Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

Низомиёни Русия: Чиниҳо дар Бадахшон дида намешаванд

14 май 2013, 08:11

Ҳарбиёни Русия вуруди низомиёни Чинро ба қаламрави вилояти Бадахшони Тоҷикистон мушоҳида накардаанд ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад.

Дар ин бора ба хабаргузориҳои рус Ярослава Рошупкина, сардори Хадамоти матбуоти ҳавзаи ҳарбии марказии Русия иттилоъ додааст.

Ахиран бархе аз расонаҳо дар интернет иттилоъ пахш намуданд, ки низомиёни Чин вуруди қаламрави Бадахшон шудаанд ва қисми калони ҳудуди ин вилоятро, ки тибқи мувофиқа ба Чин гузаштааст, аломатгузорӣ намуда, таҳти назорат гирифтаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!