Бахшҳо
09 май 2011 13:17Хабарҳои минтақа

Ҳиҷобдорон боз ҳам мавриди боздошт қарор гирифтанд

Субҳи имрӯз се тан аз занони либоси мусулмонидоштаро, ки аз минтақаи Назди Маскав (Подмоскове) барои тамошои гузашти низомӣ ба Маскав омада будаанд, пулис дар минтақаи метрои Братиславская мавриди боздошт, тафтиш ва таҳқир қарор додаст.

Тибқи иттилои расида, дар ҳоли ҳозир мусулмонони Русия аз зиёд шудани ҳолатҳои таъқиб ва таҳқирашон аз сӯи пулис нигаронӣ мекунанд. Махсусан, дар пойтахти Русия ҳолатҳои беасоси боздошту бозпурсии занони либоси мусулмонидошта баъди ҳаводиси инфиҷории декабри соли 2010 дар метрои Маскав ба чанд маротиб афзойиш ёфтааст.

Бино ба гуфтаи яке аз духтарон, ки худро Ҷаннат муаррифӣ кардааст, пулис бо тафтиши ҳуҷҷатҳои онҳо  ва пайдо накардани ишкол дар ҳуҷҷатҳояшон қаноат накарда, аз чӣ бошад, ки гурӯҳи фавриро даъват карда, онҳоро маҷбуран гӯё барои тафтиши бағочашон ба шӯъбаи пулис бурдаанд. Дар шӯъбаи пулис бошад, аз онҳо «террорист» ном бурда, расмашонро гирифта, бо навбат аз сӯҳбати 10 нафар гузаронида, нақши панҷаҳои дастонашонро гирифтаанд.

Дамира, Ҷамила ва Ҷаннат муддати 2 соат мавриди истинтоқи пулиси Маскав қарор гирифтаанд ва аммо касе бағочи онҳоро тафтиш нанамудааст. Ҳамчунин аз ин 3 нафар маълумотро дар хусуси қайди маҳалли зисташон, дар қайди духтури рӯҳшинос қарор доштан  ва дар қайди дармонгоҳи нашъамандӣ буданашонро ба тариқи хаттӣ тақозо кардаанд.

Бино ба гуфтаи коршиносони масоили ҳуқуқ ироаи ин гуна маълумот ихтиёрӣ буда, касе ҳақ надорад дар ин бора аз шаҳрвандон хаттӣ ва ё умуман ба таври дигар маълумот бипурсад. Ин амали пулиси Маскав миёни намояндагони созмонҳои мусулмонии Русия вокунишро ба бор оварда, ҳамакнун духтарони таҳқиршуда якҷо бо вакили дифоъи ботаҷриба, ки яке аз созмонҳои ҳуқуқҳимоякунанда манзур кардааст, ба додситонӣ аз болои ин амали пулис шикоят бурдаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)