Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:36

Парвиз Назаров дар садри хит-паради «Команда KZ»

21 май 2013, 17:23

Клипи таронаи «Светлые дни»-и Парвиз Назаров дар садри хит-паради беҳтарин клипҳои Қазоқистон- Команда KZ қарор дорад.

Ин хит-парад аз сӯйи шабакаи телевизионии мусиқии Muzzone ва торнамои Headline.kz пешниҳод шуда аст. Хит-паради мазкур аз 30 клип иборат буда, ҳар ҳафта натиҷагирӣ мешавад. Клипе, ки мақоми охирро касб мекунад, аз феҳраст берун ва ҷои онро клипи нав мегирад.

Овоздиҳӣ дар сомонаи http://muzone.headline.kz сурат гирифта, натиҷаи он ҳар рӯзи ҷумъа тариқи шабакаи Muzzone намоиш дода мешавад.

То замони навишта шудани ин хабар клипи «Светлые дни»-и Парвиз Назаров бо 1175 райъ дар мақоми аввал қарор дошт. Клипи «Алдандым»-и AYSA 1160 овоз дорад.

Парвиз Назаров, яке аз пайвандони Далер Назаров, аз маъруфтарин сарояндаҳои тоҷик аст. Ӯ соли 1971 дар шаҳри Маскав таваллуд шуда, дар Душанбе ба воя расидааст. Соли 1987 гуруҳи «Адвокат» ва соли 1989 гуруҳи «Парвин»-ро таъсис дод. Аз соли 1993 то имрӯз дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!