Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:14

Вазир: ”Милиса бо мардум бояд наздиктар бошад” (АКС)

16 май 2013, 13:18

НИЛУФАРИ КАРИМ

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми май, зимни кушодашавии Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар шаҳри Душанбе, гуфт, дар кишвар соле бо шарикии мардум ҳудуди 600 ҷиноят ошкор мегарданд ва ҷинояти гумшавии Малика ва Сабина ҳам ошкорнашуда намемонад.

Раҳимов изҳор дошт, ки барои пайдо намудани хоҳарон Малика ва Сабина Араловҳо, ки моҳи марти соли равон дар пойтахт гум шудаанд, ҳамаи нерӯи сохторҳои қудратӣ равона шудааст: “Мо кор карда истодаем, аз он ҷумла бо сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҳамкорӣ дорем. Ҳамаи кӯшишро мекунем, то ин ҷиноятро кушоем.”

Вазири умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар доираи ислоҳоти милитсия ҳамкориро бо мардум тақвият медиҳад: “Бояд милиса ба мардум наздиктар бошад. Ман мушовири махсус оид ба робита бо ҷомеа дорам. Чунин мушовирҳо дар раёсатҳо ҳам ҳастанд ва ба наздикӣ дар шуъбаҳои корҳои дохилӣ ҳам таъин мешаванд, то ҳамкории мардум бо милиса тақвият ёбад.”

Дар ҳамин ҳол Раҳимов аз кушодашавии ду маркази “Ҳамкории милиса бо ҷомеа”, ки имрӯз бо дастгирии сафорати ИМА дар Душанбе боз шуданд, истиқбол намуд. Ӯ дар мисоли роҳандозии телефони боварии вазир фаҳмонд, ки ҳамкории зич ва бовариноку шаффоф бо мардум ҳамеша самара медиҳад: “Танҳо соли гузашта ба воситаи ин телефон 600 ҷиноятро кушодем. Дар як рӯз тариқи ин телефон то 10 муроҷиат ворид мешавад.”

“Марказҳои ҳамкории милиса бо ҷомеа” дар доираи лоиҳаи бахши кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири сафорати ИМА роҳандозӣ шудааст. То ҳол дар ҳудуди Тоҷикистон дар умум 21 чунин марказ кушода шудаанд.

Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com

Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!