Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:05

Вазир: Муаллимон ҳаққи таблиғи сиёсат дар мактабро надоранд

22 май 2013, 10:16

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон ба суолҳои хонандагони хабаргузории «Озодагон» посух гуфт. (Аз идора: Имло ва тарзи пешниҳоди суолу ҷавобҳо тағйир дода нашудааст.)



Донишҷӯ, 4 апрел 2013 14:13
Салом ҷаноби вазир саволи ман чунин аст.
1..Чаро нархномаи дар донишгоҳҳо аз 600 то 3500$ ҳаст?

Нуридди Саидов: Муайян намудани миқдори маблағи таҳсил тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ба салоҳияти роҳбарияти муассисаи таълимӣ дохил буда, он дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Ноили, 4 апрел 2013 14:24
Салом! Вазири маориф гуфта метавнед, ки имрӯз имтиҳонҳои қабул дар донишгоҳҳо шаффоф ба роҳ монда мешаванд?

Нуридди Саидов: Тайи солҳои охир бо мақсади ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ворид гардидани зинаи таҳсилоти олии касбӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар имтиҳони қабул ба таври тестӣ ва хаттӣ (иншо ё диктант) баргузор мегарданд. Довталабоне, ки аз натиҷаи ҷавобашон норизо ҳастанд, тибқи талаботи Қоидаҳои қабул метавонанд ба комиссияи аппелятсионӣ муроҷиат намоянд, ки ин шаффофияти кори комиссияи қабул мебошад. Ҳамзамон, шурӯъ аз соли 2014 довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ, ки имрӯз дар як қисм кишварҳо чунин тарзи қабул роҳандозӣ шуда истодааст, қабул карда мешаванд. Боварӣ дорем, ки чунин тарзи қабул шаффофияти онро ба пуррагӣ таъмин менамояд.

Манучер, 4 апрел 2013 15:45
Ҷаноби Н. С. Дар донишгоҳҳо ҳар рӯз тафтиш мекунанд, ки донишҷӯ галстук дорад ё надорад ё ришаш гирифтагӣ ё не, чаро ягон бор тафтиш намекунанд, ки донишчу савод дорад ё надорад, навиштан ё хондан метавонад ё не?

Дар назди ҳар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хадамоти назорати сифати таълим ташкил карда шудааст, ки тибқи нақшаи корӣ ҳар нимсола то 2 маротиба вазъи таълиму тарбия ва сифати тайёр намудани мутахассисонро дар факултету шуъбаҳо мавриди санҷиш қарор медиҳад. Ҳамзамон, вазъи таълиму тарбия ва сатҳи дониши донишҷӯён аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф мунтазам мавриди санҷиш қарор дода мешавад.

Донишҷӯ, 4 апрел 2013 22:27
Саволи банда дар бораи фурӯхтани квотаҳои президентй. Ҳангоме, ки тобистон озмун барои квота баргузор мешавад алакай маълум аст, ки кӣ мегирад квотаро. Ин харидуфурӯш дар вазорат анчом меёбад?

Нуриддин Саидов: Ҳар сол тибқи нақшаи қабули аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида гурӯҳи корӣ аз ҳисоби омӯзгорону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони Вазорати маориф бо иштироки бевоситаи волидайн ва ё омӯзгори довталаби квотаи Президентӣ сӯҳбат баргузор мегардад. Ҳар як довталаб дар ҳузури волидайн ва ё омӯзгораш ба саволҳои гурӯҳи корӣ ба таври хаттӣ ҷавоб медиҳад. Баъди ба анҷом расидани вақти муайяншуда санҷиши корҳои хаттии довталабон низ дар ҳузури волидайн баргузор мегардад. Дар ин муддат комиссияи аппелятсионӣ низ кор мекунад, агар доир ба ин масъала ягон саволе ба миён ояд, ҳайти комиссия ҳатман дар ҷояш дида мебарояд. Аз саволатон бармеояд, ки шумо дар ҷараёни интихоби довталабон ягон маротиба ширкат наварзидаед. Фурӯхтани квотаи Президентӣ дурӯғи маҳз аст. Агар чунин ҳолатҳо ба шумо маълум бошад, метавонед ба мақомоти дахлдори қудратӣ муроҷиат намоед.

Шохрух, 5 апрел 2013 20:19
Ассалому алейкум вазири муҳтарам! Ман ният дорам имсол аз муҳоҷират баргашта дар Донишгоҳи техникии ба номи устод Осимӣ донишҷӯ шавам. Дар донишгоҳ барои донишҷӯён хобгоҳ медиханд ё не? Нархи шартномаи ин донишгоҳ чанд сум аст? Муваффақият ва бурдборӣ!

