Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

Суғд: Нархи роҳкиро дар нақлиёт 25 % боло рафт

12 июл 2011, 11:01

Қимати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Хуҷанд ва  хатсайрҳои наздишаҳрӣ  ҳудуди 25 дарсад боло бурда шудааст.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ассотсиатсияи нақлиёти мусофиркашонии вилояти Суғд иттилоъ доданд , афзоиши нархи роҳкиро дар хатсайрҳои шаҳрӣ ва дохилишаҳрӣ бо сабаби гарон будан арзиши сӯзишворӣ аз сар гирифта шуд.  
Абдуҷалил Бобоҷонов як масъули ин ниҳод  гуфт, дар шароити гароншавии бензин, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ ба маротиб коҳиш ёфт ва ин ҳолат ба сифати мусофиркашонӣ латма ворид намудааст.Тибқи нархномаи навин арзиши нақлиёти мусофиркашонӣ ба таври зайл муқарар гардидааст:
Нархи нақлиёти мусофиркашонии дохилишаҳрӣ: 1-сомонӣ (то санаи 7-уми июл ба 90-дирам баробар буд)
Нархи нақлиёти мусофиркашонии Хуҷанд-Қайроққум: 2 сомонию 50 дирам (то рӯзи 7-уми июл 2 сомонӣ буд)
Арзиши роҳкиро дар самти  Хуҷанд- Чкалов  2 сомонӣ (то рӯзи 7 уми июл роҳкиро 1 сомонию 50 дирамро ташкил медод)
Гуфтанист, сар аз аввали моҳи майи соли равон дар бархе аз хатсайрҳои наздишаҳрии вилояти Суғд нархи роҳкиро то 20 дарсад боло карда шуда буд. Аммо 25 % боло рафтани арзиши мусофирбарӣ дар Хуҷанд ва атрофи он миёни сокинони минтақа як фазои ноқаноатмандиро ба бор овардааст.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!