Бахшҳо

Дархости квота аз ҳукумат барои ҳамли сунъии безурётҳо

МАВЗУНА АБДУЛЛОЕВА

Ҳамакнун, дар Тоҷикистон низ мисли аксари кишварҳои пешрафта аз ҳамли сунъӣ барои фарзанддор шудани онҳое, ки аз безурётӣ ранҷ мебаранд, шароит ба вуҷуд омад. Шамсиддин Қурбонов, роҳбари Маркази тиббии «Насл», ҳамзамон мудири пажӯҳишгоҳи акушерию гинекологӣ ва перинтологияи ҶТ ҳозир шуд, аз бурду бохти ин марказ ва ҳадафҳои он бо “Озодагон” сӯҳбате анҷом диҳад.

Озодагон: Оқои Қурбонов, тавре иттилоъ ёфтем чанд вақт пештар нахустин таҷрибаи маркази шумо “бор” овард. Алъон бигӯед, ки вазъи саломатии модару кӯдак чӣ гуна аст?

Шамсиддин Қурбонов: Саломатии “набераҳои мо” хуб мебошад, модароне, ки дар маркази тиббии "Насл" тибқи барномаи ЭКО ҳомиладор шуда буданд, хуб арзёбӣ мешавад. Мо ҳар ҳафта аз саломатии онҳо хабар гирифта, вазъи тандурустии онҳоро месанҷем, кӯдакон дар ҳоли ҳозир нағз афзоиш меёбанд. Баъзе аз машваратҳоеро, ки аз тарафи духтурони кӯдакона барои ин атфол даркор аст, медиҳем. Сари вақт ёрии тиббӣ мегиранд. Ман ба фикри он нафароне, ки кӯдакони маркази моро бо тариқи сунъӣ таваллуд шудааст мегӯянд, розӣ нестам, чунки зан бо тариқи сунъӣ ҳомиладор намешавад. Одам тариқи барномаи ЭКО ҳомиладор карда мешавад, яъне берун аз раҳми модар ва дар шароити лабараторӣ тухмҳуҷайраи зан ва мард берун бароварда мешавад. Аз батни модар тухмҳуҷайраҳои занона ва аз мард тухмҳуҷайраҳои мардона берун бароварда мешавад ва дар шароити махсуси лабараторӣ инҳо бо якдигар омехта карда мешаванд, яъне бордор карда мешаванд. Таҷҳизоти озмоишӣ ин тухмҳуҷайраҳоро 25 ҳазор маротиба калон карда нишон медиҳанд. Маврид ба ёдоварист, ки аз 10 тухмҳуҷайраи интихобшуда, 2-тои он ки қобилияти инкишофёбӣ доранд, ҷудо карда мешаванд. Яъне, инҳо кӯдакони сунъӣ нестанд, кӯдакони интихобан ба воситаи тухмҳуҷайраи падару модарашон ба таври маснуъӣ дар ҷанини тиббӣ ташаккулёфта мебошанд.

Озодагон: Ин кӯдакон аз тифлоне, ки дар батни модар ба таври табиӣ инкишоф меёбанду таваллуд мешаванд фарқ доранд?

Шамсиддин Қурбонов: Ин кӯдаконе, ки дар бораашон мо ҳоло сухан меронем, аз тифлони ба таври табиӣ таваллудшуда ягон тафовут надоранд. Бо он далеле, ки ман бо таври мушаххас гуфта метавонам, аз 100%- и занҳои қобили тавваллуд ва ҳомиладори Тоҷикистон, ки бо тариқи таббиӣ бордор мешаванд, ҳудуди 30 то 40 дарсади онҳо гирифтори ин ё он намуди бемориҳои инфексионӣ мебошанд. Занҳое, ки тариқи барномаи ЭКО ҳомиладор мешаванд, аз кулли муоина ва ташхисоти тиббӣ мегузаранд, агар ягон мушкили гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ва оҷизаҳои ҳормонӣ дошта бошанд, муолиҷа мешаванд. Барои онҳо сад дар сад шароити бесироятию саломатии беҳтарину тухмҳои беҳтарин инхоб карда мешавад ва баъдан бордор карда мешаванд. Бинобар ин, инҳо кӯдаконе ҳастанд аз лиҳози тамизу эпидемиологӣ дорои беҳтарин саломатӣ.

Озодагон: Пас аз он ки таҷрибаи шумо “натиҷа” овард ва ё худ “ҳосил” дод, теъдоди муроҷиаткунандагон чӣ гуна аст? Зиёд шуд, ё хайр?