Нуридди Саидов: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии варзидаи кишвар ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ дорои якчанд биноҳои хобгоҳи донишҷӯӣ мебошад, ки ҳар сол аз рӯи имкон донишҷӯёнро бо хобгоҳ таъмин менамояд. Шумо низ метавонед баъди дохил шудан ба ин ва ё он факултети донишгоҳ бо хобгоҳ таъмин гардед. Маблағи таҳсил дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ аз 600 доллари амрикоӣ то 1200 доллари амрикоӣ вобаста ба шакли таҳсил ва ихтисос муайян гардидааст.

Солим, 6 апрел 2013 15:13
Салом Муҳтарам вазир. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дараҷаи дониш ба солҳои 60-уми асри гузашта баробар аст факултетҳояш ҳам аз солҳои 40-ум мебошад, тамоми таҷҳизоти донишгоҳ аз солҳои 60-ум мондагӣ. Аъзои Шӯрои олимонаш маҷлиси колхозҳои асри миёнагӣ буда ягон масъалаи муҳимро ҳал карда наметавонад. Шумораи зиёди донишҷуёнаш бесаводии асрҳои гузаштаро ба ёд меорад. Шумо аз ин ҳол дарак доред?
Нуридди Саидов: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳақиқат тайи солҳои охир аз нарасидани омӯзгорону устодони дараҷа ва унвони илмидошта танқисӣ мекашад. Бо ибтикори Вазорати маориф ҳар сол ба таври имтиёз хатмкардагони аълохони донишгоҳ ба аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе ва хориҷи кишвар қабул гардида истодаанд. Барои беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва таъмиру тармим намудани биноҳои таълимӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида истодаанд. Боварӣ ҳаст, ки баъди ду-се сол донишгоҳ бо таҷҳизоти ҳозиразамон ба пуррагӣ таъмин карда мешавад.

Фарҳод Ғафурзода, 6 апрел 2013 15:55
Ҷаноби Нуриддин Саидов! Ман огаҳ ҳастам, ки Шумо дар баробари ба ДМТ ба кор омаданатон чанд иқдоми хубу шоиста ва ҷолибро (ғайр аз таъини кадрҳо!!!) пайгирӣ кардед. Дар мадди аввал чопи китобҳои дарсӣ бо забони модарӣ. Воқеан, банда дар Русия кору фаъолият намуда истодааму мехоҳам барои фарзандони тоҷик, ки дар факултетхои ҳамрадифи геологӣ таҳсил мекунанд, китобҳои соҳавиро аз геология омода намуда ба чоп тахия кунам. Ҳоло ду китобам омодаи чопанд. Дар хусуси чӣ тавр ва бо кадом роҳҳо чоп ва дастраси хонанда гардидани китобҳое, муаллифонашон дар хоричи кишвар фаъолият доранд, чӣ маслиҳат медиҳед? Баъдан, хизмати Шумо дар самти сабзазоркуниву ободкунии мавзеъҳои атрофи Донишгоҳ! Барои ин ҳама аз Шумо миннатдоранд!
Бо эҳтиром, дӯсти Шумо Фарҳод Ғафурзода

Нуридди Саидов: Шумо метавонед, ки маводи дарсии таҳиякардаи худро баъди гирифтани тақризҳо ба Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии назди Вазорати маориф пешниҳод намоед. Дар назди маркази зикргардида комиссияи экспертӣ фаъолият мекунад, баъди хулосаи мусбии комиссияи мазкур масъалаи ба чоп тавсия намудани маводи дарсии таҳиянамудаатонро мушовараи Вазорати маориф баррасӣ менамояд.

Magistr, 8 апрел 2013 12:15
Бо арзи салом, муҳтарам Вазири Маорифи кишвар...
Фикр мекунам, дар бораи даъвати магистрантон ба хизмати ҳарбй аз донишгоҳҳои шимоли Тоҷикистон огохй доред. Дар ҳоле, ки магистратура низ зинае аз таҳсилоти олии сиситемаи имрӯза аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои ғайрирасмй ин мушкил дар минтақахои дигари ҷумхурй сар назадааст. Шумо чй метавонед бигӯед? Оё ин амал қонунй буд ё хайр? Ва ин мушкили донишгоҳҳои шимоли кишвар кай ҳалли худро меёбад?

Нуридди Саидов: Дар ҳақиқат, соли ҷорӣ аз тарафи комиссариати ҳарбии вилояти Суғд якчанд нафар магистрҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Хуҷанд ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ даъват гардиданд. Масъалаи ба таъхир андохтани магистрҳо аз ҳизмати ҳарбӣ дар гурӯҳи кории муштараки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳайати гурӯҳи корӣ ба хулоса омад, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд. Масъалаи мазкур зери назорати вазирони ҳар ду вазоратҳо қарор дорад.

