Бахшҳо
16 май 2013 10:29Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Муаллим «облава» шуд (ВИДЕО)

Дилошӯб Орифзода

Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, ин кишвари навқадам ба чандин мушкилот рӯ ба рӯ шуд. Яке аз онҳо облава ва ё кам будани аскарони хоҳишманд мебошад. Дар ин маврид солҳост, ки гуфтаанду мегӯянд. Аммо мушкилот сол то сол афзоиш дорад. Масалан таи се-чаҳор соли гузашта, ноҳияи Зафаробод дар даҳаи дуввуми даъват нақшаро буд мекард, вале соли ҷорӣ бошад аз сабаби дар ин муҳлат нақшаро адо накардан, муаллимони макотиби миёнаро низ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб кардааст.

«Постава»-и мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод

Санаи 29-уми апрел ба Бунёд Носиров муаллими ҷавон, ки аз фанни «Таърих ва ҳуқуқ» дар мактаби рақами №11 деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод дарс мегӯяд, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Усмонова занг зада ба наздаш даъват мекунад. Ӯ бехабар аз он, ки дар утоқи муаллимаи «азиз» чӣ ӯро интизор аст, саросемавор наздаш мешитобад. Давоми ҳодисаро ба «Озодагон» Носиров нақл кард.

-Ба назди муаллима Усмонова даромадам. Ҳолу аҳволпурсӣ кард ва пас аз як ё ду дақиқа корманди милиса ба утоқаш ворид шуд ва аз ман хоҳиш кард, ки ба камиссарияти ҳарбӣ ҳамроҳаш равам. Ман аз сабабе, ки дар мактаби рақами №11-и ноҳия кор мекардам, бе ягон зиддият ҳамроҳаш рафтам. Ба гумонам соат нӯҳу ними пагоҳирӯзӣ буд. То соати сеи пас аз зуҳр маро дар комиссарият нигоҳ доштанд. Ва баъд ба шаҳри Хуҷанд оварданд. Ростӣ мудири шӯъба маро «подстава» кард- мегӯяд Бунёд Носиров.

Мудири шӯъбаи маориф тасдиқ кард, ки ба омӯзгор Бунёд Носиров занг задааст. Барои он ки директори мактаб ба ӯ чандин маротиба арз кардааст, ки муаллими ҷавон ба дарсҳо ҳозир намешавад. Ба суоле, ки кормандони пулис Носировро аз утоқи корияш бурдаанд розӣ буда наметавонад ва ин гуфтаи омӯзгорро рад кард. «Вай назди ман омада буд, инро инкор намекунам. Директори мактаб ба ман гуфт, ки ҳамин рӯз ҳам дар дарс нест. Баъд ман ба рақами вай занг зада гуфтам, ки барои чӣ баччам ту дарсба намеравӣ? Як чанд маротиба аз болои ту шикоят шуда истодааст. Вай гуфт, ки ман назди шумо меравам, омад, боз баромада рафт. Ман гуфтам, ки дубора ба наздам биё ман бо ту сӯҳбат мекунам. Дигар ман вайро надидам»- гуфт Маҳбуба Усмонова.

- Як нафар омада Бунёдро даъват кард, ӯ дар пеши ман нишаста буд. Вақте ки ӯро «ков-ков» кардаанд, намедонам вай назди ман барои чӣ омад, ҳатто ба ман гапам назадааст. Касе даъват кард барома рафт, барои ҳамин ман инкор мекунам, ки ӯро аз кабинети ман касе дастгир карда бошад мегӯяд, хонум Маҳбуба Усмонова.

Қонун дар Тоҷикистон эътибор дорад?

Мутобиқи моддаи 21, қисми ду, банди д)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» омӯзгор метавонад дар вақти фаъолияти корияш дар деҳот ба хизмат сафарбар нагардад. Агар дар ин муддат ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб карда шавад, мувофиқи қонуни мазкур ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” онҳое, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ доранд ва доимӣ дар вазифаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимоти умумӣ кор мекунанд, дар давраи иҷрои кор ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро доранд, мегӯянд ҳуқуқдонҳо.
«То ба президент шикоят мекунам»

Имрӯз ин суханро бисёр мешунавем. Вақте ки ягон мушкили мардум роҳи ҳаллашро пайдо накунад, онҳо ҳатман ба президенти кишвар макутуби шикояти ирсол менамоянд. Ва баъзан вақт пас аз аризаашон проблемаашон бартараф мегардад. Ин хуб аст, аммо аксари коршиносон мегӯянд, ки чунин сурат гирифтани ҳодиса аз он далолат медиҳад, ки шохаҳои поёнии ҳукумат наонқадар хуб фаъолият мекунанд. Ва то он замоне, ки аз дастгоҳи президент мактуб наояд, масъалаи мардумро бартараф намесозанд. Ин як мавзӯи алоҳида аст, шояд дар дигар шумораҳо ин масъаларо пайгирӣ кунем, аммо ҳоло бошад ба мавзӯи асосӣ бармегардем.

Ширин Носиров, падари омӯзгор мегӯяд, ки ин масъаларо ҳамингуна намегузорад. Ӯ гуфт, ки фарзандашро ғайриқонунӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сафарбар намуданд:

“То ба президент шикоят мекунам! Ман фарзандамро панҷ сол бо пули ҳалол дар донишгоҳ хонондаам. Пас аз хатм ӯ ба шӯъбаи маорифи ноҳия рафт барои кор кардан. ӯро ба як деҳаи дигар, ки аз ҷои истиқоматамон қариб 40 км. дур аст фиристоданд. Ду сол мешавад, ки вай дар мактаб кор мекунад, гуфт Ширин Носиров. Ва дар идома зикр намуд, ки алъон як фарзандаш дар қушунҳои мусаллаҳи кишвар хизмат карда истодааст: «Як фарзандам, ҳоло дар Хоруғ хизмат мекунад. ӯ ҳам донишгоҳро хатм карда, баъд ба хизмати ватан бо хоҳиши худаш рафт. Ман имрӯз аз он гила дорам, ки фарзандамро ғайриқонунӣ ба сафи мусаллаҳ ҷалб намуданд. Фарзанди ман баракс, агар ба хизмат равад хуб аст, зеро рутбаи ҳарбӣ мегирад. Лекин бояд он нафароне, ки қонуншиканӣ кардаанд, дар назди қонун ҷавоб диҳанд.”


Санаи сеюми май Носиров Бунёд ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сафарбар гардид. Падари ӯ мегӯяд, ки аз раиси комисияи даъват дилаш мондааст: «Ман ба Ҷумъабой Сангинов ариза нависта будам. Баъд соати нуҳи шаб пас аз 24 нафар навбати ман омад ва бо он кас ҳамсӯҳбат шудем. Баъд аз шикоятамро шунидан, ба комиссари ҳарбии вилоят Қосимов гуфтанд, ки масъалаи ин нафарро дида бароед. Дар охири сӯҳбат гуфтанд, ки писари шумо ба ягтон ҷо намеравад. Лекин писарам рафт. Ҷумъабой Сангинов ба ваъдаашон вафо накарданд. Ман ба он кас боварии калон доштам»- афзуд падари омӯзгор Ширин Носиров.


Навори "облава" шудани ҷавонон дар Тоҷикистон

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)