Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:56

Боздошти 5 ҷавон бо иттиҳоми латукӯби сокинони Душанбе дар Хоруғ

15 май 2013, 08:51

Ду нафаре, ки қаблан бо иттиҳоми латту кӯби ду сохтмончӣ аз шаҳри Душанбе дар Хоруғ боздошт гардида буданд, озод шудаанд ва акнун мақомот 5 нафари дигарро дастгир намудаанд.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Манучеҳр Холиқназаров, раиси “Асосиатсияи ҳуқуқшиносҳои Помир” хабар дод. Ба гуфтаи Холиқназаров аз миёни боздоштшудагон ду нафарашон бевосита дар латту кӯби сохтмончиён ва се нафари дигар барои хабар надодан аз содиршавии ҷиноят муттаҳам мешаванд.

Ӯ илова намуд, ки ҳуқуқшиносони созмонаш ба объективияти ташхиси қаблии қазия шубҳа доранд ва иддаои ташхиси дубораро доранд. Ба гуфтаи Холиқназаров ҳамаи боздоштшудагон болиғ буда, қазия таҳти пайгирии ҳуқуқшиносони созмонаш қарор дорад.

Қаблан “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ бо пахши як изҳорот латту кӯби сокинони Душанбе, Рустам Тошмуродов ва Алишер Чақаловро аз ҷониби гуруҳи ҷавонон дар Хоруғ, ки охири моҳи апрел сурат гирифта буд, маҳкум карда, таъкид кард, “бори аввал нест, ки сохтмончиёне, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат барои ободкориву созандагӣ ба ВМКБ сафарбар мешаванд,аз ҷониби гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонони маҳаллӣ мавриди таҳдид ва ё таҳқиру латукӯб қарор мегиранд.”

Як гурӯҳ аз ҷавонони фаъоли Бадахшон ба нигаронии Созандагони Ватан посух гуфта таъкид кардаанд, ки латту кӯби сохтмончиён -- Тошмуродов ва Чақалов дар Хоруғ онҳоро низ ба ташвиш овардааст, вале шеваи нигаронии ҷавонони ҲХДТ онҳоро бетараф гузошта наметавонад. Зеро ба гуфтаи онҳо, Созандагони Ватан ин вазъро чунин тавсиф карда, ки миёни сокинони дигар манотиқи кишвар нисбат ба зодагони Хоруғ бадбинию душманиро ба вуҷуд меорад.

“Мо намефаҳмем, ба чӣ хотир ҷиноҳи ҷавонони бузургтарин ҳизби кишвар мардумро ба гумроҳӣ мебаранд ва дар асоси он чунин изҳорот мекунанд”,-таъкид шудааст дар номаи ҷавобии ҷавонони фаъоли Бадахшон.

Аммо Адҳам Мирсаидов, раҳбари “Созандагони Ватан” ин иттиҳомотро комилан буҳтон гуфта, барои далел, ки ин созмон аз намояндагони танҳо як минтақа ҳимоят намекунад, овардааст: «Аввалин шуда ташкилоти мо нисбат ба қатли Парвиз Бобобеков (Давлатбеков, -Озодагон) дар шаби соли нави 2012 изҳорот мунташир карда буд. Илова бар ин марги Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари бахши ҲНИТ дар Бадахшонро новобаста аз мавқеъгирии сиёсӣ мо ҳамчун як фарди ҷавони кишвар маҳкум карда будем. Аз ҳамин хотир ман аз тамоми ҷавонони Бадахшон даъват ба амал меорам, ки нагузоранд, то ҳар гуна гурўҳҳои манфиатҷў аз нерўи ҷавонон бо ҳадафҳои ғаразнок суйиистифода кунанд».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин чи гапаст,ки мо дар кишвари худамон озод намегардем магар хаминаст ватандори наход,ки мо сари рохи ду се бешарафро гирифта натавонем...!?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!