Донишҷӯ аз ДДСТ, 8 апрел 2013 15:43
Салом ҷаноби Вазир!
Барои чи дар бораи ректори иниститути мо ягон чора андешида намешавад?
Ягон муаллим нест. Иқа студентҳора ай куҷое қапида овардай, ба мо мусиқӣ ёд медиҳанд. Илтимос , ки ба мо муаллим биёред. Ректор муаллимҳора сур карда гаштай. Дар газета муаллимҳо навиштаанд ва дар бало мондаанд. Зидди муаллимҳои пора намегирифтагӣ имзо ҷамъ карда истодааст.
Илтимос мода муаллим биёбед. Раҳмат!

Нуридди Саидов: Масъалаи бо омӯзгорон таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ дар зери назорати роҳбарияти вазорат қарор дорад. Айни замон роҳбарияти Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода иваз гардида, роҳбарияти нав дар ҷустуҷӯи омӯзгорони варзидаю собиқадор мебошад. Дар назар аст, ки дар аввали соли таҳсили 2013-2014 кафедраю факултетҳои ин донишкада бо омӯзгорони варзида ва собиқадори тахассусӣ таъмин карда шавад.

asror, 9 апрел 2013 12:08
salom alaykum avvalan tashakur mekunam az masulini sayti ozodagon badan janobi vaziro baroi vakti hudro dareg nadoshta ba savolhoi mo javob dodan tashakur meguyam. Janobi vazir man on savolhoe ki ba shumo dodaan hondam aksariyat baroi hijob pursidaand. Yane az in metavon hulosa kard ki mardum hud mehohand farzandonashon bo hijob ba donishgoh firistand ammo vazorate maorif ziddi hostahoi mardumi hesh baromada hostahoi hirijiyonro barovarda kardaistodaast. Agar shumo dar hakikat islohot mehohed kuned dar vazorati maorif pas boyad hostahoi mardumi kishvaro az hostahoi horijiyon bolo guzored zero shumo dar hukumat namoyandai mardumed pas boyad az hamin suolhoe ki ba shumo dodaand boyad shumo hulosa kuned ki mardum hud mehohand ki farzandhoyashon bo hijob ba donishgohu maktab ravand va boyad az pasi barovardani on shaved. Ammo medonam ki boz meguyed ki jomeai mo dunyavist va in hilofi jomeai dunyavist , agar chunin boshad ustodi muhtaram davlathoi garb hama az davlati mo dida dunyavitarandu demokratitar charo dar onho ijoza ast ? yo guftanied onho diktaturiand? Janobi vazir baroi baland bardoshtani sathi donishu rushdi maorif hijob hejgoh monea nashudaast ohir yakbor ba kishvari malayzia nazar kuned kase hohad hijob mepusahd kase hohad namepusahd kase ba kase kor nadorad bo inroh kishvar rushd kardaistodaast. Savoli digari man inst ki nazari shumo dar boraid karori ohire ki vaziri sobik Abdujabbor Rahmonov dar donishgohi omuzgori barovard va hato baze donishjuyonro az dars pesh kard dar hole ki in gayri konuni bud chi gufta metavoned? boki barori kor ba shumo

Нуридди Саидов: Вазорати маориф бо мақсади ба низом даровардани раванди тарбияи эстетикии хонандагону донишҷӯён «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ»-ро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия намуд. Либоси донишҷӯӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён нақши бузург мебозад. Либосҳои тавсиявии донишҷӯӣ дар замири донишҷӯён ҳисси зебоипарастӣ, озодагӣ ва хулқу атвори ҳамидаро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва боинтизом бошанд. Касби омӯзгорӣ, пеш аз ҳама, ба парвариши инсон машғул мебошад. Аз ин рӯ, онҳое, ки ин касбро барои худ интихоб намудаанд, бояд нигоҳи маънавию зебоипарастиашон дар сатҳи баланд бошад. Аз тарафи дигар, муассисаи таҳсилоти олии касбӣ боргоҳи фарҳангӣ мебошад ва ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ аз донишҷӯён риоя намудани талаботи Дастурамали дар боло зикршударо талаб намудааст.

донишҷӯй, 11 апрел 2013 09:35
Чаро шумо қонуни конститутсияро риоя намекунед?
Чаро дар тӯли 4 соли раёсати ДМТ бар ухда доштанатон ягон кадрҳои шумо ба хусус занон то ҳол дипломат ё сафир нашудаанд?
Шумо барои занон ва ё духтаронро дастгирӣ карданатон барои илмомузӣ чи курбонихо кардаед ё гузашт кардаед?
Чаро шумо дар вакти кабулатон ки рузи Шанбе аст шахрвандонро кабул намекунед?
Ё суистифода аз мансабатон мекунеду дагалона рафтор мекунед?
Маро аз донишгох барои саривакт насупоридани маблаги шартнома хорич кардаанд. чун падарам дар мухочират мехнати дар Маскав аст сариват маблаги лозимаро равон карада навонист шумо барои ман мусоидат мекунед ки ман тахсиламро давом тиям ман гоибхонам?

