Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:07

Нигаронии Зоиров аз фишор болои ҷамъияти узбакҳои Хатлон

17 май 2013, 09:31

Аз ғайб задани Салимбой Шамсиддинов, раҳбари ҷамъияти узбакҳои Хатлон, ки 15-уми март зимни дави субҳгоҳӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа рух додааст, расо ду моҳ гузашт, вале мақомот ҳанӯз ҳам дар ин маврид посухи рӯшане надоранд.

Ин нукта дар изҳороти навбатии Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, таъкид шудааст. Зоиров мегӯяд, расман дар робита ба гумшавии Шамсиддинов 19-уми март парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо то ҳол на мақомоти умури дохилӣ, на амният ва на додситонӣ ҷавоби рӯшанеро ироа накардаанд.

Зоиров қаблан изҳорот дода, гумшавии Шамсиддиновро ба ҳамкориҳояш бо ҲСДТ марбут гуфт ва ғайб задани ӯро кори дасти мақомоти амният арзёбӣ намуд. Дар изҳороти навбатияш Зоиров таъкид мекунад, ки мақомот то ҳол далелеро, ки дар гумшавии раҳбари ҷамъияти узбакҳои Хатлон даст надоранд, пешниҳод накардаанд ва ин то ҷое аз дастандаркор будани мақомот дар ин қазия дарак медиҳад.

Зоиров инчунин аз қазияи Равшан Муталибов, муовини раиси ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон, зикр кардааст, ки охири моҳи апрел дар фурудгоҳи шаҳри Краснодари Русия боздошт шудааст ва инро ҳам иқдоми махсус роҳандозишудаи мақомоти тоҷик арзёбӣ намуд.

Раиси ҲСДТ мегӯяд дар пайи таъқибу фишорҳо фаъолони ҷамъияти узбакҳои Хатлонро тарсу парешонӣ фаро гирифтааст ва аз мақомоти тоҷик хост, таъқибу фишори аъзоёни ҷамъиятро қатъ карда, ба қазияҳои Шамсиддинов ва Муталибов роҳбарони ин ҷамъият рӯшанӣ андозанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зоиров хаммиллатот дар Точикистон овоз баланд кардостанд.Шамсиддинов шахсест ки озод дар Точикистон зидди ГЭС-и Рогун баромад мекард холаш аз ин бадтар.Дар Узбекистон агар шахс гуяд ки ман точик хастам ахволаш бад мешад то ин дарачаро хам не-да.Нони Точикистона мехурию зидди Точикистон гап мезани узбак шуда
Посух додан
  • Mah....

  • 3 август 2013 00:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ха аз хозира даъвогари барои кимкадом узбак кардести? Худо накунад курсии аввалро гирифтаната набошад забони давлатиро иваз мекуни!!! Гум шуд .......Кати ! Бо меги ман точикам?! Садкаи номи точик шави!!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!