Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:26

Хизматрасонии “Осиё Экспрес” барои Э.Раҳмон якумра бепул хоҳад буд (ВИДЕО)

13 май 2013, 21:12

Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки аз ҷониби Амрико аввали моҳи равон мавриди таҳримбандӣ қарор гирифта буд, ахиран дар саҳифаи интернетияш навореро нашр кард, ки дар он боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тарҳҳои Занҷонӣ муфассал ба намоиш гузошта шудааст. Дар Тоҷикистон ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспрес”, соҳиби нави автовокзали Душанбе ва бонки «Kont Investment Bank» ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз автовокзали таҷдидшудаи Душанбе бо аввалин чиптаи тиллоӣ аз ширкати “Осиё Экспрес” сарфароз гардид, ки якумра барояш истифодаи бепули хизматрасониҳои ин ширкатро таъмин мекунад. Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин даъват намуд, ки нархи хизматрасониҳоро барои мардум низ арзонтар намояд.

Зимни боздид аз бонк ва суол, ки коргарон чи қадар маош мегиранд, масъулин ҷавоб доданд, ки на камтар аз 2 ҳазор сомонӣ. Ин посух нобоварии раисиҷумҳурро ба бор оварда, интиқод намуд, ки чаро иқрор намешаванд, “охир онро дузд назанад.”

Аммо духтари коргар раисиҷумҳурро муътақид сохт, ки на камтар аз 2 ҳазор сомонӣ мегиранд ва сарулибосашон ҳам аз ҳисоби корфармо аст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!