Бахшҳо

Иттиҳоми нав: З.Саидов аз Низомхон “Тоҷикатлас”-ро маҷбуран гирифтааст (НАВШУДА)

Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон, дар он муттаҳам мешавад, ки бо истифода аз мансаби вазирияш дар соли 2006 аз Низомхон Ҷӯраев, соҳибкори он замон шинохтаи вилояти Суғд, корхонаи “Тоҷикатлас”- ро маҷбуран гирифта, бар ивазаш пуштибонии худро ваъда кардааст.

Ин нуктаро Милопар Бандишоев, муовини директори Оҷонсии мубориза бо фасод, дар суҳбат бо “Азия плюс” изҳор дошта, таъкид кардааст, ки “то ҳол ягон хел рӯбарӯсозии Зайд Саидов бо Низомхон Ҷӯраев сурат нагирифтааст ва дар бораи гирифтани ришва зимни хусусигардонии корхонаи кимиёвии Исфара низ сухан намеравад.”

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 22-юми май, додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳукм кард, ки нисбати Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда ва раҳбари гуруҳи ташаббускори "Тоҷикистони нав" ҳабси пешакӣ татбиқ шавад.

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифои Саидов дар суҳбат бо хабаргузории "Озодагон" гуфт, аз додгоҳ хостаанд, то нисбати зерҳимояашон ҳабси пешакӣ татбиқ нагардад. Ба гуфтаи вакили дифоъ аз додгоҳ хоҳиш доштанд, ки Саидовро бо ҳуҷҷат дар мавриди берун нарафтан аз ҷои истиқомат то анҷоми тафтишот озод намояд, "чун Саидов ҳеч талоше барои халал ворид кардан ба тафтишот надорад."

Акнун дар назар аст, ки Зайд Саидов давоми ду моҳ дар ҳабси пешакӣ монад ва дар сурати тӯл кашидани тафтишот додгоҳ метавонад ин муҳлатро тамдид кунад.

Маҷлиси вакилони мардумии шаҳри Душанбе рӯзи 20-уми май тибқи дархости Ҳабибулло Воҳидов, муовини додситони кулли Тоҷикистон, Зайд Саидовро аз ҳуқуқи дахлнопазирии вакилӣ маҳрум намуд. Инчунин Оҷонсии фасод, 20-уми май, Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик ва собиқ вазири энержию саноати Тоҷикистонро бо Низомхон Ҷӯраев, собиқ директори корхонаи кимиёвии Исфара рӯ ба рӯ кардааст.

Ба иттилои Фахриддин Зокиров, вакили дифои Саидов, ки зимни рӯбарӯсозӣ иштирок доштааст, Низомхон Ҷӯраев шаҳодат додааст, ки соли 2005 ба Зайд Саидов дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари амрикоӣ ришва додааст. Аммо Зайд Саидов, ин иттиҳомотро рад карда, далелҳои қатъӣ овардааст.

Ҳуқуқшиносҳои тоҷик мегӯянд, тибқи иттиҳомоти пешгузоштаи мақомот алайҳи Зайд Саидов ба ӯ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад ва ин иттиҳомот мусодираи амволро дар назар доранд.

Раҳматулло Зоиров, раиси Консорсиуми юридикии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории "Озодагон" гуфт, "дар алоҳидагӣ барои ҳар парвандае, ки нисбати Саидов боз шудааст, ҳудуди 10-15 сол пешбинӣ шудааст ва дар умум метавонад ин то 20 сол коҳиш ёбад." Зайд Саидов дар гирифтани пора, қаллобӣ ва сӯиистифода аз мансаб гумонбар дониста мешавад. Тибқи ин моддаҳо қонунгузории Тоҷикистон мусодираи амволро пешбинӣ намудааст.

Баъди боздошт дар фурудгоҳ Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз иттиҳомот ва парвандаҳои нав алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик ва собиқ вазири энержию саноати кишвар хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод дар истеҳсолоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ дар хусуси гумонбар донистани собиқ вазири саноат ва энергетикаи Точикистон Саидов Зайд Шерович дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319) қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (кисми 4 моддаи 247) сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Мақомоти зидди фасод ташреҳ медиҳад, ки ин ҳолатҳо дар доираи тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ директори корхонаи «Химзавод»-и шаҳри Исфара, Ҷӯраев Низомхон Ҳайдарович ошкор шудаанд.

Оҷонсии фасод бо ишора сирри тафтишотӣ аз тафсири васеи иттиҳомот алайҳи Зайд Саидов худдорӣ карда, таъкид менамояд, ки “тафтишоти мазкур дар доираи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоханд гирифт.”

