Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 апрел 2017, 13:00

Сафорат: Сангпартоии шаҳрванди тоҷик ба сафорати Бразилия “сиёсӣ” нест

20 май 2013, 08:54

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки ахбори расонаҳои русиро дар бораи он ки гуиё шаҳрванди Тоҷикистон ба суйи дарвозаи Сафорати Бразилия дар Маскав санг партофтааст, мавриди таҳқиқу тафтиш қарор додааст.

Тавре Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон, дар Маскав ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ки то ин замон ҷузъиёти ин ҳодиса ва он ки воқеан ин шаҳрванд табааи кишвари мост, маълум нест. Бинои Сафорати Бразилия дар як минтақаи марказии Маскав, дар шафати бинои сафоратхонаҳои дигар кишварҳои дунё, аз ҷумла дар фосилаи начандон дури миёни биноҳои Сафорат ва Консулгарии Тоҷикистон қарор дорад.

Муҳаммади Эгамзод инчунин таъкид кард, ки “мо бо Бразилия муносиботи хуб дорем ва аслан миёни кишварҳои мо мушкиле мавҷуд нест. Бинобар ин, бо эътимоди бештаре метавон тахмин зад, ки агар ин амали ноҷоро воқеан шаҳрванди мо карда бошад, он ҳаргиз ҷанбаи сиёси нахоҳад дошт. Ҳарчанд, ки то ба ҳол на аз Сафорати Бразилия ва на аз мақомоти ҳифзи қуқуқи Русия ба Сафорат ахбори расмӣ ворид нагардидааст."

Хабаргузориҳои Русия рӯзи 19-уми май аз сангпартоии шаҳрванди тоҷик ба дарвозаи сафорати Бразилия дар Маскав хабар дода, аз ифшои ҳуввият ва омили ин иқдом худдорӣ кардаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!