Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 апрел 2017, 13:57

Низомиён барои Ҷоми вазири мудофиа мубориза мебаранд

16 май 2013, 18:01

Хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбеву Хатлон ва Суғду Бадахшон барои дарёфти Ҷоми Вазири мудофиа, Шерали Хайруллоев миёни ҳам мубриза мебаранд.

Тавре аз Вазорати мудофиа ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур аз рӯи намудҳои вазнбардорӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ, гуштини миллӣ, бокс, ҷаҳидан, давидан аз масофаи ҳазор то се ҳазор метр гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, ки мусобиқаи мазкур барои рушду нумӯъ додани риштаи варзиш дар миёни хизматчиёни ҳарбӣ заминаи устувор мегузорад. Ташкили мусобиқаҳои варзишӣ миёни сарбозони қисмҳои низомии тобеи Вазорати мудофиа, бори нахуст набуда, ҳамасола дар доираи нақшаю чорабиниҳои гуногун, мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, баргузор карда мешавад.
Даври ниҳоии мусобиқаи мазкур фардо, 17-уми май ҷамбаст мешавад ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!