Нуридди Саидов: Дар Вазорати маориф ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз соати 8-30 дақиқа қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст ва ҳамаи он нафароне, ки дар рӯзи қабул ба вазорат меоянд, ҳатман қабул ва арзашон шунида мешавад.
Шумо барои барқарор шудан муроҷиат намоед. Ба аризаатон ҳуҷҷатҳои зарурӣ (нусхаи фармони хориҷ, нусхаи дафтарчаи имтиҳонӣ)-ро замима намоед. Муроҷиататон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Муаллимаи ДДСТ, 11 апрел 2013 16:46
Салом, устоди гироми!
Ташаккур ба Шумо ки барои сухбат розиги додед!
Устоди азиз! Намешавад хамаи донишкадаву донишгоххо тобеъи Вазорати маориф бошад?
Мисол ман дар Донишкадаи санъат кор мекунам. Ин донишкада тобеи Вазорати фарханг аст, вале ин ректор хичкира писанд намекунад. Тамоми хамкорони мо аз дасташ ба дод омадаанд.
Котибахою донишчудустонаш хукукашон аз мо боло аст.
Хамаи донишмандон тарки донишкада карданд. Пагох ба ин кишвар санъат лозим нест?
Хамин донишкада барои макотиб муаллим омода намекунад?
Хохиш ин масъаларо чидди бигиред ва бо сарвари давлат дар миён бигзоред.

Нуридди Саидов: Ба тобеияти Вазорати маориф гузаронидани ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дохил мешавад. Ректоратон иваз шуд ва гумон мекунам, ки он мутахассисоне, ки донишкадаро тарк намуда буданд, барои тарбияи насли наврас бармегарданд.

Рустам Гулов, 11 апрел 2013 19:55
Ҷаноби вазир!
Чӣ хеле ки борҳо таъкид гаштааст, он либоси ягонае, ки барои донишҷӯён омода гаштааст дар асл характери тавсиявӣ дорад, яъне пӯшидан ё напӯшидани он аз хоҳиши худи донишҷӯён вобаста аст ва дар ҳолати напӯшидани фарз намудем галстук донишҷӯро набояд аз дарс ронанд ё ин ки аз донишгоҳ хориҷ намоянд.
Дар асл бошад тамоми донишгоҳҳои Тоҷикистон онро ҳамчун на ин ки либоси тавсиявӣ балки фармонӣ эътироф намуда, донишҷӯёнро бе галстук ё духтаронро бо сатр ба донишгоҳ омадан намемонанд. Ин як намуд табъиз (дискриминатсия) ва монеагӣ барои гирифтани таҳсил мебошад.
Шояд вақти он расидааст, ки ин тавсиянома аз байн бурда шавад?

Нуридди Саидов: Чи тавре, ки дар боло зикр намудем, либоси донишҷӯӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён нақши муҳим мебозад. Дар ҳар як муассисаи таълимӣ қоидаҳои дохилитаълимгоҳӣ амал мекунанд, ки риояи онҳо аз ҷониби нафароне, ки донишҷӯ мебошанд, ҳатмист. Таҷриба нишон медиҳад, ки роҳе, ки барои тарбияи насли наврас пеш гирифтаем, ин роҳи дурст аст ва як қатор мамлакатҳо ин таҷрибаи моро пайравӣ карда истодаанд. Масалан, дар Федератсияи Россия низ аз моҳи сентябр сару либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар муассисаҳои таълимии Великобритания низ сару либоси ягона ҷорӣ аст.

Анушервони Одил, 12 апрел 2013 10:56 Аввал салом вазири мухтарам Нуриддин Саидов!
Банда устоди Донишгохи миллии Точикистон ҳастам. Нахуст сипосгузории ахли устодони чавони яке аз факултахои донишгохро ба Шумо ирсол менамоем. Чун вокеан Шумо тавонистен, ки дар муддати кутохии раиси ДМТ будан ин муассисаи олиро ободу зебо ва сатхи ин Донишгохро ба зинаи боло бароред. Албатта раиси имрузаи донишгох низ икдомхои начибонаи Шуморо идома дода истодаанд. Аммо чун як нафар устод якчанд пешниходи кучаке дорам, ки шояд бо амали шудани он таъсире ба низоми маориф расонида тавонад.

1. Агар имкон бошад, намояндагони Вазорати маориф, шуъбахои маориф дар нохияхо дар як мох як маротиба аз донишгоххо ё мактабхои тахсилоти хамагони рейд гузаронанд, ки бархак ба бехтаршавии раванди таълим мусоидат хохад кард. (зеро хислати танбали дар тинати баъзе нафарон монааст, то онхоро назорати пурзур накунему фишоровари накунед кор намекунанд)

2. Дар мавриди мачбури вориди китобхонахо намудани хам устодон ва хам донишчуён бояд чорахои мушаххас андешид, зеро имруз хам устодон ва донишчуён рохи китобхонахоро фаромуш намуданд.

