Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:07

Футбол: “Парвоз” бо “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” бо “Хайр” рақобат мекунанд

17 май 2013, 08:24

Бозиҳои даври 7-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мегардад.

Имрӯз, 17-уми май “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи марказии Истаравшан бо дастаи “Истаравшан” бозӣ мекунад.

Се бозии дигари даври 7-ум рӯзи шанбеи 18-уми май доир мегардад. Дастаҳои “Регар-ТаАЗ”-и Турсунзода ва “Хайр”-и Ваҳдат дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода миёни ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе дар майдони худ бо дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ ба сабқат мебарояд.

Дастаҳои “Хуҷанд”-“Вахш” дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон” вомехуранд. Тимҳои “Парвоз” ва “Истиқлол” дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и Бобоҷон Ғафуров қувва меозмоянд.

Дастаҳои “Хайр” ва “Равшан” рӯзи 22-уми май дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат бозии мавқуфгузоштаи даври якуми мусобиқаи лигаи олиро анҷом медиҳанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!