Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:42

«Евровидения–2013»: Даҳ иштирокчии дигари даври финалӣ интихоб мешавад

16 май 2013, 15:44

Имрӯз, 16-уми май 10 иштирокчии дигари даври финалии «Евровидения–2013» муайян мешавад.

Ду рӯз қабл (14-уми май) дар аввалин даври ниманиҳойӣ 10 иштирокчии даври финалӣ намяндаҳои Молдов, Литва, Ирландия, Эстония, Белорус, Дания, Белгия, Укроин ва Нидерландия маълум гардиданд.

Намояндаҳои кишварҳои муассиси озмун-Олмон, Испания, Бритониёи Кабир, Фаронса, ва Италия ва мизбон- Шветсия бидуни интихоби пешакӣ вориди даври ниҳойӣ мешаванд.

Дар даври дуюми ниманиҳойӣ муддаиён аз 17 кишвар- Латвия, Сан-Марино, Мақдуния, Озорбойҷон, Финляндия, Малта, Булқористон, Исландия, Юнон, Исроил, Арманистон, Маҷористон, Норвегия, Албания, Гурҷистон, Швейтсария ва Руминия ҳунарнамоӣ мекунанд.

Даври финалии «Евровидения–2013» 18-уми май дар шаҳри Малмё баргузор мешавад. Барандаи сабқат тариқи доварони ҳирфаӣ ва райъи тамошобинон интихоб мешавад.

Ин бори 58-ум аст, ки озмуни мусиқии «Евровидение» баргузор мешавад. Тибқи муқарарот Шветсия баъди пирӯзии намояндааш дар сабқати соли сипаришуда ҳаққи мизбониро дарёфт кард. «Евровидение-2012» дар шаҳри Бокуи Озорбойҷон баргузор шуда, мақоми аввал насиби суруди «Euphoria»-и Лорин гардид.

Дар гузашта Шветсия чор маротиба, солҳои 1975, 1985, 1992 ва 2000-ум «Евровидение»-ро мизбонӣ кардааст.

Намояндаҳои Португалия, Босния ва Гертсеговина, Словакия ва Туркия баъди эълони бозгашти Арманистон ба озмун аз ширкат дар «Евровидение-2013» даст кашиданд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!