Оҷонсии фасод меафзояд, ки аксарияти шоҳидони вокеаҳо аз тафтишот пай бурда, тарки марзи ҷумҳурӣ кардаанд ё аз ҷойҳои истиқомати худ паноҳ бурданд.

Ин ниҳод мегӯяд, тафтишот объективона, пурра ва беғаразона ҷараён дорад.

Мусодираи 5 компютер, аснод ва 20 ҳазор $ аз дафтари Зайд Саидов

Дар ҳоле, ки Саидов дар бинои Оҷонсӣ қарор дошт, мақомот давоми рӯзи 19-уми май чанд амалиёти тафтишотиро гузаронданд. Як гуруҳ кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар утоқи кории Зайд Саидов ва дафтари ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” дар маҷмааи “Маркази соҳибкорон”, воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ бо иҷозати додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ кофтуков гузаронда, 5 компютер, ду бастаи ҳуҷҷатҳо ва беш аз 20 ҳазор доллар маблағи нақдро бо худ бурдаанд.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов хабар дода, афзуд, ки баробари 20 ҳазору 800 доллар мақомот инчунин беш аз 21 ҳазор сомониро аз дафтари зерҳимояаш мусодира намуданд.

Ин дар ҳолест, ки гуруҳи дигари кормандони мақомот барои бозҷӯӣ ба хонаи Зайд Саидов рафтаанд. Пайвандони Саидов дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, дар ҳоле, ки 11-уми май хонаашон аз ҷониби мақомоти умури дохилӣ ва додситонӣ мавриди бозҷӯӣ қарор гирифта буд, 19-уми май боз масъулини Оҷонсӣ иҷозатномаи дигарро пешниҳод карда, хонаро кофтуков намудаанд. Пайвандони Саидов изҳор доштанд, ки ин дафъа ҳам кормандони мақомот чизи қобили таваҷҷуҳашонро аз хона пайдо накарданд.

Дархости дахолати Убайдуллоев ба қазияи Зайд Саидов

Дар ҳамин ҳол Раҳматулло Зоиров, раиси консорсиюми юридикии Тоҷикистон ва раҳбари ҲСДТ, аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе хостааст, ки ба қазияи боздошти Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” дахолат кунад. Раиси консорсиюми юридикии Тоҷикистон бо такя ба меъёрҳои сарқонун аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳамчун сиёсатмадори барҷаста, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ҳамчун инсон ва шаҳрванди Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ба суолҳо посух диҳаду мавқеашро нисбати қазия рӯшан созад.

Даъвоҳои қаблӣ алайҳи Зайд Саидов

Маврид ба зикр аст, ки қаблан ҳам Оҷонсии фасод ширкати Зайд Саидов, “Тоҷсохтмон-байналмилал”-ро дар изофанависӣ зимни сохтумони бинои “Душанбе-Плаза” ва азхудкунии моли дигарон дар ҳаҷми калон муттаҳам карда, изҳор дошт, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Аммо баъдан масъулини Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ташреҳ доданд, ки “Аз натиҷаи санҷиш дар ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” барои азонихудкунии молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон ва сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Вале он нисбати Зайд Саидов ягон хел дахл надорад.Барои камбудиҳои ошкоршуда на муассис, ки Хайруло, писари Зайд Саидов мебошад, балки роҳбарияти ширкат бояд ҷавоб гӯяд.”

Ин парвандаҳо дар расонаҳо давоми маъракаи густурдаи мақомот алайҳи Зайд Саидов арзёбӣ шуд, ки баъди эълон дар бораи таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” роҳандозӣ гардид. Инчунин додситонӣ Саидовро дар серзанагӣ муттаҳам карда буд.

Бисёре аз коршиносон ин иттиҳомотро сохта ва супоришӣ унвон карда, ба талошҳои Саидов барои таъсиси ҳизб ва дахолат ба сиёсат марбут медонанд. Аммо Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, иттиҳомоту тафтишот алайҳи Зайд Саидов, ҳанӯз пеш аз тасмимаш барои таъсиси “Тоҷикистони нав” оғоз шуда буданд.

Саидов ин нуктаро дар суҳбат бо Би-Би-Сӣ изҳор дошта, таъкид намудааст, ки боздошти Зайд Саидов сиёсӣ нест.

Зайд Саидов, моҳи апрели соли равон аз нияташ барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” иттилоъ дода, таъкид намуд, ки самти асосии фаъолияташ беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар хоҳад буд.

