Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:35

Ду номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба ду президент

13 июл 2011, 03:33

Райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии президентҳои кишварҳои Русия ва Афонистон барқияи таслият ирсол кардааст.


Зимнан, дар таъзияе, ки ба райисҷумҳури Федератсияи Русия ироа гашт, аз ҷумла навишта шудааст:

Мӯҳтарам Дмитрий Анатолйевич! Тоҷикистон хабари ғарқшавии киштии «Булгария»-ро дар Тотористон, ки бойиси марги одамони зиёд шуд, бо андӯҳи гарон қабул кард. Дар ин лаҳзаҳои воқеан ҳам ғамангез  аз номи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони ҳалокшуда изҳори ҳамдардии амиқ менамоям.

Дар номаи дуюми Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Ҳомид Карзай, сарвари давлати исломии Афғонистон дар робита ба марги бародараш  ирсол гардид, омадааст: «Ҷалолатмаоб, хабари ҳузнангези ҳалокати фоҷиавии бародари азизи шумо Аҳмад Валӣ Карзайро бар асари сўиқасди террористӣ бо андўҳи бузург дарёфтам.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос омодагии комили   Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории ду давлат дар мубориза алайҳи нерўҳои аҳримании терроризми байналмилалӣ ва дигар хатару чолишҳои ҷадиди минтақа ва ҷаҳони муосир бори дигар  таъкид менамоям. Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба шумо ва аъзои оилаи  бародари марҳуматон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам. Худо ҷояшро ҷаннат ва маъвои охираташро пурнур гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун».{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!