Шамсиддин Қурбонов: Ба маркази тиббии "Насл" ҳармоҳ 2 ё 3 нафар барои аз барномаи ЭКО истифода кардан муроҷит мекунанд, лекин марказ имконияти сад дар сади 9- 10 нафар занро аз барономаи ЭКО гузаронидан дорад. Муроҷиаткунандагон нисбати пештара зиёд ҳастанд, лекин ин моро қонеъ карда наметавонанд, чунки дар муддати 2 сол 38 нафар аз барномаи ЭКО гузаштааст, ҳол он ки ин қадар одам метавонист дар як моҳ аз ташхису табобат гузарад. Сабаби кам будани муштариён шояд вазъи ноҷӯри иқтисодии шаҳрвандон бошад, ё чизи дигар...
Чанде қабл мо ба Руқия Атоева, муовини нахуствазири кишвар сӯҳбате доштем ва он ҷо иброз кардем, ки ба занҳое, ки фарзанд надоранду шароити иқтисодияшон хуб нест, ба хотири нигоҳ доштани оила аз ҳисоби ҳукумат квота ҷудо гардад. Яъне, ҳукумат ҳар сол ба оилаҳои бефарзанде, ки шароит надоранд, 40 -50 квота ҷудо намудояд, то онҳо тавонанд бо истифода аз ин соҳиби фарзанд гарданд. Ҳоло ҷорӣ намудани квота муайян нест, лекин шояд солҳои дигар татбиқ карда шавад.

Озодагон: Таҷрибаи маркази тиббии «Насл» дар Тоҷикистон аз шеваи бордоркунии занон дар дигар кишварҳои дунё чӣ фарқ дорад?

Шамсиддин Қурбонов: Таҷрибаи мо аз кишварҳои Исроил, Эрон, Русия ва Қазоқистон ҳеч тафовуте надорад. Онҳо ҳам дар ҳудуди 28 % натиҷагирӣ мекунанд, мо дар ҳудуди 34% натиҷагирӣ карда истодаем. Дар хориҷа ҳам қариб 18 то 20% аз барномаи ЭКО ҳомиладоршудагиҳо исқот мешаванд, дар мо ҳам ҳамин миқдор ба назар мерасад. Ба ҳар ҳол, дар мо таҷрибаю техника, муттахассисон ҳастанд, ки шаҳрвандони мо метавонанд аз он истифода кунанд.

Озодагон: То имрӯз чанд нафар зан тариқи барномаи мазкур ҳомиладор шудаанд?

Шамсиддин Қурбонов : Дар маркази тиббии "Насл" то ин замон 38 нафар зан аз барномаи ЕКО гузаштанд, яъне онҳо амалиёти ҳамлиро дар Тоҷикистон пушти сар карданд.Имрӯзҳо бошад, 6 бонуи дигар барои аз барномаи ЭКО гузаштан тайёрӣ дида истодаанд ва рӯзҳои наздик аз барнома мегузаранд. Ба замми ин 3 зани дигар барномаи ЭКО-ро ба анҷом расонида, аллакай модар шуданд. Аз ин 3 нафар зан, ду нафараш бо роҳи ҷарроҳӣ дугоник таваллуд карда, яктои дигараш бошад бо таври таббиӣ таваллуд кард. Имрӯз дар Тоҷикистон 5 писар аз се таваллуд тариқи барномаи ЕКО ба дунё омодааст. Феълан, 3 зан дар ҷараёни ҳомиладорӣ қарор доранд, баъди ду моҳ бошад зани 4- ум таваллуд мекунад.

Озодагон: Ҳолате буд, бо ин ё он сабаб ҳомиладорӣ тариқи барномаи ЭКО қатъ гардад?

Шамсиддин Қурбонов: Як чунин ҳолатҳо буданд. 4 нафар зане, ки аз тариқи барномаи ЭКО гузаштанд, ҳомиладорияшон қатъ карда шуданд. Яктояш дар мӯҳлати 18 ҳафтаина бо сабаби дар организми зан хурӯҷ кардани касалии сил, дигараш дар мӯҳлати 22 ҳафтаина, аз сабаби кафидани пардаи атрофи ҷанини кӯдак ва дутои дигараш ба сабабҳои гуногун.
Аммо ин охири кор нест ва ноумед шудан нашояд. Маркази тиббии "Насл" ба занҳое, ки ҳомиладорияшон қатъ карда шудааст, имконият медиҳад, ки пас аз 2 ё 3 моҳ омада аз сари нав бордор шаванд, зеро дар марказ ҳуҷайраҳои онҳо дар озмоишгоҳ мавҷуданд.
Мӯҳр
Оё хамин гуна хомиладоршавиро дини Ислом ичоза медихад? Фатвои мулло хаст?

