Бахшҳо

“Ҳама чиз аз сигор ва пиво шуруъ мешавад”

Оҷонсии мубориза бо мухаддирот дар Тоҷикистон дар сомонааш, матлаберо нашр кардааст, ки дар он тарзи дурусти суҳбат бо кӯдакон оид ба мухаддирот баён шудааст.

Коршиносон ба волидайн тавсия медиҳанд, ки ба тифлон набояд аз “даҳшати” маводи мухаддир ҳарф зад ва боз агар худи онҳо чандон салоҳияти ин корро надошта бошанд, ин гуна сӯҳбатҳо метавонанд бештар аз ҳар чизи дигар зараровар анҷом шаванд.

Ба ҷои ин онҳо тавсия медиҳанд, ки барои тифлони синни томактабӣ афсонаҳо эҷод кунанд, то ба шарофати ин онҳо тавонанд хубро аз бад фарқ намоянд. Ба тифлони синну соли томакбатӣ метавон дар бораи сигор, тамоку ва нӯшокиҳои спиртӣ сӯҳбат кард, танҳо баъди ин дар мавриди зарари маводи мухаддир гуфтугӯ кард. Дар ин бора зумрае аз пажуҳишгарони рус дар пурсишҳои РИА Новости посух додаанд.

Бесалоҳиятии волидайн

Агар падару модарон ба фарзандашон дар бораи маводи мухаддир бе омодагии зарурӣ сӯҳбат кунанд, пас кӯдак аз ин гуфтугӯ танҳо як бардошт мекунад: мухаддирот вуҷуд дорад ва он хеле аҷиб аст”,- мегӯяд директори Пажуҳишгоҳи физиологияи синнусолии Академияи фанҳои Русия Маряна Безруких. Барои ин гуна сӯҳбат басо муҳим аст, ки миёни волидайн ва бачаҳо муносибати боварибахш шакл гирад. “Агар муносибати боварибахш вуҷуд надошта бошад, агар волидайн бо тифлон сӯҳбат намекунанд, пас дар бораи зарарҳои ин гуна маводҳо ҳарф задан маъно надорад”,- мегӯяд физиолог.

Сарвари озмоишгоҳи психологияи синну соли бачагӣ ва наврасии равоншиносии иҷтимоӣ ва судии ба номи Сербский Елена Дозорсова мегӯяд мутаассифона, бисёр вақт худи волидон дар масъалаҳои маводи мухаддир салоҳият надоранд ва намедонанд ба тифлон чӣ гӯянд. Ҳангоми омодагӣ ба сӯҳбат дар бораи маводи мухаддир волидайн бояд донанд: кадом навъи мухаддирот вуҷуд дорад, механизми таъсири он ба бадани инсон чӣ гуна аст, маводи мухаддир ба мағзи сар чӣ таъсир расонида метавонад ва оқибати истеъмоли он чист, чаро вобастагии психологӣ ва физиологӣ ба вуҷуд меояд.
Маряна Безруких хотиррасон мекунад, ки пажуҳишгоҳи таҳти назари ӯ барои волидайн бо номи “Ҳамаи рангҳо, ба ҷуз ранги сиёҳ” дастури махсуси илмӣ-оммавиеро таҳия кардааст, ки барои тарбияи бачаҳои аз синфи 1 то 11 пешбинӣ мешавад. Ин коршинос бар ин назар аст, ки дарсҳои зиддинашъамандиро дар мактабҳо метавон на дар шакли лексияҳои хушку холӣ, балки бо ташкили бозиҳои гуногун, баҳсҳо миёни худи бачаҳо роҳандозӣ кард, зеро тифлон моиланд, ки ба ҳарфи ҳамсоли худ бештар бовар кунанд, на ба сухани шахси калонсол.

Афсонагӯӣ бояд кард, на ки тарсонанд

Ба андешаи Дозорсова метавон барои тифлони синну соли томактабӣ дар шакли афсонаҳо на дар бораи худи маводи мухаддир, балки оид ба он ки чӣ гуна бояд хубро аз бад фарқ кард, нақл намуд.

"Дар мо методикаи асосии нақл дар бораи маводи мухаддир ин тарсонидан ва қисса дар мавриди оқибатҳои истеъмоли он аст, ки бояд баъди 20-30 сол воқеъ гардад. Яъне, зиндагонии бебанду бор ва ниҳоят марги бармаҳал ва ғайра. Барои тифли хурсол ин гуна қиссаҳо аслан маъно надоранд ва дарк ҳам наметавонад кунад. Ин шакли дилгиркунандаи нақл дар бораи мухаддирот аст”,- мегӯяд Маряна Безруких.

