Бахшҳо

Парвиз ва Ситора шоубизнеси Русияро тасхир мекунанд (ВИДЕО)

Навори як таронаи тоҷикӣ дар иҷрои Парвиз ва Ситора Назаровҳо, ки тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия намоиш дода шудааст, баҳсҳои гармеро дар интернет ба миён овард. Ин тарона «Оре-оре» ном дошта, Парвиз ва Ситора онро дар ҳузури садҳо тамошобин месароянд.

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз ин навор истиқболи гарм шудааст. Бештари шарҳнависон ба овозхонҳо таҳсин гуфтаанд. Куруш Суҳроб менависад, ки «мусиқии муоссир бо омезиши рубоб хеле олӣ садо медиҳад». Ҳамин корбари интернет ҷои дигар меафзояд, «сулолаи Назаровҳо ифтихори миллати мост. Афсус, ки ба мисли онҳо хеле кам дорем». Нафари дигар гуфта, ки бояд ба онҳо дар Тоҷикистон имкони ҳунарнамоӣ фароҳам биёваранд, то ба дигарон намуна бошанд ва онҳоро аз пайи худ бубаранд.



Парвиз ва Ситора аз пайвандони Далер Назаров, аз номоварони мусиқии эстрадаи тоҷиканд. Парвизу Ситора бародару хоҳаранд ва дар Қазоқистон ба сар мебаранд. Онҳо дар шоу бизнеси он кишвар мақоми хос доранд ва бо таронаҳои худ дили ҳазорҳо нафарро тасхир кардаанд. Ҳар тарона ва ҳар клипи онҳоро тамошобини қазоқ гарм истиқбол мекунад.

Парвиз ва Ситора аслан дар алоҳидагӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, аммо чанд таронаи муштараки онҳо нуфузашонро афзуд. «Райҳон» (таронаи Андӣ), «Америка-Европа» аз сурудҳои муштараки Парвиз ва Ситораанд, ки аз истиқболи гарми мухлисон бархӯрдор шуданд. Ин ду суруд бо русӣ иҷро шудаанд, аммо «Оре-оре»-ро бо тоҷикӣ хондаанд.
Ин аввалин ҳунарнамоии парвиз тариқи шабакаи авввали телевизиони Русия нест. Дар соли 2012 низ ӯ таронаҳои «Лети» ва «Чарх бизан»-ро дар маҳфили телевизионие иҷро кард.

Парвиз ва Ситора аввалҳои солҳои 90-ум баъди ширкат дар ҷашнвораи «Садои Осиё» ё «Азия Дауысы» муаррифӣ шуданд. «Еду на юг», «Белые облака», «Крестная мать», «Синора», «Лети» ва «Чарх бизан» аз сурудҳои маъруфи Парвиз Назаров маҳсуб мешавад.
Ситораро бошад, таронаи «Поговори со мной» маъруф кард.

Ҷадидтарин корҳои Парвиз Назаров тарона ва клипи «Светлые дни» мебошад, ки моҳи сипаришуда омода кардааст. Қарор аст, моҳи ҷорӣ албоми нави Парвиз бо номи «Буду с тобой» нашр шавад.


Мӯҳр
Шахрванд
Офарин...браво Парвиз!!аккалан як хабари хуш....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)