Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:37

Изҳороти муштараки созмонҳои Осиёи Миёна алайҳи Радиои Озодӣ

16 май 2013, 08:38

Як гуруҳ созмонҳои ҷамъиятии Осиё Миёна бо пахши изҳороти муштарак ба Кевин Клоуз, иҷрокунандаи вазифаи президенти радиои “Озодӣ” ё Radio Free Europe/Radio Liberty аз фаъолияти ин радио дар кишварҳои минтақа интиқод намудаанд.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 15-уми май, бо имзои як қатор президентҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ паҳн гардидааст, баробари зикри камбудиҳои бахшҳои дигар аз бахши тоҷикии Радои Озодӣ низ интиқод шудааст, ки ҳуқуқи кормандонашро нақз мекунад.

Аз ҷумла қазияи Абдуқаюми Қаюмзод зикр шудааст, ки гуфта мешавад баъди 12 соли фаъолияташ дар ин радио роҳбарияти бахши тоҷикии он ба таври яктарафа шартномаро ба ӯ қатъ кардааст. Дар мавриди акредитатсия нашудани Қаюмзод, ки яке аз далелҳои аслии қатъи кораш дар радиои “Озодӣ” арзёбӣ мешавад, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, таъмини акредитатсия уҳдадории корфармо аст. Инчунин ба қазияи Гулнора Равшан таъкид шудааст, ки барои сабти ном нашудан дар мақомот соли 2012-ум маҷбур шудааст аз “Озодӣ” равад ва бо фарзандони ноболиғаш Тоҷикистонро тарк кунад.

Дар мавриди бахшҳои туркманию қазоқӣ дар изҳорот оварда шудааст, ки вақтҳои охир асосан хабарҳои расмиро бознашр мекунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ин радио, ки таблиғгари асосии демократия унвон мешавад, бо риоя накардани меъёрҳои байналмилалӣ ва нақзи ҳуқуқҳо вазъи озодии баёнро дар минтақаи Осиёи Миёна коста мекунад.

Созмонҳо аз Кевин Клоуз даъват кардаанд, ки барои омӯзиши озодии баён, меъёрҳои касбият ва риояи ҳуқуқҳо дар бахшҳои тоҷикӣ, қазоқӣ, туркманӣ ва узбакӣ комиссияи мустақилро ташкил кунад.

Дар зери ин изҳорот, Надежда Атаева, президенти “Ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна” аз Фаронса, Вячеслав Мамедов, сардори созмони “Иттиҳодии демократӣ-шаҳрвандии Туркманистон”, Людмила Козловская, президенти фонди “Муколамаи Озод” аз Полша, Ориф Юнис, роҳбари бахши низоъшиносӣ ва муҳоҷирати Институти сулҳ ва демократи, Нуриддин Қаршибоев, сардори Ассосиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон, Лайло Юнусова, мудири Институти сулҳ ва демократияи Озарбойҷон ва дигарон имзо гузоштаанд.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки ахиран Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвоии Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори шинохтаи тоҷикро алайҳи Радиои Озодӣ қабул намуда, расман истеҳсолоти судиро оғоз намудааст.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Абдуқаюми Қаюмзод, 15-уми май, дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, “айни ҳол ба мо расман маълум шуд, ки додгоҳ истеҳсолотро оғоз намудааст ва рӯзҳои наздик баррасии моҳияти парванда таъин карда мешавад.” Гуфта мешавад, нахустин мулоқоти Қаюмзод бо намояндагони "Озодӣ" дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 20-уми май баргузор мешавад.

Воҳидова таъкид намуд, ки аз додгоҳ рӯёндани маоши Қаюмзодро тайи моҳҳое, ки ба кор нарафтааст ва барқарор намудани ӯ ба ҷои кораш талаб хоҳанд кард.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Абдулқаюми Қаюмзод, мегӯяд, қатъи яктарафаи шартнома аз ҷониби Радиои Озодӣ мухолифи Кодекси меҳнати Тоҷикистон аст ва талош хоҳанд кард, ки дар додгоҳ аз ҳаққи Қаюмзод ҳимоя кунанд. Ин дар ҳолест, ки Хуршед Андамов, раҳбари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе, қазияи қатъи қарордоди ҳамкорӣ бо Қаюмзодро шарҳ додаву гуфт, “ҳам роҳбарияти "Озодӣ" дар Душанбе ва ҳам дар Прага аз қатъи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзод хеле мутаассиф аст. Сабаби аслии қатъи қарордод акредитатсия нашудани Қаюмзод дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст. Бо вуҷуди баҳсу баррасиҳои роҳбарияти Радиои Озодӣ ба Вазорати умури хориҷӣ ин ниҳод ба Қаюмзод акредитатсия надод ва дигар мо маҷбур шудем, қарордодро қатъ кунем, чун тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон хабарнигор бе сабти Вазорати умури хориҷӣ ҳақ надорад, дар “Озодӣ” кор кунад.”

Андамов таъкид кард, қатъи қарордод бо Қаюмзод дар доираи қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифтааст: “Дар Кодекси меҳнат ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки қатъи қарордоди меҳнатӣ бидуни хоҳиши тарафҳо сурат мегирад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!