй Забиров қабл аз баргузории ҷаласаи изтирорӣ шахсан пеши ҳар раҳбари асосиатсия рафта дар мавриди бекор кардани салоҳияти Зайд Саидов ба далели таъсиси ҳизби сиёсӣ масъалагузорӣ кардааст. Аз он, ки дар ҷаласа масъалаи лағви пурраи Шӯро ба баррасӣ гузошта мешавад, бисёри аъзои Шӯро изҳори бехабарӣ карданд. Гуруҳе аз ширкатдорон бо шумули Матлуба Улҷабоева, раиси Асосиатсияи соҳибкорони хурду миёна, Михаил Петрушков, раҳбари Асосиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон, Асомиддин Атоев, раҳбари Асосиатсияи фароҳамоварони интернет пешниҳод доштанд, ки Шӯрои мазкур на барҳам, балки танҳо роҳбарияташ иваз шавад.

Аммо ҷонибдорони барҳам додани Шӯро аз ҷумла Рафиқа Мусоева пофишорӣ кард, ки Шӯро бояд ҳатман барҳам дода шавад, зеро ба гуфтаи ӯ “Шӯро доғдор шудааст ва онро дигар тоза карда намешавад.”

Дар ҳамин ҳол аз 59 асосиатсияи узви Шӯро имрӯз, дар ҷаласаи изтирорӣ намояндагони 35-тояшон ширкат доштанд ва 24 нафарашон ба тарафдории барҳам додани Шӯро овоз доданд. Ин Шӯро соли 2007 таъсис ёфта буд ва Зайд Саидов соли гузашта ба раҳбарии он интихоб гардид.

Худи Саидов ахиран дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “чанде аз ҳамкорон ба ман занг зада гуфтанд, ки таҳти фишор як изҳоротеро имзо кардаанд, ки дар он истеъфои ман аз симмати раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ талаб карда мешавад. Аз як тараф онҳоро дарк мекунам, аммо муътақидам, ки ҳар як шахс ва соҳибкор бояд фикри мустақили худро дошта бошад. Ҳар яки онҳое, ки алайҳи ман изҳорот имзо кардаанд, пештар худашон пофишорӣ карданд, то ман роҳбарии Шӯроро ба уҳда гирам.”

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта, рӯзи 6-уми апрел аз таъсиси ҳизби наве бо номи "Тоҷикистон нав" хабар дода, афзуд, ки талошҳояшон барои ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии кишвар равона хоҳанд шуд. Ин азми Саидов таҳдиду таъқибҳо ба ҷону моли ӯро ба бор оварда, боиси ифтитоҳи ду парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ гардидааст.


Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)

Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)

Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)

Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)

Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)

Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)

Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)

Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)

Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)

Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)

Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)

Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)

Мӯсоева: Лағви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фармоишӣ нест (АКС)
Мӯҳр
таъкид
некруй Забиров аввал ин ки руйи хуб надоштаи.дуввум ин ки дар назди чомеи шахрванди ба хотири яккоса шурбои хукумат обруятро аз даст доди.Вокеан Зайд Саидов кори хубе кард то мо чехрахои хакики фарзадону дилсузи миллатамонро бишносем.Ва хамзамон аз рубохову макорхои миллатхам бароямон рушан шуд.Бо тамоми масъулияи шахрванди мгуям ки хамон Али Бедаки ва Мулл Абдулоро ки чандсол пеш хоину терорист гуфта куштаанд аз бисёре депутатхову сохибкорон элитаву равшанфикрони миллат боло будаанд!!Хайф сад хайфи чавон мардиву номусу нанг ки дар пушти одам ингуна тухмату игво шавад.Хушбахти имруз дар он аст ки давлати комунисти нест ки хамаи сирхо пинхон монанд.Некруй Забиров ва хамтоёни у бидонед ки имруз дар толори хукумат чи мегуянду чи ходиса мешавад як соат пас натанхо дар Точикистон хато дар чахон онро медонанд!!!!!Худо хохад замоне мерасадки онхоеро имруз хоин медонед фардо кахрамонанд аммо кахрамонони имруз хоинони фардои миллатанд.Некруй барот мувафакият сарбаланди ва мардиро орзу дорам.Ва умедворам фарзанду авлоди худро дар рухияи марди ватандусти банангу номуси ва эмону такводори ки ба худад шояд кам насиб шудааст ба эшон биомузи!

