Бахшҳо

Нашру паҳни китобчаҳо алайҳи З. Саидов дар Душанбе

Имрӯз, 21-уми май, афроди номаълум дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон китобчае бо номи “Иллати миллат: Зайд Саидов кист ва чаро майдони сиёсӣ меҷӯяд?”-ро тақсим намуданд. Бархе аз сокинони Душанбе изҳор доштанд, ки ин китобчаро ба онҳо кормандони мақомоти қудратӣ додаанд.

Муаллифи ин китобча М. Мамадазизов нишон дода шудааст ва он аз 7 саҳифаи чопӣ иборат буда, бо забони тоҷикӣ нашр гардидааст.

Қаҳрамони асосии китобча Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон мебошад, ки ҳамакнун боздошт шудааст. Муаллиф ҷиноятҳои Зайд Саидовро, аз он ҷумла серзанӣ, дороии зиёд, ташкили майдонҳо дар солҳои 90-и асри гузашта, ҳуҷум ба калонаи сарҳадчиён ва тероризм, фурӯши амволи шахсӣ, ки қаблан ба давлат тааллуқ доштаанд, номбар кардааст. Дар китобча Зайд Саидов аз ҷумлаи гунаҳкорони аслии воқеоти солҳои 1992-97 арзёбӣ шудааст.

Муаллифи китобча мегӯяд, ба саҳнаи сиёсӣ омадани ашхосе монанди Зайд Саидов, ки сабабгори бесуботии давлат ва нооромии умумимиллӣ буданд, ба фоидаи давлати миллӣ нахоҳад буд. Дар китобча таъкид шудааст, ки чунин ашхос бо ҷалби “ду се зиёии бемавқеи дастнигар” ҷомеаро ба нооромӣ мебаранд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран телевизионҳои Тоҷикистон ба пахши барномаҳое оғоз кардааст, ки дар он бо лаҳни тунду маҳкумкунанда аз ҷиноятҳои гӯиё содиркардаи Зайд Саидов хабар дода мешавад.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон субҳи 19-уми май боздошт шуда, дар гирифтани ришва, қаллобӣ ва сӯиистифода аз мансаб муттаҳам мешавад. Ин иттиҳомоту маъракаи густурдаи иттилоотӣ алайҳи Саидов баъд аз он сурат гирифтанд, ки ӯ ҳамроҳии чанд нафар аз таъсиси ҳизби нави сиёсӣ, “Тоҷикистони нав” хабар дод.
Мӯҳр
Камол
Номардй аз ин зиёд намешавад. Мо медонем дар хакикат кй хаст хоини миллату иллати миллат

Зиди Сиёсати Рахмон
Тоба кадм и Рахмон аз ракиби худ ин кадар метарсидаст.Ман ба Рахмон мурочиат карда мегуям ин аз руйи марди нест як шахса то ин дарача паст задан. Ба гаму андухи кас хурсанд машав эй Рахмон ки рузе ба гами ту хамихел мардум раксу бози мекунанд ки он вакт пушаймон мешави дигар судат намекунад.Братанои озодагон як бор хами назари сагераи бесохиба чоп кне мурдм ай захмата чанд бор чоп накаде.......

Мардум
Эй хукуматдорон шумо харчики мекунед бар зарари худатон аст мо Зайд Саидро мешиносем ки у кист худатонро бехуда азоб надихед.Хайф сад хайфи чавон марди онхое ки дар хаки чунин чавонмард зулм мекунанд!

Иброхим
НОМИ ТУРАЧОНЗОДАРО ЗИЁДА АЗ БИСТ СОЛ ЧЕКИСТОЮ МУЛЛОХОИ ДАРБОРИ МЕХОХАНД, КИ БО ЧИРК ДАРОМЕЗАНД, ВАЛЕ ЗАР ХАМЕША ЗАР МЕМОНАДУ ЧИРК ХАМЕША ЧИРК. АКНУН БА ЗАЙД ЧАСПИДААНД...

хамид
он махале ки мардумро бо китопчахотон фикрошона парешон мекарден гузашт хама бо шабакахой интернати пайвастан хозир мо медонем ки гап дар сари чи меравад. барой чи 200 километри тч ба чин фурухтан инро дар телевизон нишон намедихан? агар сайдовро дар соли 2006 ба чавабгари мекашидан мо фахр мекардем ки дар тч конун чори шудайстода аст. агар хукумат милаташро дуст дорад набояд инхел муомила кунад

шакарбег
Ин методи давраи хрушеви брежневи вақт куҳна шудааст, мардуми Тоҷикистон сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонад. Мо медонем, ки сабабгори бадбахти ва қафомониву шармандагии халқи тоҷик киҳо ҳастанд. Зайд Саид барои ман Исмоили Сомонӣ аст!

Шахсе, ки дар Точикистони мо ободи кардани шавад барои нобут кардани у чанги 1941-1945 ро дар гарданаш мебанданд. Магар мо курем ё ободи нест???
Илтимос Мухтарам кормандони ОЗОДАГОН илтимос навиштачоти моро чоп кунед, ки як ду сол пас муаллимонро ба зиндон меандозанд.

Бародар Шакарбек охистатар а то пагох дар хамон хел китобчахо номи туро менависанд ва пахш мекунанд.

абвг
браво!

Браво, Зайд сайд шуд....

Зайд Саидов бехтарин одам аст,ки ба халкащ мехохад ёрдам бидихад. Ин нашрхои тв хамаш сохта аст!

М. Мамадазизовро пешка кардан ку барои тухмат кардани як шахси бегунох. Некии бисер ба монанди Ёкуб Салимов мекунад инсона (хизмати шоиста мекуни окибат ЗИНДОН)...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)