Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:40

Ёде аз қурбониёни Андиҷон (АКС)

14 май 2013, 12:23

Ҳашт сол пеш дар шаҳри Андиҷони Узбакистон мардум дар эътироз ба вазъи шадиди зиндагии худ даст ба тазоҳуроти мусоламатомез заданд, ки ба хоку хун кашида шуд.

Дар он рӯзҳо сокинони Андиҷон, Марғелон, Фарғона ва намояндагони қишри соҳибкори миёнаи узбак алайҳи афзоиши молиёт ва худсарии мақомоти давлатӣ гирдиҳамоӣ намуда буданд. Рӯзи 11-уми феврали соли 2005 дар Андиҷон 23 тан аз тоҷирони маҳаллӣ, ки аз онҳо “Акрамиҳо” ном мегиранд ва аз зумраи соҳибкорони маҳбуби мардуми узбак ба шумор мераванд, дар узвият доштан ба ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ муттаҳам шуда, муҳокимаи онҳо оғоз гардид.
Мардуми узбак ба хотири пуштибонӣ аз ин соҳибкорон, ки садҳо нафарро бо ҷойи кор таъмин намуда, чандин тани дигарро аз зери чанги гуруснагӣ раҳонида буданд, дар рӯ ба рӯи бинои ҳукумати маҳаллии Андиҷон гирдиҳамоӣ намуданд. Дар аввал шумораи тазоҳургарон 500-600 нафарро ташкил медод.

Рӯзи 13-уми май ин тазоҳурот бо иштироки ҳазорҳо нафар баргузор гардида, мардуми гирдиҳамомада дар майдон мунтазири Ислом Каримов, раисиҷумҳури интихобкардаи худ, ки ба ӯ бовар доштанд, буданд. Вале дар он рӯз ба ҷойи ташрифи раисиҷумҳур тазоҳуроти мусоламатомез ба хоку хун аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пулиси ин кишвар кашида шуд.


Ёде аз қурбониёни Андиҷон (АКС)

Ёде аз қурбониёни Андиҷон (АКС)

Ёде аз қурбониёни Андиҷон (АКС)

Ёде аз қурбониёни Андиҷон (АКС)

Ёде аз қурбониёни Андиҷон (АКС)

Ёде аз қурбониёни Андиҷон (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!