Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

Ҳалокати се нафар дар як шабонарӯз аснои оббозӣ

12 июл 2011, 06:05

Дар яке аз наҳрҳои ноҳияи Синои пойтахт оббозии наврасон ба фоҷиа анҷом ёфт.


Тибқи иттилои Нигора Солиева, як масъули дафтари матбуотии кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ рӯзи гузашта, аснои шиноварӣ дар канал ду ноболиғ ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд.   
Бино ба қавли манбаъ, ба ҳамин монанд дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, сокини рустои Ёглу, Нурулло Мелиеви 44-сола  барои оббозӣ ба рӯдхонаи Кофарниҳон рафта, дар дарё ғарқ шудааст. Ҷасади ӯ субҳи рӯзи дигар аз соҳили муқобил дарёфт шуд. Гуфтанист, аз аввали фасли гармо то имрӯз 65 ҳодисаи ғарқшавии сокинони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳамин сабаб кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ, нисбати фарзандону пайвандони худ эҳтиёткор бошанд, ва онҳоро дар кӯлу дарёҳо беназорат нагузоранд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!