Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:27

Истеҳсоли хишт дар Тоҷикистон афзойиш ёфтааст, аммо муштариён ҳамоно аз «хишти бобоӣ» бештар истифода мекунанд

12 июл 2011, 10:41

Сохтмони 3 корхонаи хиштбарорӣ дар навоҳии Нуробод, Рашт ва Мастчоҳ бо таъсиси 75 ҷойҳои нави корӣ ва як корхонаи хурди сементбарорӣ дар ноҳияи Варзоб бо иқтидори  72 ҳазор тонна семент, бо фаро гирифтани 180 ҷои нави корӣ дар назар дошта шудааст.

ҶММ «Тоҷикистон» тасмим  гирифтааст, сохта ба истифода додани ин корхонаҳоро то ҷашни 20 солагии истиқлолияти кишвар ба анҷом расонад . Ба иттиллои вазорати энергетика ва саноат, айни ҳол дар ин корхонаҳо корҳои омўзишиву ободонӣ ва сохтмони хумдонҳо идома дорад. Дар 6 моҳи ахири  соли ҷорӣ корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маводи сохтмон машғуланд 158, 8 ҳазор тонна семент истеҳсол намудаанд, ки ин нишондод нисбати нимсолаи аввали соли гузашта 8, 8 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин давра 27, 3 миллион дона хишт истеҳсол шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2010-  5, 4 миллион дона афзоиш ёфтааст, афзуд манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки арзиши хишти истеҳсоли корхонаҳои Тоҷикистон дар ду соли ахир ба маротиб боло рафтаву аксари муштариён аз хишти лой, ки бо усули бобоӣ омода мешавад, истифода мекунанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!