Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:32

Юлдуз Усмонова «Маликаи Шарқ», Гулнора Каримова «Маликаи Осиё»?

17 май 2013, 09:11

Юлдуз Усмонова, хонандаи попи Узбакистон 19-уми май дар Бруклини Ню-Йорк консерт медиҳад.

Бино ба иттилои Uznews.net дар овезаҳои таблиғии консерт навишта шудааст, ки «Узбакистонро Маликаи Шарқ» намояндагӣ мекунад. Ин расона гуфта, ки "ба худ нисбат додани рутбаи «малика» аз сӯйи Усмонова нишондиҳандаи раванди афзояндаи ба худ нисбат додани унвонҳои ашрофзодаӣ миёни овозхонҳои Узбакистон аст».

Юлдуз Усмонова «Маликаи Шарқ», Гулнора Каримова «Маликаи Осиё»?Манбаъ, аз духтари бузурги райисҷумҳур Ислом Каримов мисол задаст, ки вақте ӯро «шаҳзода» мегӯянд, зиёд меболад. «Гулнораи 40 сола аз ба ӯ нисбат додани унвонҳои аз ин баландтар ҳам бо осонӣ розӣ мешавад. Масалан дар шумораи моҳи августи соли 2009-и маҷаллаи Tatler вайро “Маликаи Осиё” номидаанд. Аммо бо вуҷуд ин дар қиёс ба “Маликаи Шарқ»-и Юлдуз Усманова хеле поинтар аст, шояд барои он ки Усмонова воқеан ҳам овозхонӣ карда метавонад?»-суол гузоштааст расона.

Гулнора Каримова дар шоу бизнес бо номи Гугуша (Googoosha) шинохта шудааст. Ӯ бо забонҳои узбакӣ, русӣ ва англисӣ суруд мехонад ва гуфта мешавад, муаллифи матну оҳанги аксари онҳо низ худаш мебошад.

Моҳи июни соли 2012 Googoosha аввалин албоми англисии худро дар Амрико ба фурӯш гузошт. Ин маҷмӯа дар ҳамкорӣ бо продюсери шинохтаи Русия Максим Фадеев таҳия шуд ва аз 12 тарона иборат аст.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Комил

  • 5 март 2014 11:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Онхо маликахои узбаки хастану халос!Барои маликаи Шарку Оcиё бояд форси ва хинди сароид!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!