Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:13

Сайфиддинов ҳам ба ташаббускорони “Тоҷикистони нав” пайваст

20 май 2013, 10:42

Ғуломиддин Сайфиддинов, энергетики тоҷик, имрӯз, 20-уми май расман ба гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” пайвастааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта, 19-уми май Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори иқтисод ва Барзу Абдураззоқов, коргардони машҳури театр аз вурудашон ба гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” хабар доданд.

Маврид ба зикр аст аз ин қаблтар Абдураҳим Алиев, собиқ раиси ноҳияи Шоҳмансур ва Ҷамшед Ҳафизов, муовини раҳбари ширкати «Тоҷсохтмон байналмиллал» аз гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” хориҷ шуданд.

Аз ташаббускорони қаблӣ ҳозир дар ин гуруҳ, роҳбари гуруҳ, соҳибкори шинохта, вазири пешини саноат ва рушди иқтисоди Тоҷикистон Зайд Саидов, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос, Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил ва коршиноси масоили иқтисодӣ Бахтиёр Баҳодуров шомил мебошанд.

Ин гуруҳ аввали моҳи апрел аз таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” хабар дода, ба аксуламали шадиди мақомот рӯ ба рӯ шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ду пагонахо думашонро хода карданд бовари дорам хукумати точикистон ба ин ду погонахо ягон имконият надихад ин намуд тоифа дар хама холат мефурушанд милату ватанро аз З Саидов истифода кардаанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аҳсан, акаи Сайфиддин Гуломов. Воқеан, дар чунин ҳолати ногувор ва масулиятнок пайваст шудан ба ин ҳизби ислоҳокор мояи фахр ва ҷасорати арзишманд аст. Албатт, имруз аъзоён, ташаббускорони Тоҷикистони нав ба имтиҳону санҷиш барои ҳифзи мавқеу афкори хеш ва густариши он ниёз доранд ва тавассути мушкилиҳои пешомада сафи ташаббускорон тоза ва шафоф гардида, ашхоси арзанда масулиятро ба душ мегиранд ва руҳи нав меоранд. Оянда бо шумост, қаҳрамонони миллат. Боварӣ дорам, дар долонҳои ҳукумат низ баъзе миллатдустон бо шумо фахр доранд, вале аз тарсу хавф аз ибрози андеша худдорӣ менамоянд. Дер ё зуд косаи сабри адолтхоҳон пур мегардад ва гунҷоиши таҳаммули беномусиро аз даст хоҳад дод. Иншоаллоҳ пирузи бо шумост.
Посух додан
  • Сиёвуш

  • 20 май 2013 12:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хам тарафдори Точикистони Нав! Мисли чумшуд хафизов майдон баромада дум хода намекунам!
Посух додан
  • карим

  • 20 май 2013 17:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хам бо шумо Точикистони нав.Шумо часурони миллатед!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!