Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:44

Оҷонсии фасод аз парвандаҳои нав алайҳи З.Саидов хабар дод

19 май 2013, 10:44

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз иттиҳомот ва парвандаҳои нав алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик ва собиқ вазири энержию саноати кишвар хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод дар истеҳсолоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ дар хусуси гумонбар донистани собиқ вазири саноат ва энергетикаи Точикистон Саидов Зайд Шерович дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319) қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (кисми 4 моддаи 247) сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Мақомоти зидди фасод ташреҳ медиҳад, ки ин ҳолатҳо дар доираи тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ директори корхонаи «Химзавод»-и шаҳри Исфара, Ҷӯраев Низомхон Ҳайдарович ошкор шудаанд.

Оҷонсии фасод бо ишора сирри тафтишотӣ аз тафсири васеи иттиҳомот алайҳи Зайд Саидов худдорӣ карда, таъкид менамояд, ки “тафтишоти мазкур дар доираи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоханд гирифт.”

Оҷонсии фасод меафзояд, ки аксарияти шоҳидони вокеаҳо аз тафтишот пай бурда, тарки марзи ҷумҳурӣ кардаанд ё аз ҷойҳои истиқомати худ паноҳ бурданд.

Ин ниҳод мегӯяд, бо мақсади объективона, пурра ва беғаразона пеш бурдани тафтишот Саидов Зайд Шерович аз майдони ҳавоӣ ба мақомоти Агентӣ даъват карда шуд ва худи ӯ аз идораи мақомоти Агентӣ ба хонаводааш тавассути телефон занг зада, хабар дод.

Зайд Саидовро барои бозпурсӣ ба Оҷонсии фасод бурдаанд



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар вакти вазири саноат ва энергетикаи Точикистон будан Саидов Зайд Шерович бояд барои рушди кишвар кушиш менамуд на маниатхои шахси. Аз ин ру нисбати у чунин гуфторро истифода бурдан зарур "Хар ончи мешавад аз кардаи туст"
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мун ана хамикаша медунум,ки Зайд Саидувро барои каротегини(рашти)будануш дар зери фишор гирифта истодаед.Агар ай Кулоб ё ай Дангара мешид.ин хелуш намекарде!.Ин хукумату ин Рахмон валай ягон грамм фикри гармихораву кухистонихора намекуна.Барои ваё мо хеч вучуд надорем.Хурмату эхтироми миллату ватан нест.Аку нахо,ки дигарон бегунох бошанд.Ё хами Саидуф гунох медошт.чува пештар гунохоша нагуфтеву накофтеш.Барои он ки кухистонии соддахай.Бизнеси ин мардаки хуб барои касе даркор шидай.Ман ба чои ин мардак нестум.агане,хамаи хешу табороро чамъ мекунуму тарки Точикистон мекунум.Нахо,ки як гурухи одамо партияи нек ташкил кунанд,ин хел ба суд кашед вая.Хамин хел кунед.ними мардуми Точикистон тарки ватан мекунанд.Баъд хаму чорто кулобиву чорто дангараги барои вазифахову доллархо худатона куштан гире.то хами рузора фикр мекардум,ки гапхои президенту хамаи калонхову халк ва миллати точик як аст.Аку ай инча усу дигар бовариам намонд.Ба президент хичи бовари надорум.аник фахмидум.ки гарми дига будаю кулобиву дангараги дига.Бумурум ба рахмон овоз наметиюм дигар.Махалгароитуна маълум карде,хами Точикистон ай шумо.шумо сер шаве шид.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!