Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:07

Қатъи ҳаракат дар қисмати ғарбии пул дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ

16 май 2013, 13:42

Субҳи рӯзи 16-уми май ҳаракати нақлиёт дар қисмати ғарбии пул дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт қатъ гардид.

Тавре Фаррух Ҷалилов, сармутахассиси шуъбаи сохтмон ва таъмири роҳҳои пойтахт иттилоъ медиҳад ин тадбир дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 9 апрели соли равон амалӣ шудааст: “Ҳадаф ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ мувофиқ намудани роҳи автомобилгарди кӯчаи Соҳилӣ мебошад. Роҳи зери пули хиёбони Саъдии Шерозӣ васеъ карда мешавад. Феълан корҳои навсозии иншооти мазкур дар ду марҳила амалӣ мешаванд. Марҳилаи аввали он дар қисмати ҷанубии пули мазкур то июли соли равон ҷараён мегирад. Марҳилаи дуюм дар қисмати шимолии пул аз моҳи июл шуруъ шуд, то моҳи октябр анҷом расонида хоҳад шуд.”

Ба гуфтаи Фаррух Ҷалилов корҳои таъмиру таҷдидро дар ин иншоот мутахассисону роҳсозони ҶДММ “Мостотряд” ба анҷом мерасонанд. Барои таъмири роҳи мазкур аз буҷаи шаҳри Душанбе 15,5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Гуфта мешавад, ки ронанадагони воситаҳои нақлиёт имкон доранд, то анҷоми корҳои сохтмонӣ дар қисмати ҷанубии пули хиёбони Саъдии Шерозӣ тавассути қисмати шимолии пули мазкур, яъне ба кӯчаҳои Қаҳҳоров, Неъмат Қарабоев, пули кӯчаи Абай ва ба хиёбони Исмоили Сомонӣ ҳаракат намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!