Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон аз Пекин бо садҳо миллион $ бармегардад

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 19-уми май аз Таиланд ба шаҳри Пекини Чин рафта, бо роҳбарони як қатор ширкатҳои маъруфи ин кишвар мулоқот намуд ва онҳоро розӣ кунондааст, ки ба иқтисодиёти кишвар садҳо миллион доллар сармоягузорӣ намоянд.

Тавре Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Хуан Ҷянжун, роҳбари ширкати Чайна глобал ва Ван Хайтао, президенти Иттиҳодияи саноати кӯҳӣ, густариши истеҳсолот дар ширкати муштараки кӯҳкории Зарнисор ва ташкили ҳамкорӣ дар дигар конҳои кишварро баррасӣ намуд.

Дар ин вохӯрӣ зикр гардидааст, ки ширкати Чайна глобал тасмим дорад, дар марҳилаи якуми бунёд ва рушди ширкати муштараки “Зарнисор” беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, ҳамчунин дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) як комбинати бузурги металлургӣ бунёд намояд.

Гуфта шудааст, ки шумораи коргарони ин ширкат аз Тоҷикистон бояд ба 2-3 ҳазор нафар расонда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон ба ин ширкатҳо тавсия додааст, ки барои дастрасӣ ба конҳои нави Тоҷикистон дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намоянд, зеро ҳоло ин кор танҳо тавассути чунин озмунҳо имконпазир аст.

Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни ин сафари худ ҳамчунин бо президенти ширкати кӯҳкории Зиҷин, Чэн Ҷин Хэ мулоқот карда, доир ба афзоиши истихроҷ ва коркарди саноатии тилло дар корхонаи муштараки Зарафшон гуфтугӯй намудааст: “Ин ширкат тайи 6 соли кор дар кони Зарафашон дар ин ҷо беш 210 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, ба буҷети кишвар 22 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст. То имрӯз истеҳсоли солонаи тилло ба 1 тонна ва шумораи коргарон ба 2 ҳазор нафар расонда шудааст. Тибқи нақшаҳои мавҷуда то солҳои 2014-2015 истеҳсоли тилло ба 4-5 тонна ва шумораи коргарон бояд ба 3 ҳазор нафар расонда шавад”.
Тибқи талабу дархости ҷониби Тоҷикистон ин ширкат бояд як корхонаи коркарди мис дар кишвар бунёд намояд.

Дар мулоқот бо Го Жэнсян, роҳбари ширкати Дунин доир ба сармоягузорӣ ва рушди масоили вобаста ба сохтмони корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон баррасӣ шудааст: “Ин корхона дар солҳои наздик бояд бо иқтидори солонаи коркарди 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафт сохта шавад. Дар марҳилаи аввали он то 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷо бо кор таъмин хоҳанд шуд”.

Ширкати мазкур фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи миллии нафтии Чин ташкил хоҳад кард.
Айни ҳол сафари кории раисиҷумҳур ба Пекин давом дорад ва дар назар аст, ки маҷмӯан зимни ин мулоқот 10 созишномаи нав ба имзо расанд.

Мӯҳр
ПЕНДЖИКЕНТ
РАХМАТИ КАЛОН БА президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон КИ ИН КАДАР ЗАХМАТ МЕКАШАНД МО СОКИНОНИ ШАХРИ ПАНЧАКЕНТ МИНАТДОРИИ ХУДРО МЕРАСОНЕМ БИГЗОР ХАМРОХИ МО БОШАНД

Хамааш дуруг!!! Пештар дар замони фаъолияти англисхо то 7000 одам сохиби чои кор буд дар СП Зарафшон, имруз аз 1000 зиёд нест ва кисмати афзали он хитоихо. Хамаи маблаггузории хитоихо хеч гох аз 10млн зиёд буда наметавонад, маълумот ба пурраги дуруг аст. 5-6 мошини хитоии кухкани ва боркашон харгиз 1 млн нарх хам надоранд.

Ба панчакенти
Хурсанд нашавед, ой бародар аз 32 млн. талбидаги на ба шумо ва на ба вилоятатон 1 дирам хам намересад. Аммо карзхои беруна боз хам аз 2 млрд. ва 250 млн. доллар зиёдтар хохад шуд. Ин карзхо дар хакикат насиби шумо мешаванд. Ана барои ин хурсанди кунед.
То имруз дар таи зиёда аз 20 соли давлатдории режими Рахмон ягон бор дар ВАО, матбуот ва телевизиону радио хисоботи дакик оид ба харочоти ин карзхои беруни маколае ё хабаре чоп нашудааст. Ин кор ба ки даркор аст? Пас агар адолатпарасти ва адолатхохи дар ин режим вучуд медошт, барои шафофияти ин масъалаи сарнавиштсози миллат бояд хамагуна ахборот дастрас ва озод бошад. Аммо ба тавре ки медонед....... Ва ба кисахои ки афтодани ин маблагхо хам ба хамагон маълум аст, аммо хама мисли ба дахон об гирифтаги, хапанд. То кая бошад?!

беном
Карз гирифтантосон баъд чихел бамегардонем мумкин боз бартер.

Худо дар тори сарамон заддддд!!!!!
Бозам қарздор шидем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)