Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:17

Зоиров: "Зайд Саидов баргард!"

17 май 2013, 15:24

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, маъракаи густурдае, ки аз ҷониби мақомот алайҳи ҳизби холо ташкилнашудаи «Точикистони Нав» ва ташаббускораш Зайд Саидов роҳандозӣ шудааст, нишонаи набудани демократия, риояи ҳукуқ ва озодиҳои инсон дар Тоҷикистон медонад.

Раиси ҲСДТ имрӯз,17-уми май, бо пахши як иттилоия иброз доштааст, ки дар симои Зайд Саидов ва кумитаи тадорукоти ин ҳизб дида мешавад, ки онҳо намояндаҳои бевоситаи ҷомеаи гражданӣ дар Точикистон буда, аз ҳокимияти давлатӣ, қувваҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбхои сиёсии мавҷуда намояндагӣ намекунанд: “Яъне амалиёти мақомот алайҳи ин афрод поймол кардани хуқуқҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ташкили ҳизби сиёсӣ мебошад. Ғайр аз ин, кӣ ва дар куҷо муқаррар кардааст, ки соҳибкорон ё созмони онҳо хуқуқи ташкил кардани ҳизбро надорад? Доранд ва инро меёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва Конститутсияи кишвар ҳам тақозо дорад».

Зоиров илова намудааст, ки доираҳои соҳибкорӣ ҳатто хуқуқ доранд ба номи ҳизби сохибкорон ё ҳизби корчаллонони озод, ҳизби бизнесменҳои ватанӣ ва ғайра ҳизб ташкил намоянд: “Инро ягон мақомот, аз ҷумла президент ё парламенти Тоҷикистон ё суд манъ карда наметавонад. Бо ин амалҳои худ ҳокимияти давлатӣ ва афроди алоҳида, ки супоришро иҷро мекардаанд ва ҷойи салларо муҳокима ва нишон додан, калларо аз тан ҷудо кардаанд, ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов ва дигаронро пурра поймол кардаанд.”

Зоиров суол мегузорад, ки барои ин ҳама нақзи ҳуқуқҳои конститутсионӣ кӣ дар назди қонун чавоб медихад: “Ё дар Тоҷикистон бо мафҳуми ҳуқуқ ҳоло шинос нестанд?”

Раҳматилло Зоиров афзудааст, ки бо кору фаъолияти хоҷагидорӣ ва соҳибкории Зайд Саидов бевосита шинос ҳаст чун солҳои 2007 - 2010 ду лоиҳаи калонро оид ба дастгирии ҳукуқи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон амалӣ кардааст: “Бо итминони комил гуфта метавонам, ки Зайд Саидов яке аз соҳибкорони тозатарин ва босамартарин дар тиҷорат ва муносибатҳои молу мулкӣ буд ва ҳаст.”

Зоиров оҷилан оғоз шудани парвандаҳои ҷиноятиро алайҳи Зайд Саидов нишонаи супоришӣ ва беъмаъсулиятона будани хокимияти давлатӣ гуфта, таъкид намудааст. Ӯ дар мавриди бозгаштан ё нагаштани Зайд Саидов ба Ватан гуфтааст, “ҳар як шахси масъул, аз ҷумла Зайд Саидов, дар ҳолатҳои душвору истисноӣ бояд мустақилона қарори худро қабул намояд, аз чумла, дар масъалаи бозгаштан ба ватан ё на. Ман чунин меҳисобам, ки ҷойи Зайд Саидов ҳамин рӯз ва ҳамин соат дар шаҳри Душанбе, рӯ ба рӯи "проблемаҳои" сунъии ба миёномада аст.”

Ӯ гуфтааст, имрӯз ҳабси Зайд Саидов ғайримантиқӣ ва зулм буда, бар зидди худи ҳокимияти давлатии имрӯза мебошад. “Зайд Саидов баргард!” даъват кардааст раиси ҲСДТ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ха, Зайд баргард. Хамин ки турмат карданд, Рахматилло Зойиров адвокатат мешавад, баъд бакияи пулхота мегираду ХСДТ-ро обод меукнад

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!