Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:17

Душанбе мизбони 38-умин ҷаласаи Шурои мудирони БИР мешавад

17 май 2013, 15:50

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҷаласа то 22-уми моҳи ҷорӣ идома ёфта, дар ҳошияи он 35 чорабинӣ, бо шумули форуми тиҷорӣ, намоишгоҳҳо ва семинарҳо баргузор мешавад.

Ҷаласа бо ҳузури беш аз 730 намоянда аз 50 кишвари аъзои Бонки исломии Рушд ва 68 созмони байналмилалию ниҳодҳои молӣ ҷараён мегирад. «Дар поёни ҷаласа бо ҳузури раиси Шӯрои мудирони БИР, президенти БИР ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор мешавад»,-иттилоъ медиҳанд аз ВУХ.

Тоҷикистон моҳи декабри соли 1996 ба узвияти Бонки Исломии Рушд шомил гардида, то кунун бо ин ниҳод беш аз 20 созишнома ба имзо расондааст, ки маблағии умумии онҳо 191,1 милллион долларро ташкил медиҳад. Дар ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд дар ҷумҳурӣ 15 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ шуда, дар доираи онҳо зиёда аз 64 миллион доллар аз худ гардидааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!