Ин як намуди бизнес аст чаро касе суол намекунад сперматозоиди мард активни набошад чи гуна онхо бордор мекунанд аз ин бар меояд ки аз тухмхучайраи дигар кас истифода мекунанд на зан хабар меебад на зан ин хама хилофи Ислом аст харчи кошти хамон хосилро хохи бардошт...

СП
Сарвинози чун, маълумот надоред аз хаво сухан накунед. АктивнИ набудани сперматозоид маънои онро дорад ки у худ харакат карда наметавонад, вале агар уро дохили тухуми зан гузоред кобилияти бордор карданро дорад.

Дуюм он аст ки дар Точикистон зиёдтар занхо аз ин ё он сабаб хомиладор шуда наметавонанд....ЭКО бехтарин халли ин масъала мебошад.

Ман мехохам ба чашми он падару он модароне ки ё сунъи мегуянд ЭКОро ё дар Ислом фатво несту ину он.....кани бинем чанд сол сохиби фарзанд шуда натавонед ашула хониро сар мекунед ё не.

СП шумо худ аз хаво сухан рондед у харакат кардаки натона читари фарзанд мешудаст шумо чизи бехараката ба харакат медуроред чи канди дар кучо гарантия хол он ки тачрибаи дахсола даркор ки шумо чунин сухан кунед аммо на тачриба хасту на фахмиши дакик ин як реклама хасту ба холати психологии инсонро дар оила низ бояд фикр кард хол он ки нофахмихо дар хар холат метонад ба вучуд ояд вале афсус дар мо геноинжинерия нест мо мутахасис надорем инро муаян созем...

медик
Ин хама хилофи исл0м аст!ай ин хел корара кардан бе фарзан боши хуб!е мардум фарзанд аз чониби АЛЛОХАЙ!им0н суст ки шид ба хар рохи ахмаки меравем

сад афсус ки мардуми мо ба чое ки ба суи илму маърифат устувор кадам бизанад руз ба руз ба суи чохилия кадам мезананд. Дируз дар чанозае намози пешин ва чанозаи чавони 21 сола иштирок кардам ва аз огоз то анчом мулло воизи масчид мардумро барои умед бастан ба дунёи охирато мехонду мегуфт ки имруз ва ин дунё ягон арзише надорад ва хамаи мо бояд аз тамоми доштаи ин дунё даст бикашем ва тезтар кушиш кунем ки вориди дунёи охират бишавем. Ана акнун хазорхо нафар чавоне ки дар ру ба руи ин мулло шиштаги будаанд ки холо аз сад гул як гулшон ношукуфтаасту саводи на ин дунё ва на он дунёро доранд чи андеша мекунанад. Ватан обод накунед, хона обод накунед, рох обод накунед. завод насозед, дар ишки илм набошед дехкони накунед, факат дар фикри мурдан бошену хаму дунёда баъд кайф када мегардед. Ин фалсафаи пучи беаклона аз кучост ки ба сари мардуми бор карда мешавад. Мардуме ки ин дунёш обод нест дар сад сол дунёи охираташ низ обод нест. Хамаи гап махз аз хамин чо манша мегирад. Факте мо дар бораи дастоварди илми наслофари гап меравад, вакте сухан дар бораи кор дар сатхи хучайра меравад як одами бесаводи кади кучо даъво мекунад ки ин кори харом аст. Махз амин чохилон будаанд, ки сари Буали Синоро хурдан, Сари Хайём, сари Хилоли, сари Балъамиро ва сари садхо нафар олимони точикро хурдаанд ва илми моро ба нести бурданд. Агар худатон намекунед монед дигарро кор кунанд. Имони мо шукри Худо комил аст ва дар у дунё гури ман алохида гури ту алохида ва саволу чавоби ман алохида аст. Дар дину диёнати хеш устуворам иншаалох. Хар коре ки мекунем ба хоитири миллат ва обуруи ин мардум аст. Боки Худо худаш мебинад ва чо ба чо мекунад.

ЕКО ё ЭКО? Хохишмандам, дар аввал даруни кавс нависед, ки ин се харф чиро ифода мекунад.

Ба мавзуъ шояд дахл надорад, аммо Хамин Шамсиддин Курбонов, ки бо боварии том ва "убедительно" гап мезанад, чанде пеш мегуфт, ки никохи хешутабори марги миллат аст. Шояд хазорон нафар ба гапи у бовар карданд. Вале худи у ба писараш як-ду мох пеш ... духтари холаашро гирифта дод. Ёбу гир! Дигар ба ки бовар кунем?!

Abdulloh
Фетва об искусственном оплодотворении


Вопрос

Каково решение относительно так называемых детей из пробирки?