3. Дар мавриди эхтироми номи муаллим дар чомеа талоши Шумо зарур аст. Зеро имруз дар миёни устодон хастанд, нафароне, ки номи омузгорро хор мекунанд, ки дар симои хамаи устодон дар чомеа хамаро олудаи пораву порахури медонанд. Дар кадом маърака ё чорабинихое нанишинем, мегуянд вакти кор муаллим омадааст, як бахо ин кадар пул фалон бахо ин кадар пул меистад корди муаллим болои равган. Хол он, ки муаллим акл дорад, фаросат дорад у китоб менависад, дар проектхо иштирок мекунад, тичорат мекунад дигар манбахои даромади рузгузарони дорад. Муаллим худ дарси ахлок меомузонад худ донишчуро ба рохи рост хидоят мекунад чигуна у метавонад, дидаву дониста хамаи инро мекунад.

Нуриддин Саидов: Аз ҷониби Вазорати маориф, маорифи шаҳру ноҳияҳо давра ба давра ҷараёни раванди таълим мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дода мешавад. Дар соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Роғун, Ваҳдат, Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва баъзе аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ чунин санҷишҳо гузаронида шуд ва натиҷаҳо дар мушовараҳои сайёри Вазорати маориф бо иштироки масъулини соҳа, кормандону мутахассисони раёсату шуъба, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор дода шуданд. Ин кор мунтазам идома дода мешавад.

Дар мавриди ба китобхона ва китобхонӣ ҷалб намудани хонандагону донишҷӯён ба раёсати муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои ҷиддӣ дода шудааст. Боз ҳам беҳтар мешуд, агар ҳар як омӯзгор аз донишҷӯёну хонандагон хондани китобро талаб мекард, он гоҳ ин масъала зудтар ҳалли худро меёфт. Бо мақсади таъмини хонандагону донишҷӯён ва китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ Вазорати маориф чопи адабиёти бадеиро дар муассисаи нашриявии худ «Маориф ва фарҳанг» ба роҳ мондааст.

Дар хусуси баланд бардоштани эҳтироми номи омӯзгор Вазорати маориф ҳама чораҳоро андешида истодааст. Дар боби 5 тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (моддаҳои 52, 53, 54) барои ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон аз ҷониби давлат таваҷҷуҳи зиёд дода шудааст. Дар баробари ин, мақоми омӯзгор, шаъну шарафи ӯ, пеш аз ҳама, аз Шумо устодони гиромӣ низ вобастагии калонӣ дорад. Ҳар як омӯзгори фаъолу пешқадам бояд дар ҷое, ки кору фаъолият ва зиндагӣ мекунад, ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳад. Ба шогирдон аз сидқи дил дарс диҳад ва дар дили онҳо меҳру муҳаббатро нисбат ба касби интихобкардаашон, ҳурмату эҳтиром нисбат ба волидай ва калонсолон, муҳаббат ба Ватан, ҳифзи марзу буми кишвари азизамонро бедор намоянд.

Taliban, 14 апрел 2013 09:54
Чаноби Вазир! Барои чи омузгорон ба сарулибоси донишчуи ва мактаби нигох мекунанду, аммо ба дониш ва ахлоки донишчуёну талабагон хеле кам ахамият медиханд??
Имруз дар таълимгоххо хеле ахлоки донишчуён паст шудааст, онхо сари хар кадам дашномхои кабех дар даханашон меоваранд. Агар барои дашномхои бешармонаву кабех чарима меситониданд хеле хуб мешуд! Хам ба давлат фоида хам ба дашномдиханда.

Нуриддин Саидов: Бо сару либоси муайян ба мууассисаи таълимӣ омадан ин худ як низом ва зебоипарастӣ мебошад. Албатта, омӯзгорон ба ғайр аз риояи салу либоси мактабӣ, инчунин бояд ба дониши хонандагону донишҷӯён аҳамият диҳанд. Дар мавриди додани дашномҳои қабеҳ дар конунгузории маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо пешбинӣ карда шудаааст. Аз тарафи дигар, мову шумо низ узви ҳамин ҷомеа мебошем ва бо рафтори неку насиҳат метавонем пеши роҳи ин гуна рафторҳои ношоистаро гирем.

Саид Шарифов, 15 апрел 2013 14:19
Оё Шумо, чаноби вазир, хабар доред, ки дар Донишкадаи забонхо барои гум шудани журнали гурухи 123 факултети филологияи рус аз донишчуён 30 сомони гирифтаанд? Соли гузашта низ журнали ин гурух гум шуда буду донишчуёнро водор ба пардохти 50 сомони карда буданд. Инро чи тавр метавон арзёби намуд? Ришвахори? Зеро дар кучо дидаед, ки кимати як журнали маъмули садх сомониро ташкил кунад? Боз масъалаи чамъ кардани пулро аз донишчуён худи декани ин факултет назорат мекунад. Яъне бо хар бахона аз донишчуён пул талаб кардан як кори маъмулии устодони шудааст, ки на дар шаъни онхо ва на дар шаъни Вазорати маориф намебошад. Хадди акал ман хамчун падари яке аз ин донишчуён аз доштани чунин низоми тахсилоти оли шарм мекунам. Шумо чи, чаноби вазир?

