Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ тими ”Хуҷанд”-и Хуҷандро шикаст дод.
Ин бозӣ рӯзи 13-уми май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор гардида бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Юсуф Рабиев, ҳамлагари дастаи “Хуҷанд”, дар дақиқаи 8-уми дидор тӯбро ба дарвозаи мизбонон ворид намуда ҳисобро боз кард. Ҳасан Рустамов, бозигари дастаи “Равшан” дар дақиқаи 70-ум ҳисобро баробар намуда голи дуюми мизбононро Сайриддин Ғаффоров, дар дақиқаи 83-юм вориди дарвозаи меҳмонон кард.
Ду бозии дигари даври 6-ум рӯзи сешанбе, 14-уми май миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 “Истиқлол” 4 4 0 0 14-3 12
2 “Регар-ТадАЗ” 4 4 0 0 10-3 12
3 “Равшан” 4 4 0 0 8-1 12
4 “Хайр” 4 2 1 1 6-5 7
5 “Хуҷанд” 5 2 1 2 5-4 7
6 “Парвоз” 5 2 1 2 3-5 7
7 “Энергетик” 6 1 2 3 4-7 5
8 “Вахш” 6 1 1 4 3-8 4
9 ССКА “Помир” 5 0 3 2 1-3 3
10 “Истаравшан” 5 0 2 3 2-7 2
11 “Панҷшер” 4 0 1 3 4-14 1
Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 5 тӯб, Акуффо Гершон, Комил Саидов, Хуршед Маҳмудов (ҳарсе – “Регар-ТадАЗ”), Бахтиёр Ҳакимов (“Панҷшер”), Индус Ҳусейнзода, Нуъмонҷон Ҳакимов, Сайриддин Ғаффоров (ҳарсе – “Равшан”), Муҳаммад Гулипур (“Хуҷанд”), Юҷин Сепӯя (“Истиқлол”), Бахтиёр Чориев (“Энергетик”), Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”), Фурқат Мирҳайдаров (“Вахш”) – 2-голи задаанд.
Мӯҳр