Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:22

Бонки Чин барои рушди Тоҷикистон қарзҳои нав медиҳад

20 май 2013, 11:08

Созишномаи сеҷонибаи қарзӣ миёни ширкати муштараки Зарафшон, Бонки рушди Чин ва ширкати саноати кӯҳкории “Зиҷин” ба имзо расид.

Тибқи иттилои дафтари матбуот, ин санад зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Ху Хвэйбан, раиси Бонки давлатии рушди Чин, дар шаҳри Пекин рӯзи 19-уми май тасвиб шуда, тибқи он аз ҷониби бонки мазкур ба ширкати саноати кӯҳкории Зиҷин барои тавсиаи фаъолияти ширкати муштараки Зарафшон 140 миллион доллари амрикоӣ қарзи дарозмуддати имтиёзнок ҷудо карда мешавад.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии президент, дар ҷарёни вохӯрии ҷонибҳо гуфта шудааст, ки барои ғанӣ гардондани сандуқи қарзии Амонатбонки Тоҷикистон аз ҷониби Бонки давлатии рушди Чин дар ҳаҷми 20 миллион доллари амрикоӣ ва 33 миллион юани чинӣ қарзи дарозмуддати имтиёзнок ҷудо гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон, ки беш аз 2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва қисми зиёди он ба Чин рост меояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Амир

  • 20 май 2013 11:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ха боз ба чои карз нисфи Помирро медихем да. Чаноби оли ин коро ба зур ку. Ватанфуруши кати мешад ми?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!