Нуриддин Саидов: Пеш аз ҳама, журнали гурӯҳи таълимӣ ин худ ҳуҷҷате мебошад, ки тамоми фаъолияти яксолаи донишҷӯёнро инъикос менамояд. Он ҳуҷҷати муҳим мебошад, ки то 75 сол дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҷамъоварии маблағ аз донишҷӯён, аз он ҷумла барои журнали гумшуда ҷиноят аст ва тафтиши он бояд дар доираи қонунҳои амалкунанда сурат гирад.

диловари дангараги, 4 апрел 2013 23:00
Мухтарам вазир, шумо баьди таин шудан ба ин вазифа ,ваьда дода будед ки дипломи донишгохоро ба чомеаи байналмилали мехезонам аммо афсус дида истодаем ки хеч пешравие нест, барьакс конунхои пучеро мебароред ки одамро аз шуниданаш хандаш мегира( ба монанди калучу пушоку и т д) , оё шумо ба ваьдаи додаатон вафо мекунед(ай вада гуш кадара шапшзанак шдагием)??

Нуриддин Саидов: Афсӯс, ки ба иттилои расонаҳои хабарӣ ва маҷаллаю рӯзномаҳо диққат ҷиддӣ намедиҳед. Бо ибтикори Президенти кишвар дар соли 2012 аз ҷониби Созмони Аврупо оид ба баробарарзиш эътироф гардидани дипломҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Созмони Аврупо санад қабул карда шуд. Таъкид бояд кард, ки Тоҷикистон аввалин кишвар аз собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мебошад, ки имкони эътироф гардидани дипломҳои таҳсилоти олии касбиро ба даст овард.

Донишчу, 4 апрел 2013 14:13
Салом чаноби вазир савохои ман чунин аст.
1. Дар кишлоки вота ду сол шуд ки як сохтмони ниммаро пурра кардан наметавонанд. (Сабаб дар чи аст чаноби вазир) Шояд аз бемасъулиятии кормандони Шумо ё худи Шумо???????

Нуриддин Саидов: Сохтмони 10 синфхона дар назди мактаби №54 деҳаи Вотаи ноҳияи Айнӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба тариқи ҳашар ба роҳ монда шудааст. Мактаби мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Амриддин Начмиддинов, 12 апрел 2013 15:16
Салом! Мухтарам Устод аз Шумо эхтиромона хохиш мекунам ба саволхои ман чавоб дихед.1 Сохтмони мактаби миёнаи раками 20 нохияи Айни дехи Мадм кай ба сохтмонаш шуруъ мекунанд?2. Кадом ширкати сохтмони ба сохтани мактабхои миёна сару кор доранд? 3. Барои сохтмонхои мактбхои миёнаи замонави чанд гектар замин лозим аст? Дар охир саломат бошед!

Нуриддин Саидов: Сохтмони мактаби №20 деҳаи Мадмии ноҳияи Айнӣ ба нақшаи пешакии марҳилаи 4 гранти Фонди каталитикӣ ворид карда шудааст. Баъди тасдиқи нақшаи мазкур аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ сохтмони иншооти мазкур оғоз карда мешавад. Ҳамаи ширкатҳои сохтмонии ватанӣ, ки иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ доранд, баъди ғолиб омадан дар озмун оид ба интихоби пудратчӣ метавонанд сохтмони мактабро оғоз намоянд. Тибқи меъёру қоидаҳои сохтмонии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи қитъаи замин барои муассисаҳои таълимӣ бо ғунҷоиши то 500 хонанда ба андоза 60 м2 барои 1 хонанда, бо ғунҷоиши аз 500 то 600 хонанда ба андоза 50 м2 барои 1 хонанда ва бо ғунҷоиши зиёда аз 600 нафар ба андоза 35-45 м2 барои 1 хонанда муайян шудааст.

Чахонигири Рустам, 7 апрел 2013 11:04
Салом вазир! Ман аз мушкилоти мактаби тахсилоти миёнаи раками 49-и нохияи Хамадони, дехаи Чойлобкамар сухан гуфтаниям. Яксол пеш дар рузномаи "Пажвок" маколае дар бораи мушкилоти ин мактаб чоп карда будам, аммо то хол мушкилот чой дораду хеч касро парвое нест. Агар ба ин мушкилихо расидаги карда метавонед, мардонавор бигуед, ки ""Ман метавонам". Мактаб чунин мушкилот дорад:

1. Аз чихати мавкеи чойгиршави дар байни деха аст, ки ба рафти дарс хама чиз халал мерасонад.

