Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:31

ТАЛКО барои ҳифзи муҳити зист 30.000000 сомонӣ масраф кард

12 июл 2011, 13:46

Кристоф Буве, намояндаи барномаи ҳифзи муҳити зисти СММ (ЮНЕП) ахиран дар шаҳри Женева гуфтааст, «корхонаи арзизи тоҷик (манзур ТАЛКО аст) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамоно манбаъи хатар боқӣ мемонад».


Номбурда зимни муаррифии гузоришаш ҳамчунин афзудааст, ТАЛКО воқеан як омили рушди иқтисоди Тоҷикистон аст, аммо дар айни замон манбаи хатари ҷиддии зистмуҳитӣ барои кишварҳои ҳамсоя, хоса Ӯзбакистон аст. Ба андешаи Буве, партовҳои саноатӣ, ғуборҳо ва намакҳо боиси олудагии муҳити зист ва тағйири ҳаво мешавад.

Дар ҳамин ҳол, масъулини мақомоти Тоҷикистон ин иддаои намояндаи СММ-ро бепоя хонда мегӯянд, ТАЛКО тарҳҳои вижаи экологиро пиёда карда, ба ҳеҷ ваҷҳ сабабгори олудагии фазо ва муҳити зисти минтақа нест. Игор Сатторов, сардори шӯъбаи иттилоот ва таҳлили корхонаи арзизи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» гуфт: «Айни замон ТАЛКО бо навтарин таҷҳизоти муосири ҳифзи муҳит ва фанноварии ҷадид ҷиҳозонида шуда, зарари партовҳои коркардшуда чандин маротиба коҳиш ёфтааст». Сатторов зимни ташреҳи ин мавзӯъ ҳамчунин афзуд, ин як баҳонаи пуч аст ва гурӯҳҳои манфиатдор мехоҳанд ба ҳар роҳ қазияро сиёсӣ кунанд ва фишорро болои Тоҷикистон ба гунаи дигар роҳандозӣ намоянд. Ин дар ҳолест, ки ширкати «ТАЛКО» соли гузашта фақат ба хотири кам кардани зарари партовҳо ва ҳифзи муҳити зист ҳудуди 30 миллион сомонӣ, ё муодили 7 миллион доллари амрикоӣ харҷ кардааст ва имсол низ ҳамин миқдор маблағро сарфи тарҳи мазкур хоҳад кард, илова кард Игор Ӯроқович.

Маврид ба ёдоварист, корхонаи тавлиди алюминиюми Тоҷикистон мавсум ба «ТадАз» баҳори соли 1975 сохта ба истифода дода шудааст, ки алъон бо номи ширкати «ТАЛКО» маъруф аст. Ин корхона бузургтарин истеҳсолкунандаи алюминий дар Осиёи Марказӣ буда, зарфияти истеҳсолиаш дар як сол баробар ба 500 ҳазор тонна арзизи тайёр аст ва ягона корхонаи воридкунандаи арзи хориҷӣ ба буҷаи кишвар маҳсуб мегардад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!