Изҳороти “Тоҷикистони нав”: Фишори мақомот азми моро намешиканад

Гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” бо пахши як изҳорот фишори мақомотро болои аъзои гуруҳ ва аз ҷумла роҳбари он, Зайд Саидов, маҳкум намуда, таъкид мекунад, ки азми гуруҳ барои таъсиси ҳизб ҳамоно қавист. Дар изҳороти гуруҳ аз ҷумла омадааст:

Сарфи назар аз таъкиди пайваста аз хусуси он, ки ҳадаф аз ташаббус дар мавриди таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони Нав» тақвияти сулҳу субот ва мусоидат ба равандҳои созандаи марказгаро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар аст, бо вуҷуди он ки иқдоми мазкур саропо дар мутобиқати комил бо муқаррароти қонунгузории ҷумҳурӣ ба маърази умум пешниҳод шудааст, дар ҳоле ки ин ташаббус аз масъулияти бузурги муаллифонаш манша мегирад, ки моҳияташ заррае ҳам ворид накардани халал ба ҳаёти ҷомеъа ва амнияти давлат мебошад, мутаассифона аксуламали мақомоти марбутаи давлатӣ дар ин ҷода беш аз пеш аз худ дарак медиҳад.

Алҳол дар ин рабт нуқтаи ниҳоии бағоят нигаронкунанда амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бавижа Агентии мубориза алайҳи фасод нисбат ба сарвари гурӯҳи ташаббускор – Зайд Саидов аст. Мавсуф, чуноне пайваста расман тазаккур додааст, чун далели самимияту садоқату эътимод ба арзишҳои чи ахлоқиву чи ҳуқуқӣ бозгашт аз сафари корӣ аз хориҷи кишварро барои ҳалли қазияҳое, ки ба ҷурми иттиҳом ба ину он гуноҳ аз ҷониби мақомоти давлатӣ феълан нисбаташ матраҳ шудаанд, тадбир донистааст.

Зимнан, чуноне ҳатто аз мавқеъгирии вазорату идораҳои қудратӣ то охирин лаҳзаи дар сафар будани Зайд Саидов тариқи расонаҳои хабарӣ маълум буд, ягон асосе барои ҳатто гумон дар содир кардани ҷиноятҳои махсусан хавфнок аз ҷониби ӯ вуҷуд надошт. Барои мисол изҳороти расмии худи Агентии мубориза алайҳи фасод, ки амалаш то ба 19 майи соли равон эътибор дошт, хулосаи мазкурро собит мекунад. Ва чуноне маълум аст, ин изҳорот дар пояи санҷишҳои ҳамаҷонибаи паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти Зайд Саидов ифшову баён гардида буд.

Аз ин рӯ, амале, ки дарҳол зимни ба Ватан бозпас гаштани Зайд Саидов сурат гирифт, ногаҳонӣ буд. Ӯ, бидуни ҳама гуна огоҳии хешу пайвандону ҳаммаслаканаш, чуноне дертар маълум шуд, ба идораи шаҳрии Агентии мубориза алайҳи фасод бурда шуд ва то ба ҳол (интиҳои рӯзи 19 майи соли равон) он ҷо нигаҳдорӣ мешавад. Амали мазкур бо дағалона поймол шудани ҳуқуқҳои номбурда сурат гирифтааст. Аз ҷумла, вакилони мудофиа имкони на танҳо ширкат дар амалиёти мурофиавӣ, балки ҳатто робита бо ӯро тайи зиёда аз 12 соатро надоранд. Мартабаи мурофиавии Зайд Саидов номаълум аст, аз ҳолаш, бахусус аз вазъи саломатиаш ягон иттилое вуҷуд надорад. Ҳамаи ин дар ҳолест, ки мавсуф вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбест ва аз ин рӯ тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ расмиёти марбутае, ки ба хотири дахлнопазириаш кафолат дода шудааст, бояд риоя бишавад. Ҳолатҳои басо дағалона поймол шудани талаботи қонун бо мисолҳои мазкур маҳдуд намешаванд.

Тафсилоти мавриди зикр ва муҳити то ба ҳол фарогири фаъолияти гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони Нав» аз вуҷуд доштани решаҳои сиёсии қазия далолат медиҳанд. Мақсад аз чунин вокуниш низ аллакай ҳама гуна шӯбҳаву гумонро аз он хусус, ки рӯйи саҳнаи сиёсии кишвар омадани чунин як ҳизби марказгаро баъзе аз доираҳои расмии давлатиро хуш наомадааст, аз байн бурдааст.