2. Ягон тачхизот барои дарси вазиш вучуд надорад.

3. Дар ру ба руи мактаб кухе хаст, ки дар холати ногувор карор дорад ва дар холати боришоти зиёд фаромаданаш мумкин аст.

4. Майдончаи варзиши нест.

5. Масохати мактаб хамаги 23 сотих аст, ки ба талабот чавобгу нест.
Умедворам, ки як кас дилаш ба хамин тифлони бегунох месузад, вагарна.....

Нуриддин Саидов: Бо назардошти дар тавозуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарор доштани бинои муассисаҳои таълимӣ шароити мусоиди таълимӣ фароҳам овардан ба хонандагон ба уҳдаи ин мақомот вогузор шудааст. Инчунин, ҷудо намудани қитъаи замин ба салоҳияти мақомоти маҳаллӣ мебошад ва Вазорати маориф ҳуқуқи зиёд намудани масоҳати замини мактабро надорад. Дар баробари ин, дар доираи имконоти худ, Вазорати маориф барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти мактабӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.

Саодат, 5 апрел 2013 12:52
Саволхо барои вазар...
1. Ое аспиранто ва соискателоро ба хизмати харби мебаранд???

2.Доир ба масъалаи ба нафака баромадани муалимон ягон тагирот вучуд дорад е на???

3. Ба муалимон чи гуна имтиезхо аз тарафи маораф е давлат дода мешвад??

Нуриддин Саидов: Дар хусуси ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани аспирантҳо ва унвонҷуйҳо бояд қайд намуд, ки мувофиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» онҳое, ки унвони илмии номзади илм ё доктори илм доранд, аз даъвати хизмати ҳарбӣ озоданд. Боқимонда гурӯҳи шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Вобаста ба баромадани омӯзгорон ба нафақа ба моддаи 60 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» айни замон ягон тағйирот ворид нагардидааст.

Дар лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар моддаи 53-и он имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла омадааст: ба таъхир андохтани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ, таъмин гардидан бо доруворӣ ва табобати бепул ҳангоми беморӣ, дар навбати аввал таъмин гардидан бо хонаи истиқоматӣ ва ё қитъаи замин ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Омузгори бепул. 5 апрел 2013 07:13
Салом вазири мухтарам. Савол1. Омузгорони чавон кадом хукукхо ва ба чи имтиёзхо бархурдоранд?

Нуриддин Саидов: Тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» барои се соли аввали омӯзгорони ҷавоне, ки дорои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ ҳастанд ва дар намудҳои гуногуни мактабҳои таҳсилоти умумӣ кор мекунанд, аз 1 январи соли 2007 имтиёзҳои зерин муайян карда шудааст:
-бенавбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ;
-дар ноҳияҳои кӯҳистон вобаста ба имконияти ноҳияҳо ҷудо кардани қитъаи замин барои полезкорӣ ва боғдорӣ;
-додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи замбӯри асал.

Суол: Муаллимони нафакахур дар мактабхои миёна омузгори мекунанд чоиз аст?

Нуриддин Саидов: Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки мувофиқи моддаи 60 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаллимоне, ки дар кори омӯзгорӣ дар мактабҳо ва дигар муассисаҳои кӯдакон бевосита машғул мебошанд, дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори зикргардида ва баъди синни 63 барои мардон ва 58 барои занон метавонанд ба нафақаи дарозмуддат бароянд. Инчунин мутобиқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» кормандони омӯзгорие, ки собиқаи кории бетанаффуси на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд.

Хуршед, 15 апрел 2013 14:29
Вазири мухтарам! Интихоби мудири шуъбаи маорифи шахри Панчакент тасодуфи буд ё хайр? Навашро дар назар дорам...

Нуриддин Саидов: Ба самъи шумо мерасонем, ки мудири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент аз 20 марти соли 2013 аз мансаб озод карда шуда, тибқи талаботи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз тарафи раиси шаҳри Панҷакент 3 нафар номзад барои ишғоли мансаби мазкур пешниҳод гардидааст, ки пас аз гузаронидани озмун аз 3 нафари зикршуда 1 нафар ба мансаби мудири шуъбаи маориф таъин карда мешавад.

Абдухолик, 15 апрел 2013 14:31
Ассалом устод саволи ман дар бораи Абдучабор Рахмонов намешавад, ки чунин шахсхоро аз донишгоххо ронед?! Инхел одамон обруи миллат ва давлатро паст мезананд ва шогирдонро ба роххои бад мебаранд. Вакте шахс пошна баланд мепушад бари равновеси кафаси синаро ба пеш ва кисми поёни баданро ба кафо бояд барад, яъне фигура айёнтар мешавад ва аз ин холат Рахмонов лаззат мебарад.
Бёмуз фарзандро даст ранч в-агар даст дори чу корун ба ганч,
Нигах дор к-аз омузгори бадаш,ки бадбахту тира кунад чун худаш

Нуриддин Саидов: Оид ба масъалаи баённамудаи шумо ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ҷавоби асоснок пешниҳод намудааст, ки дар расонаҳои хабарӣ он чоп шуда буд.