Ба тифлони хурдсол набояд гуфт, ки баъди 40 сол шуши истеъмолкунандаи тамоку аз дуд сиёҳ мешавад ва ба касалӣ мепечад. Зеро дар ин синну сол барои тифлон арзишҳои саломатӣ вуҷуд надоранд.

Бояд сӯҳбатро аз он оғоз кард, ки чашидани ин ё он чиз хатар дорад, зеро баъзан вобастагӣ аз чашидани на танҳо сигор ва ё пиво сар мешавад, балки аз истеъмоли ҳаббҳо ва ҳатто ширешҳо низ оғоз мегардад. “Маъмулан мо дар бораи Муки хурдакак дӯст медорем нақл кунем. Ва ин барои синну соли тифл комилан мувофиқ аст. Мук чашид ва гӯшҳояш сабзиданд, калону дароз шуданд”, - гуфт директори пажуҳишгоҳ.

Агар кӯдак дар хонаводаи некуаҳвол ба воя мерасад ва дар бораи мавҷудияти маводи мухаддир чизеро пай намебарад, таваҷҷӯҳи ӯро набояд ба ин гуна гуфтугӯҳо ҷалб намуд. Албатта, то замоне, ки худи ӯ дар ин бора суол намекунад. “Аммо сигоркашӣ ва нӯшокиҳои мастиовар дар ҳама ҷо вуҷуд доранд, пас метавон дар бораи тамоку ва нӯшокиҳои масткунанда барояш ҳикоят кард”,-мегӯяд Дозорсова.

Синну соли хатарноктарин барои истеъмоли маводи мухаддир синну соли наврасист, зеро ин синну соли “чашиданҳост”,-изҳор медорад пажуҳишгар. Маряна Безруких бошад, мегӯяд, ки вобастагӣ ба мухаддирот бештар вақт дар наврасоне зуд рушд мекунад, ки дарки маънавиашон паст аст, онҳо аз ҷониби атрофиён ғамхорӣ ҳисс намекунанд, маънӣ ва ҳадафи зинадгиро дарк наменамоянд.

Ҳама чиз аз сигор ва пиво шурӯъ мешавад

Ба гуфтаи Дозорсова хеле хуб мешавад агар тифл дар бораи маводи мухаддир на аз интернет ва на аз ҳамсолаш, балки аз падару модари худаш фаҳмад, то ин ки муносибати манфӣ дар ӯ шакл гирад. “Таҳқиқот нишон медиҳад, ки барои ҳама истеъмоли мухаддирот аз истеъмоли сигор ва пиво оғоз мегардад. Ва басо зарур аст, ки дар қадами аввал волидайн тифлонро аз таъсири инҳо огоҳ созанд”,-мегӯяд ӯ.
Аз ин рӯ басо муҳим аст донист, ки худи падарону модарон дар бораи сигор ва пиво чӣ гуна муносибат мекунанд. “Табиист, волидайне, ки худ аз субҳ то шом сигор мекашанд, мушкил аст ба фарзандашон фаҳмонанд, ки ин корро набояд кард”.

Безруких мегӯяд ҳар гуна вобастагӣ аз нӯшокиҳои спиртӣ, тамоку, маводи мухаддир яксон бад аст. Чун қоида як вобастагӣ буда наметавонад. Зеро аввалин маротиба тифлон дар синни 9-11 ин ё он моддаро мечашанд ва баъдан ҳама чизро истеъмол мекунанд, мегӯяд ӯ.

Ин коршинос ҳамчунин назар дорад, ки волидайн бояд ҳангоми сӯҳбат бо фарзандон аз ба забон овардани исмҳои жаргонии маводи мухаддир, ки аз тариқи интернет паҳн карда мешаванд, худдорӣ кунанд. Ҳамчунин набояд нақл кард, ки маводи мухаддирро дар куҷо чӣ гуна тайёр мекунанд ва одамон онҳоро чӣ гуна дастрас менамоянд. Волидайн бояд фарзандонашонро ба он омӯзанд, ки “не” гуфта тавонад, яъне аз такрори ин ё амал тавонад худдорӣ кунад, тавонад пешниҳодҳои шубҳаоварро рад намояд.

Таснифи Б.Шафеъ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)