Бахшҳо
14 май 2013 18:53Тоҷикистон / Сиёсат

Нигаронии сафорат аз афзоиши ахбори дурӯғи ВАО-и Русия оиди тоҷикон

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав имрӯз, 14-уми май бо пахши як иттилоия хабари расонаҳои русиро дар мавриди фавти тоҷикон дар сониҳаи нақлиётӣ дар вилояти Пенза рад кард.

Тавре Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, субҳи имрӯз, 14-уми май, дар садамаи нақлиётӣ дар вилояти Пенза на сокинони Тоҷикистон балки сокинони Чувашистон қурбон шудаанд.

Муҳаммад Эгамзод гуфт, давоми як шабонарӯзи охир ин дуюмин хабари дурӯғест, ки аз як манбаъ дар бораи тоҷикон пахш мегардад. Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки рӯзҳои охир ахбори номуътамад дар бораи тоҷикону Тоҷикистон дар ВАО-и Русия махсусан зиёд шудаанд.

Эгамзод таъкид намуд, ки ин масъаларо дар мулоқоташ бо намояндагони ВАО-и Русия, ки фардо, 15-уми май дар назар аст, баррасӣ хоҳад кард.
Мӯҳр
Ман намедонам дигарашро . рузи 13 май соъати 19 ё 20 бегохи мо ба мағозаи хуроквори рафтеста будем дар назди метро барикадни . моро як гурухи амон дошт ва аз мо хучат пурсид ман хучат доштам бо ичозадномаи кориям доштем. хучатро кушода дид гуфт шумо дар адилени будет ягонбор ман гуфтам не . баъд як амони дигараш омад ба наздамон хучатхоро аз дасти дигариш гирифта моро гуфт рафтем мо гуфтем ба кучо меравем гуфт дар кабинед аз назар мегузаронам хучатхоро.мо рафтем як афтобус истодаги гуфт даройед мо даромадем дарунаш пури одам . гуфтам аз назар гузаронди хучатхоро дихед меравем ба ман дод зада гуфт ба қафо гузар ки хизмат кардагия дастша боло кунад рости гап хама сар хам мондан. бо овози баланд гуфт барани уроди хай дашномхои зиёд кард . моро ба адилени бурдан дар он чо гуфт ту қати ма бокс мекуни мегуяд амон. ман гуфтам ман боксёр не. як қатор шавед ба пеш . бо як майёри полисаш мегуяд дасто пушти сар . хулас издиваца кардан. баъд як зан омад 8 нафари мухочироро чидо кард ман хам дар байни онхо будам як худар точик будам амрахон дар якум ошиёна мондан моро ба ошиёнаи 4 баровардан. гуфтам моро барои чи дар инчо доштает гуфт холи мефахми хулас соът 4 шаб шуд амрахома озод кардан пулхам аз онхо ситондани будиян натавонистаст. манро соъати 6 бурдан бо як озорбойчон ба як хучра дар у хучра як следиветел як палковник зан буд бо адвакат шиштаги бо як писари чавон . у чавон руйяш синияк шудаги буд. аз ман ному насаб пурсида дар коғаз навишт гуфтам моро барои чи овардед механданду тамом чавоби хуб надодан баъди якчан соъат фахмидам мо мисли шохид гуйё дар он чо . хулас қисаи дароз аст баХудо бе қадри милатамро дидам ва бо хучатхам мо зери фишор қарор дорем. манро соъати 9 озод кардан . дар сомонаи фесбук гуфтам рақамои сафората ки медона баъд як кас навишт ба у рақамо занг задам кор накард соъати 1 шаб буд. Худо

Мо кай аз ин тахкирхо халос мешудабошем?

Мо кай аз ин тахкирхо халос мешудабошем?

Назар он чи,ки ту накл карди,холо ба хайр аст.Дар шахри Сызрани вилояти Самара хизматчиёни шуъбаи ФМС и хамин шахру нохия порсол 8-то мухочири кориро,бо бахонаи он,ки шумо дар чойхои кайдатон хоб намекунед гуфта,оварда рузи дароз то соатхои 10-шаб нависо-навис карданд.Бачахо накл мекарданд,ки духтарони полиси ФМС як хел гапхо мезананд,ки аз изову шармро намедони чи кор куни.Хамаашон патент ва кайди хакики доштанд.Гунохи онхо ин буд,ки дар дигар манзил зиндаги доранд.Ман ба гуфтахои онхо он кадар эътибор надодам.Пас аз чанде боз як гурухи точикбачахоро оварданд.Ман дар рохрави кабинетхо равуо доштам.Тарчумони кардам.Ин духтарону занхои полиси ФМС дар хакикат як хел гапхову саволхое доданд,ки шармандагист.Масалан,шухиомез мепурсиданд,ки чанд зани доред.Оё кувваи шахвонии шумо дар як шабонаруз бо тамом кобил аст?.Бо чанд зан дар як шабонаруз мехобед?.Кадоми моро шумо ба бистар хобонидани хастед,кадоми моро интихоб мекунед.Ба худо мухочирони точик,ки чавонон буданд,шармсору аракшор гаштанд.Баъд онхоро хам чарима навишта чавоб доданд.Баъзе полисхои дигараш, бо ситеза,бачахоро ба гуштингириву бокс даъват месозанд.Агар мабодо бо онхо даст расони ё усулхои варзиширо ба кор бари,мисли як гурух сагон ба кас дар меафтанд.Маъюбу мачрух карда.боз худатро гунахгор мекунанд.сабру токат кардан лозим.Хар чанд,ки сабру токат,бехтарин сифати инсон аст,лекин муттаассифона,умри одам он кадар кутох шудааст,ки сабру токат хам фаромуш мешавад.

ди мари
бародари мухочир ин суханхоро ту ба ки мегуи мардуми точик дар точикистон кадр надорад чи чое , ки да шахри руссия

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)