Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:57

«Ҳукумати советӣ» дар шаҳри Кӯлоб ҳанӯз побарҷост

12 июл 2011, 05:24

Шабакаҳои барқии минтақаи Кўлоб барои коргарон ва фарзандони онҳо пайваста кӯмаки моддӣ ва маънавӣ мерасонад.


Тавре ба «Озодагон» Амрохон Сатторов, раиси иттифоқи касабаи муассисаи мазкур хабар дод, тобистони имсол 48-нафар аз кормандони муассиса баъди баромадан ба рухсатии меҳнатӣ, бо роҳхати иттифоқ ба истироҳатгоҳҳо рафтаанд. Ҳамзамон, 80-нафари дигар дар рўзҳои истироҳатӣ ба тамошои манзараву мавзеъҳои таърихии кишвар сафарбар шудаанд. Номбурда мегӯяд, «ташкилоти мо на танҳо ба коргарон, балки чун давраи пешин,  фарзандони онҳоро низ барои истироҳату фароғат дар таътили тобистона ба лагерҳои фароғатӣ фаро мегирад. То имрўз 53-нафар аз кӯдакон ба истироҳатгоҳҳои бачагонаи Варзобу Норак рафтаанд».Гуфта мешавад, волидайни бачаҳо ҳамагӣ бо супоридани 30-сомонӣ фарзандонашонро ба истироҳат фиристонида метавонанд.  
Сатторов афзуд, дар ҳоли ҳозир дар хазинаи иттифоқи касаба 80-ҳазор сомонӣ нигаҳдорӣ мешавад ва дар ҳолати зарурӣ барои эҳтиёҷоти кормандон масраф хоҳад шуд.Бояд гуфт, соли равон барои оилаҳои эҳтиёҷманд зиёда аз 18-ҳазор сомонӣ кумак расонда шуда, 20-нафар аз кӯдакони ятиммондаи коргарони ташкилот, тибқи қарори иттифоқи касаба, ҳамасола аз ҳисоби даромад, бо сару либоси мактабӣ  таъмин мегарданд.Гузашта аз ин, барои коргарон дар назди муассиса ошхонаи махсуси коргарӣ бо нархи нисбатан арзон таъсис ёфта, фаъолият дорад.
Ба ин гуна тарзи муносибат, дар Кӯлоб иттифоқи касабаи шабакаҳои барқии минтақавиро «ҳукумати советӣ дар корхонаи кӯчак» мегўянд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!