Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:45

Барномаи сипарҳои зиддимушакии Амрико барои Русия хатар доранд

13 июл 2011, 03:56

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия имрӯз дар Вашингтон бо Барак Обама, президенти ИМА ва котиби департаменти давлатии ин кишвар Ҳилларӣ Клинтон дидору гуфтугӯ мекунад.


Бино ба навиштаи хабаргузоии «Lenta.ru»  дар ин музокирот ҷонибҳо ба барномаҳои давлати Обама дар бораи эҷоди сипари дифои зиддимушакӣ дар Аврупо бештар таваҷҷӯҳ кунанд. Гуфтанист, ин тарҳҳо, яке аз масъалаҳои баҳсбарангези  муносиботи Амрикову Русия ба шумор меравад. Чанде қабл дар робита ба ин мавзӯъ Сергей Лавров эълом дошта буд, ки барномаи мазкури Амрико барои Русия хатарзост ва ин тарҳ метавонад амнияти кишварашонро зери суол барад.

Манбаъ менависад, яке аз масъалаҳои дигари баррасишаванда, ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат пайвастани Русия ва мавзӯоти иқтисодӣ аст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!