Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:54

Академияи ҲНИТ: Танҳо манъи издивоҷи хешовандон наслро солим намесозад

15 май 2013, 17:18

Академияи улуми исломии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, барои як эҳтимолияти тиббӣ, ки аз никоҳҳои хешутаборӣ насли носолим ба дунё меояд, набояд дар кишвар қонун барои манъи ин издивоҷҳо қабул шавад.

Абдулло Мукаммилов,
корманди Академияи ҲНИТ, имрӯз 15-уми май, зимни як баҳси никоҳҳои хешутаборӣ дар дафтари марказии ҳизб дар Душанбе гуфт, “агар воқеан издивоҷ бо хешовандон зараре медошт, ҳатман Худованд онро дар китоби худ, Қуръон мамнуъ мехонд ё паёмбари Худо (с) бо Зайнаб, духтари аммааш издивоҷ намекард.”

Ба назари Мукаммилов, беҳтар аст, мақомот ба ҷойи қабули чунин як қонун таваҷҷуҳи худро бештар ба амалӣ шудани моддаҳои Кодекси оилаи ҶТ равона созанд: “Хуб мешуд, мақомот, болои моддаи 15-уми Кодекси оила, ки ба никоҳшавандагон тавсия медиҳад, қабл аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаранд, таъкид кунанд. Зеро зарари издивоҷ бо хешовандон ба насл нисбат ба дигар бемориҳо, аз қабили истеъмоли маводи мухаддир, нӯшокиҳои спиртӣ ё ҳолати равонии худи модарон, хеле кам ба назар мерасад.”

Бобоҷони Қаюмзод, раиси ҷавонони ҲНИТ пешниҳоди манъи никоҳи хешутаборӣ аз роҳи қонуниро шитобзада хонда, онро ягона роҳи ба дунё овардани насли солим намебинад: “Агар ҳадафи аслии мо ба миён овардани насли солими ҷавонон мебошад, пас чаро мо бештар ба вазъу ҳолат ва шароити занҳои бордор аҳамият намедиҳем. Зеро бештари бонувони мо зери фишору стресс қарор доранд, ки ин ба тифли онҳо бисёр зараровар хоҳад буд.”

Қаюмзод афзуд, ки то ҷое худи ӯ низ бо никоҳи хешутаборӣ мухолиф аст, вале наметавонад онро маҳкум карда, дигаронро низ аз он манъ намояд, зеро ин таҳмили ақидаву хостаҳои худ болои дигарон маҳсуб мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ, низ гуфт, барои тасвиби ин қонун набояд шитоб кард. Зеро ба назари ӯ, пеш аз ба тасвиб расонидани кадом як қонуне аввал онро бояд, аз экспертизаи мардумӣ гузаронд, то дар оянда мардумро бо мушкил мувоҷеҳ насозад: “Дар сурати ба тасвиб расидани ин қонун, дар амал тадбиқ шудани он ба мисли қонун дар бораи масъулияти падару модар ва қонун дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ амри маҳол мебошад. Чунки онҳо аз экспертизаи мардумӣ намегузаранд, яъне мардум онҳоро ҳаллу фасл намекунад, бардошти онҳо аз ин қонун ба мисли қавонини пеш қабул гардида, хоҳад буд. Монанд, ин ки як чизро як касс тасмим мегирад, мегузаронад, ба имзо мерасонад, баъд ҳангоме мардум бо мушкил рӯ ба рӯ мешаванд, мегӯянд ин чигуна қонун аст.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • нуриддин

  • 16 май 2013 01:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
издивочи хешу табори ин насли солимро ягон зарарнадорад. 1зинокори, бе никох бо ягон зани номахрам, 2 араку пиваю сигору наша каши 3 лукмаи харом хаки ягон ятимро хурдан аз лукмаи харом фарзанди носолим ба дунё меояд 4 ман кардани диско кулубхо. Ана ин хаст пешгирии кудаки носолим Алхамдулиллох духтари соли 2006 бо духтари холам издивоч кардаам панч фарзанди солиму солех ба дунё омадиян ки се писарбачам хамаш имшоллох пахлавонан издивочи хешу табориро кадоме ман мекунад ин хамон одаме хаст ки шамшер гирфта мукобили худо чанг элон кардааст. пеши фасодиро гиред на ин ки мани издивочи хешу табориро Амиршоева. Дар точикистон камтар занхои точикро хитоихо авгоно туркою дигару дигар зино менан ки бо ягбора озодшон мекунен.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!