Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:56

Навор дар бораи некхоҳон, ки миллионҳо бинанда пайдо кард (ВИДЕО)

21 май 2013, 11:22

Аркадий Маряхин, як сокини Шимкенти Қазоқистон навори видеоиеро таҳти унвони “Ҷаҳон бедуни мардуми хуб нест” сабт карда, ки дар муддати камтар аз як моҳ диққати беш аз 4 миллион бинандаро ба худ ҷалб кардааст.

Маряхин дар ин навори видеоияш, ронандагонеро дар нақши асосӣ қарор додааст, ки аз мошини худ пиёда шуда, ба маъюбон ва пиронсолон барои гузаштан аз роҳ кӯмак мекунанд ё кӯдаконро аз баромадан ба самти роҳҳои мошингард пос медоранд.

Ин ҷавони 19-солаи қазоқ мегӯяд: "Ба назарам чунин намуд, ки ман низомро шикастам. Дар атроф садамаи нақлиётӣ, ҷанҷол, дар роҳҳо бошад танкҳову бисёр чизҳои дигар. Бо ин услуб ҳанӯз видеоеро надидаам. Ман наворҳои видеоӣ, ки дар онҳо амалҳои хуб ба навор гирифта шудааст, аз YouTube гирифта, ҷамъоварӣ кардам ва боз аз миёни онҳо беҳтаринҳоро гирдиҳам овардам. Албатта, ин кори осон набуд ва барои сохтани он ба якбору ду бор муваффақ низ нашудам."



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!