Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:33

Ҳукумати Данғара барои ҳайвоноти дайду бошишгоҳ месозад

13 июл 2011, 04:10

Барои ҳайвоноти бесоҳиб ва ё ба истилоҳ «дайду» дар ноҳияи Данғара нуқтаи боздошт ва  нигаҳдории махсус бунёд мекунанд.


Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии «Озодагон», айни замон  дар ҳудуди ноҳияи Данғара шумораи харону сагони бесоҳибмондаву дайду ҳамасола афзоиш ёфтан дорад. Ба андешаи Маҳмадуллоҳ Сайдалиев, раиси ноҳия, роҳи халосӣ аз он дар куштану ба ҳалокат расонидани ҷонварон нест. Ҳарчанд ин ҳайвонотро инсонҳо мавриди корфармоӣ қарор медиҳанд, бо гузашти мавсими корӣ онҳоро берун мекунанд. Аммо бо гузашти фасли сармо, ба хусус харонро  боз барои корфармоӣ  ҷамъ меоваранд. Сагони дайду низ дар аксари маврид  дар кўчаву маҳаллаҳо ва деҳот зиёд мегарданд ва барои сокинон хатар эҷод мекунанд. Барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи сагони дайду ба одамон  ҳукумати маҳаллӣ тасмим гирифтаст, барои ҳаявони бесоҳибмонда, нуқтаҳои махсуси нигаҳдорӣ созмон диҳад.
Дар ҳоли ҳозир  бо супориши раиси ноҳия, барои ҳайвони аҳолӣ, ба хусус сагон, барои пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо эмгузаронӣ ба роҳ монда шудааст ва то имрӯз тақрибан  70-фисади ҳайвони хонагӣ аз ин эм шудаанд. Гуфта мешавад, дар саросари дунё ҳайвоноту ҷонварон мавриди пуштибонӣ қарор доранд ва дар Тоҷикистон низ ин тасмим гоҳ-гоҳ аз сӯи масъулин гирифта мешавад, аммо дар ноҳияи Данғара барои аввалин бор аст, ки ҳайвоноти дайду ба ин навъи ғамхорӣ рӯ ба рӯ гаштанд.  {jathumbnail off} 


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!