Бори дигар бовари хосил кардам, ки ин афроде, ки ба ном чомеаи шахрванди кушодаву дод аз демукроси мезананд, ба чуз тамаллуккориву лукмапартои ва лаганбардории хукумати вакт дигар коре анчом дода наметавонистаанд. Бубинед, ки дар миёни ин точиктаборон факат як марди хакики будааст, хамон хам аз миллати Рус - Михаил Петрушков. Мардуми русро Худованд махз барои ана хамин мардонагию якруяги ва хакикатнигориашон дар чахон обрую эътибор додааст, бошад, ки Худованд дар калби хамин миллати Рус исломро тачалли дихад.
Мардуми точик махз бо ана хамин хислати бади тамаллукорию дуругияш(кариб, ки аксарияти точикон), ки метавонад хар лахза ба хотири манфиате самти гуфтору кирдор ва муносибаташро дигар кунад, хеч гох аз ин холате, ки имруз ба сар дорем, бурун намеравад ва шоистаи обрую эътибо хам намешавад. Шармашон бод ба ин хоинон ва дуруягон Некруй Забиров(Бадруй мебуди, ба кирдорат мувофик меомад) ва Рафиқа Мусоева ва афроде, ки барзидди як фарди баору номус ва нафаре, ки алхол дар Фаронса аст, игво бардоша дар набуди у носазо гуфтаанд, Худованд ин кабил инсонхои дуруяро дар харду чахон моту залул ва хор гардонад!

Точикбача
Санг хам заду чуб хам зад пасмонда кулух хам зад .Зайд Саидов ин дар хаки шумо ноадолатист Худованд инхел мунофикоро чазояшонро тияд.

Ин Михаил Петрушков аз точикхо хам ТОЧИКТАР буромад. Некруй ва дигарон (Мусоева, Улчабаева ва дигарон) шумо бояд шарм кунед. Ба кавли русхо шумо як "марионетка" хастед. Фикри озоди худро надоред, хамеша ба пас ба тарафи хукумат нигох мекунед, ки чи мегуянд. Михаил танхо одамест, ки медонад ки чи кадар мутаххам боши хамун кадар ин ба зарари худат мешавад. ЗИНДА БОШИ МИХАИЛ! ЗИНДА БОШИ ШЕРИ НАРИ ТОЧИК!!!

Шояд бисёрихо фаромуш карда бошанд, аммо ман хуб дар ёд дорам, ки хамин Некруй Забиров барои зани сеюмаш шуда, хонаи ободи як оиларо дар кучаи Айнии нохияи Хисор гасб кард. Ин хеле бахси калон аст. Ин чи хел мардист, ки хонаи ободи як мардро бо зури пулу зури судхо гириви ба падари зани сеюмат "тухфа" куни, то духтараш "рози шавад"? Шояд ин гирех хам кушода шавад, ки дар солхои 1992-93 Некруй хамрох бо Рахмон Гитлер ба чи корхо машгул буд? Дар солхои раиси филиали "Ориёнбанк"-и Шахринав будан чи корхое кард...Мардум куру кар нест, хамаро мебинад.

Хакикати талх
Ин хонума Мусоева дар солхои 90 ум. дар сесияхо аз арзшихой коммунисти дод мезад, хозир бошад барои ду пайса, капиталисти ашади шудааст, ана одаму мана олам!!!
Некруй Забиров бошад, хаминишинашу сарпанохаш Махмуд Худойберди буд, у майшатхояшро ба Махмуд дар кучаи Пушкин, хануз хам бисёрихо дар хотир доранд. Хатто баъди таркиши ЦУМ (соли 2000 ё 2001) бо чи сабабе дастгир шуда муддате дар махкама буд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)