Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:38

Дастрасӣ ба сомонаи К+ дар Тоҷикистон масдуд шудааст

21 май 2013, 12:03

Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи интернетии телевизиони К+, www.kplus-tv.net, масдуд гардидааст. Корбарони интернет дар Тоҷикистон мегӯянд, аз субҳи имрӯз, 21-уми май, наметавонанд барномаҳои ин телевизионро дар шабакаи интернет тамошо кунанд.

Рафиқҷон Шокиров, муовини аввали раҳбари Хадамоти алоқа дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ниҳодашон дар масдудияти ин сомона даст надорад: «Шояд ҳамон провайдерҳо мушкил дошта бошанд, ё худи ширкати К+. Вале мо ба ин сомона ҳеч кордор ҳам нашудаем.»

Масдудияти сомонаи К+ дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш ин шабака туйи Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар шарҳи Додоҷони Атовулло, яке аз мухолифи ҳукумат мунташир карда буд. Ин навор, ки рақсу бозиҳои элитаи Тоҷикистонро намоиш медиҳад, вокунишҳои зиёдеро ба бор овардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бастани торнамохо бори авал нест мехоханд шармандагияшонро рупуш созанд он раксу сурудхонии рохбари давлатро дида шармам омад чаро конуни танзимро худ рохбар риоя накард боз дар ончо бисер шармандагихо Аллох моро аз мастиву пасти нигох дорад шармандахо озодагон чоп кунед чаро чоп намекунед е шумохам метарсед...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом Тухам ба чои Эмомали Рахмон мебуди хамин хел туй мекарди ин Додочон Атовулоев марди девона аст беакл аст худаш мумкин аз ин хам бохашамат туй кунад хеч кас ба вай кордор нест ку ин Атовулоев наметонад чи хел ба сари миз ояд чех гох ба ин максад намераси Атовулоев солхои 91-92 кучо буди Атовулоев думата рост карда гурехти ку мардаш давлата идора мекунад Эмомали Рахмон призидент хаст ва мемонад

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!