Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:34

Хушхабар: Даъвати наваскарон пеш аз муҳлат иҷро гардид

17 май 2013, 14:06

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро шудааст.

Тавре Бахтиёр Бозоров, масъули дафтари матбуоти ин ниҳод, рӯзи 17-уми май ба “Озодагон” иттилоъ дод, "то имрӯз, 17-уми май ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар аз иҷрои пурраи нақшаи даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ гузориш додаанд. Иҷрои нақша дар вилояти Суғд ба 100,1 дарсад, вилояти Хатлон 101,4 % ВМКБ 100 фоиз комисариатҳои ҳарбии навоҳии тобеи марказ 100,2 дарсад ва дар чаҳор ноҳияи пойтахт ба 101,1 дарсад расидааст.”

Ба иттилои манбаъ, нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар маҷмӯъ ба 100,67 дарсад расидааст. Ҷавонписароне, ки аз рӯзҳои аввали даъват ба артиш шомил гардидааанд, феълан дар қисмҳои ҳарбӣ пас аз гузаштани курсҳои кӯтоҳмуддати таълими савганди ҳарбӣ ёд намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки ба хидмат шаҳрвандони аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд. Даъвати баҳорӣ аз моҳи апрел оғоз ёфта буд ва бо вуҷуди барзиёд иҷро гардидани нақша то охири моҳи май идома хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точик

  • 17 май 2013 14:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин артиш мурад бо ин аксаш! шармандахо. Артиш на дар фикри раксу бози бояд дар фикри химояти ватан бошад.Шармандахо.
Посух додан
  • Benom

  • 17 май 2013 14:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Baroi in naqsharo ba anjom raslnidan chandin javononro az kucha girifta budand. Javononero ki dar khona yagona quvvai kori budand. 2 sol oilai onhoro ki parastori mekunad?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хабари хуштарин дар арафаи рузи чавонон бачахако ба кучахо бароед идатонро бе тарсу харос чашн гиред. то мавсими тирамохии "хидмат" Худо нигохбонатон...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!