Ответ

Хвала Аллаху!

Этот вопрос был изучен Советом ученых по Исламскому Фикху (Маджма аль-Фикх аль-Ислами), который постановил следущее:

Во-первых: следующие пять методов запрещены согласно Шариату. Они запрещены либо сами по себе, либо по причине последствий, к которым приводит использование этих методов, таких как смешивание родословной (происхождения), незнание того, кто является матерью ребенка, или по другим причинам, противоречащим Шариату.

1. Когда оплодотворение совершается между спермой взятой у мужа и яйцеклеткой взятой у женщины, не являющейся его женой, после чего эмбрион помещается в матку жены.

2. Когда оплодотворение производится между спермой взятой у мужчины, который не является мужем, и яйцеклеткой взятой у жены, после чего эмбрион помещается в матку жены.

3. Когда оплодотворение совершается вне тела между спермой и яйцеклеткой супружеской пары, после чего эмбрион помещается в матку женщины, добровольно вызвавшейся вынашивать его (суррогатное материнтсво).

4. Когда оплодотворение совершается снаружи между спермой мужчины, который не является мужем, и яйцеклеткой женщины, которая не является женой, после чего эмбрион помещается в матку жены.

5. Когда оплодотворение совершается снаружи между спермой и яйцеклеткой двух супругов, после чего эмбрион помещается в матку другой жены (этого мужа).

Во-вторых: шестой и седьмой методы допустимы как последнее оставшееся средство в случае необходимости, когда установлено, что все необходимые меры предосторожности были приняты. Это два следующих метода:

6. Когда берется сперма у мужа и яйцеклетка у жены, оплодотворение совершается снаружи, после чего эмбрион вводится в матку жены.

7. Когда взята сперма у мужа и введена в соответствующе место в шейке или матке у жены с внутренним оплодотворением.

К другим замечаниям, которые требуют внимания в этом деле, относятся: обнажение аурата женщины и наиболее интимных частей тела; вероятность допущения ошибки в лаборатории, вероятность того, что некоторые слабоумные люди в больнице могут обмануть оказанное им доверие и сознательно подменить сперму или яйцеклетку для достижения положительного исхода операции и извлечения большей материальной выгоды. Поэтому мы должны быть крайне осторожными в этом деле.
А Аллах знает лучше!
Аль-Маджми' аль-Фикх, (www.islam-qa.com, № 3474)

Хамаи чиз бо розигии Худованд аст. Агар Худованд нахохад 100 бор сунъи бордор шави хам муваффак намешави ва ноумед бефарзанд мегарди. Агар бо хар рохе ки Худованд хоста бошад сохиби фарзанд шави хамон мешавад. Насибаи хар кас хар хел аст. Хаминро хам фаромуш накунед, ки тифли сунъиро хам хамон модари бечора нух моху нух руз дар батнаш бо азоб мегардонад. Худованд хеч касро ноумед нагардонад Омин!

Trulala
.
бордор сози, агаи бо нутфаи худи мард бошад ичозат аст! аммо оилахои хастанд, ки солхои зиёд аст аз бефарзанди ранч мекашанд аммо нутфаашон бесифат аст ё камхаракат аст мачбур мешаван, ноилоч аз нутфаи марди бегона истифода мекунанд бо рохи ЭКО. бахотире ба ин рох рози мешаванд, ки оилаашон бархам нахурад. хамон мардхо ва хамсарошонхам мехохан бо нутфаи худи онхо ин восита (ЭКО)-ро истифода баранд, аммо, вале, леки! мард намехохад бо нутфаи марди дигар зани ин хомила шавад. зану шавхаре ки аз ислом хабар доран сабр мекунан аз бефарзанди, лекин баъзе падар ва модароне хастанд, ки бахотири бефарзандии фарзандашон дигар сабр карда наметавонанд мачбур мешаванд оилаашонро бархам диханд. ин марказ касеро мачбур накардаст, ки биёяду бо тарики (ЭКО) фарзанддор шавад, касе мехохад биёяд ва касе намехохад ихтиёр дорад мачбури нест! касоне ки аз чои шиштатон лак-лак доред Худованд кортона ба хамин руз орад баъд мефахме, оилаатон ба хотири бефарзанди чанг шавад ё байни келину хушдоман дилхунуки шавад баъд мефахмеду аз паи илочи он мешавед! якбор худатонро дар чои хамин корафтодагон тасаввур кунед! 2 вариант доред: ё аз хамсаратон чудо мешавед ё ЭКО. кадомашро интихоб мекунед? дар ончо мардхоехам мераванд, ки нутфаи худашон 100% аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)