Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:57

Дави миллӣ бо иштироки 125 ҳазор дар Хатлон (АКС)

20 май 2013, 12:07

Дави миллӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа субҳи 19 май (якшанбе) бо ширкати Ғайбулло Афзалов, раиси вилоят, роҳбарону кормандони идораҳо ва ҳазорҳо сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа аз майдони Исмоили Сомонӣ оғоз гардид.

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят мегӯяд, шумораи иштирокдорон 6 ҳазору 859 нафар буд ва онҳо масофаи се ва панҷ километрро паймуданд. Ғайбулло Афзалов зимни ифтитоҳи ин чорабинии бахшида ба “Ҳафтаи ҷавонон дар вилояти Хатлон” зикр кард, ки “Мо имкони фаровон дорем, рушди варзишро дар вилоят боз ҳам беҳтар таъмин намоем. Бинобар ин, барои оммавияти варзиш тамоми саъю кӯшишро равона сохтан даркор аст, чунки чизи аз ҳама қимат дар дунё саломатист”.

Гуфта шуд, ки имсол дар вилоят ба маблағи 72 миллиону 485 ҳазор сомонӣ сохтмони 12 толори варзишӣ идома дошта, ҳоло 30 мактаби кӯдаконаи варзиш, 14 ҳавзи шиноварӣ, 2035 майдони варзишӣ дар хидмати алоқамандони машқу тамрин қарор дорад.

Пас аз ҷамъбасти натоиҷи дав аз ҷониби доварон раиси вилоят тазаккур дод, ки “як дави бисёр ҳам миллӣ ва ботартиб ташкил шуд” ва ба ғолибону роҳбарони фаъоли ташкилоту идораҳо туҳфаҳои ёдоварӣ тақдим кард. Ҳамин тариқ, аз рӯйи хулосаи доварон, миёни наврасон дар масофаи 3 километр мақоми аввалро Рауфҷони Наҷот, дувумро Азизҷон Қосимов, савумро Дӯстмурод Юнусов, дар байни духтарон дар масофаи 3 километр зинаи аввалро Лайлӣ Халилова, дувумро Наргиси Маҳмадулло, сеюмро Меҳрангез Шарифова, дар миёни мардҳо дар масофаи 5 километр ҷойи якумро Лангарӣ Ёдгоров, дуюмро Саидшо Маҷидов, сеюмро Авазҷон Саидов ва Фирдавс Маҳмадиев лоиқ гардиданд.

Дар маҷмуъ дар рӯзи Дави миллӣ дар ҳама шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 125 ҳазору 109 нафар сокинон, ки 32 ҳазору 494 нафараш бонувон мебошанд, иштирок кардаанд.

Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com

Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!