Гурӯҳи ташаббускор изҳор медорад, ки халалдор шудани талаботи Конститутсияи кишвар (моддаи 28-и он), бахусус фишор ба аъзои гурӯҳ ва қабл аз ҳама ба сарвари он – Зайд Саидов далели вазъи ногувори кишвар дар мавриди таъмини волоияти қонун ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсиву шаҳрвандист.

Аксуламали мазкур азми аъзои гурӯҳро бобати таъсиси ҳизб наметавонад заррае ҳам коҳиш бидиҳад, баръакс итминонамон бар он аст, ки танҳо таъсису фаъолияти чунин як ҳизби марказгаро барои раҳоӣ аз вартаи мушкилиҳои мардуму кишвар тадбир аст. Дастгирии рӯзафзуни мардум аз иқдоми гурӯҳ далели ин гуфтаҳост. Чунончи, даҳҳо ҳаводорону ҷонибдорон имрӯзҳо ба мо изҳори пайвастагӣ мекунанд. Сафи аъзои гурӯҳи ташаббускор низ рӯ ба афзудан дорад. Имрӯз (19.05) аллакай чеҳраҳои маъруфу маҳбуби кишвар – профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коргардони машҳур Барзу Абдуразоққов ва чанд нафари дигар расман бо мо пайвастанд.

Боз ҳам эълом медорем: аз касеву чизе ҳарос надорем! Ба ҷуз аз Худои мутаъол! Ва боз як чизи дигар: на аз хиёнати дӯстон, на аз фитнаву иғво, найрангу тафриқаангезиҳои душманон. Балки аз бетарафон, ки бетарафиашон боиси ҳам хиёнат асту ҳам душманӣ! Биёед ба ҳам ойем ва канори ҳам ба хотири ободиву пешрафти Ватан бошем!
Мӯҳр
Эксперт
Э бародаро! О то кай ичозаи мачлис ичозаи мачлис гуфта мегардед? кадом мачлис ? дар кишвари мо ягон мачлис вучуд надорад. инхо мачлис не хонаи шахсии ду cе нафаранд.Он ба намояндахое хам ки ончо нишастаанд онхо намоянда не чубанд. аз онхо гапу садое намебарояд агар барояд дафъашон мекунанд.

Хайдаров Х
Чаноби Оли гуфтанд, ки он нафароне, ки чинояти иктисоди мекунанд, ба хабс гирифта нашавад. Онхо бояд пули гирифтаашонро баргардонанд. Чанд прокурору судя хамин хел дар озоди аст, бинобарин Зайд Саидовро набояд хабс кунанд.

ман ҳеҷ бовар надорам, ки зайд саидоа аз иштирок дар ҷаласа имтиноъ варзида бошад, албатта ба иҷозаи омадан надоданд.
Бо ин амали худ намояндагони маҷлиси шаҳри бори дигар собит намуданд, ки эшон бозичаи дасти мақомоти болоианд. Банда ба бегуноҳии З. Саирдов бовар дорам. Ин фоҷеа бар асари фаъолияти сиёсии у рабт дорад. Воломақоми кишвар бори дигар нишон доданиаст, ки ба ҷуз ҳибҳои кисаги ба ягон ҳаракати сиёсӣ иҷозаи фаъолият нахоҳад дод. Вале у иштибоҳ калон мекунад. Ин вокуниш давлату кишварро ба вартаи нобудӣ мебарад.

Саид
Хами хукуматдора кучора нигах кардан. Ин ай аввал бегох набуд. Ай магазинчиги оварда вазируш монданд. Кард вазорати саноата магазини фуруши литсензияхо сум чам кард бакуват шид. Ин имруз ба мукобили хукумат хестестай. Ира да чош шинондан дар корай «вор должен сидет в тюрме». Агар касе ба гапои ман бовар надора дар шумораи инхафтаина газеати «Точикистон» №20 (1011) аз 16.05.13 с. маколаи зурай бухонен, хато накунум «Иллати миллат» ном дора.

Солех
Ин як тухмати ошкорост. Корхонаи химиявии Исфараро Вазорати Саноат ки Зайд Саидов вазираш буд ба фуруш баровардаги нест. Аслан ягон вазорат ягон моликияти давлатиро хакки фурухтан надорад. Тибки конун корхонаи фурухта мешудаги бо карори Хукумат ва бо имзои Президент аз баланси Вазорати Саноат баланси Кумитаи Амвол мегузарад. Факат Кумитаи Амвол моликияти давлатиро аз тарики ауксион ба фуруш мебарорад. Дар он солхо Гулов вазири энергетикаи имруза раиси Кумитаи Амвол буд. Бинобар ин кадом ахмак ба Зайд Саидов 100 хазор доллар медихад вактеки хакки фурухтани корхонаро у надошт. Боки худатон казоват кунед.

