Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:14

Тоҷикистон интизори ёвари дабири кулли СММ

18 май 2013, 15:27

Иван Шимонович, ёвари дабири кулли Созмони миллали муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон ба Тоҷикистон меояд.

Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафари Шимонович аз 21 то 23-юми май ҷараён хоҳад гирифт.

Интизор меравад, ёвари дабири кулли СММ бо чанде аз раҳбарони вазорату идораҳои Тоҷикистон дидору мулоқот намояд. Ҳамчунин вохӯрии ӯ бо омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон ва намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар аст.

Риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз аслитарин мавзӯи суҳбат дар ин мулоқотҳо хоҳад буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!