Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:46

Мардум аз Амрико товони хисороти экологиро тақозо кардааст

20 май 2013, 16:09

Мардуми қирғиз барои суқути ҳавопаймои KC-135 Stratotanker-и ИМА дар вилояти Чуйи Қирғизистон аз Амрико ҷуброни экологӣ хостаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Қирғизистон, ҳуқуқшиносон ва сокинони вилояти Чуй имрӯз, 20-уми май зимни нишасти хабарие аз ҳукумати кишвар хостаанд, хисороти ворида аз суқути ҳавопаймои низомии Амрикоро ҳисоб ва дар мавриди ситонидани ҷуброни он иқдом намоянд.

Айдарбек Алибоев, вакили шӯрои хоҷагии Фрунзеи ноҳияи Панфилови Қирғизистон гуфтааст, дар натиҷаи суқути ҳавопаймои низомии ИМА, ки ҳомили зиёда аз 90 тона маводи сӯхт буд, беш аз 100 га зироат нобуд гардидааст: “Вале ҷониби Амрико дар мавриди барқарор ё ҷуброни ин хисорот то кунун ҳарфе назадааст.”

3-юми апрел ҳавопаймои навъи KC-135 Stratotanker дар вилояти Чуйи Қирғизистон, дар марзи ин кишвар бо Қазоқистон оташ гирифта, ба се қисмат ҷудо шуд ва ба замин уфтод. Ба иттилои манобеи хабарӣ, ин ҳавопаймо марбут ба пойгоҳи низомии Амрико дар Манас буда, ҳавопаймоҳои дигарро дар Афғонистон бо сӯзишворӣ таъмин мекардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!