Зайд Саидов ки як шахси барчаста ва шинохта буд, хуб мешуд ки аз таъсиси хизбаш хабар намедод, ба хама боис шуд таъсиси хизб, зеро фаъолияти худро дошт бо он каноат мекард, дуюм ин ки чунин вазъият ба монанди сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенко, Зайд Саидов холо ба хаммаи рохбарон баъди аз вазивфа барканор шудан рух медихад))). худии маънии давлат хамин аст, ДАВ-ЛАТ, як руз медави, як руз лат мехури, агар дар ин масир охари худро нигох дошти, покиза фаъолият карди, бурд мекуни, вагарна хамаи чиноят як руз не як руз ошкор мегардад, Огох бошед мардум ки порахури дур намеравад. офтобро бо доман пушонида намешавад. ин чо чанд гунохи З.Саидов ошкор гардидааст, ки худи у рад мекунад, шояд аз дах якеш рост бошад. ба хар хол чавобгар ва бояд исбот кунад ки рост аст ва ё ....

Хамза
Ича чой бизнесай сайид

Абдулло
и хамаш тухматай об аз боло лояй меган ростай агар Зайд 100хазор хурда бошад, хастан шахсонеки милионхора ай худ кардаанд. Ин хел бошад бояд онхо як умра махбас шаван.

Эрач
албатта ин фишорхо Точикистони навро намешикананд, зеро онхо феълан вучуд надоранд. Ва дуввум ин, ки парвандаи чинояти алайхи Зайд Саидов боз карда шудааст, на Точикистони нав. Барои хамин ин ду ходисаро бе далелхои конкрети хамчоя кардан мумкин. нест...ин суханхо вазни савсатаи бозорро доранду халос!

Suhrob
Odam namedonad ba suxani ki bovar kunad . Ba har hol kase ki nohaq boshad xudovand inshoolloh dar oxirat jazoyashro medihad. Lekin ba holi xalqi bechora saxt nigaron hastam . Iltimos muborizai siyosi mebared aqalan mardona muboriza bared. Mardona !

Suhrob
Odam namedonad ba suxani ki bovar kunad . Ba har hol kase ki nohaq boshad xudovand inshoolloh dar oxirat jazoyashro medihad. Lekin ba holi xalqi bechora saxt nigaron hastam . Iltimos muborizai siyosi mebared aqalan mardona muboriza bared. Mardona !

Мохи ноябр ба фикрам интихоби президенти аст дар Точикистони азизамон. Мухочирони мехнатие, ки дар Русия кор мекунанд сад фоиз президенти хозираро кабул надорад ва дар Точикистони азиз хам инчунин ва шахсоне, ки президентро тарафдори мекунанд дар хизби халкиидемократии Точикистон хастанд, ки хамаги бисту панч фоизи ахолии Точикистонро ташкил намекунанд. Агар зинда бошем мебинем президент ки мешавад агар Эмомали Рахмонов шавад таъчиби бо кадом овозхо.???

Dilshod
Maqomothoi USA Rasiya va Tjk musobiqa kardand ki ki zur ast. Xargusha ba jangali kasnoguzari afriqo sardodandu shikor shuru' shud . Ruzi avval usa:- nayoftem shoyad gurg xurda boshad. Ruzi 2 . Rasiya : xargushro xirs xurdaast . Ruzi 3 um bada az 1 soat tjk xirsero zada zada az besha barovardand ki xirs meguft: man xargush man xargush leninro ham man kushtam )))

Зайд Саидов бисёр одами "хавфнок" мебошад: 1) Кумандони отряди махсуси Кулписта, спетснази махсус, фармондехи нерухои бахрии кишвар, адмирали Флот ва генерали артишдор аст. 2)Миллионхо миллион доллар аз фуруши заминхо, миллионхои дигар аз фуруши мансабхо, миллионхои дигар аз кишвархои хоричи ба ивази заводу фабрикахо, миллионхо аз хисоби мухочирон, миллионхо аз хисоби сахмияи неругоххо, миллионхои дигар аз хисоби артиш чамъ кардааст. 3) Турма кунед, 210 сол. 4)Дилатон, ки тар шуд баъди 2 асру 10 сол озод кунед.

Бигузор касе, ки помирро бо Хитой фурухтаст дар гардани Зайд Саидов банданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)