Мурод, 4 апрел 2013 15:42
Мутарам Вазир!
Писари ман дар гимназияи президентии шахри Душанбе воеъ дар наздикии Автовокзал тахсил мекунад. Новобаста ба он ки мо дар як сол 4000 (чор хазор) сомони хакки тахсилро мусопорем боз барои туб, бур ва ашёхои дигар аз фарзандони мо пул чамъ мекунанд. Ё чунин рафтори муаллимон дар доираи конун аст? Аз мо барои чи дар як сол 4000 сомони мегиранд, вакте ки хатто барои бури мактаб пул намеёбанд?

Нуриддин Саидов: Тибқи талаботи Оинномаи литсей- интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди шумо дар муассисаи номбурда тариқи шартнома таҳсил менамояд. Маблағи пардохтаи Шумо тибқи Шартномаи дуҷониба барои маоши омӯзгорон ва дигар харҷномаҳои тасдиқшуда, аз ҷумла, харидории маводи варзишӣ, бур, дастурҳои методӣ ва ғайра сарф карда мешавад. Ҷамъоварии ҳамагуна маблағ, ки берун аз доираи дар Шартномаи дуҷониба дарҷгардида манъ аст ва метавонед аз пардохти ин гуна маблағҳо худдорӣ намуда, ба маъмрияти литсей- интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Хамтмкунанда ДМТ, 5 апрел 2013 10:25
Суоли дигари ман чунин аст он хабархое пахн шуд ки дар шахри Кулоб муаллимон-ро ба зури узви ХХДТ кардаанд ва аз маоши онхо аъзохаки гирифтаанд оиди ин холатхо чи гуфтаниед?

Нуриддин Саидов: Тибқи моддаи 8 Конститутсяи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.
Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Яъне мактаб муассисаи таълимии давлатӣ буда, орӣ аз ҳамагуна сиёсатҳост. Тибқи қонунгузорӣ ҳар як шаҳрванд, аз чумла омӯзгор ихтиёрӣ метавонад ба аъзогии ин ё он ҳизб шомил гардад, вале ҳуқуқи дар чои кор ва ё муассисаи таълимӣ тарғиб намудани сиёсати ин ё он ҳизбро надорад. Дар мактаб омӯзгор танҳо ба кори таълиму тарбия ва худомӯзии касбӣ машғул бошад.

Худойназар, 5 апрел 2013 18:40
Авал салому дуруд вазири мухтарам . саволи ман ба шумо дар мактаби мо як беақл девонахам гуйем хатто намекунем омузгор шудаст ин мактаб дар нохияи Ёвон ва дар дехаи чаманзор аз шумо хохиш мекунем хамин мактабхоро тафтиш кунед.

Нуриддин Саидов: Мактаб муассисаи таълимии давлатӣ буда, тибқи қонунгузории ҷорӣ дар он шахсоне, ки дорои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ҳамчунин, аз муоинаи духтур гузаштаву солимақл мебошанд, ба кори омӯзгорӣ чалб карда мешаванд. Нибати мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар деҳаи Чаманзори ноҳияи Ёвон иттилоъ медиҳем, ки тибқи иттилооти мудири шуъбаи маориф ва директори мактаб дар он 15 (6 нафар зан) нафар омӯзгор, аз ҷумла 1 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ кору фаъолият мекунад, ки ҳама аз лиҳози ақлонӣ ва равонӣ солим мебошанд.
Устодеро, ки шумо дар назар доред, дар мактаби мазкур кайҳо боз кор намекунад.

Мадм, 6 апрел 2013 11:48
5.Дарсхои Алифбои ниёгон барои чи дар як хафта як маротиба? Саломат бошед!

Нуриддин Саидов: Тибқи талаботи Нақшаҳои таълимии массисаҳои таҳсилоти умумии Ҷмҳурии Тоҷикистон барои соли хониши 2008-2009 ва солҳои минбаъда ба таълими фанни алифбои ниёгон дар синфҳои 4-7 ҳафтае як соатӣ дарс пешбинӣ гардидааст. Соатҳои ҷудогардида имкон медиҳад, ки хонандагон дар давраи таҳсил дар синфҳои 4-7 ба хатти арабиасоси ниёгон ошноӣ пайдо кунанд.

Асрориёни Ориёи, 6 апрел 2013 20:47
Мухтарам Вазир, Худованд мадагоратон! 20 - сол боз аз шунидани гуфтаи "ИСЛОХОТИ МАОРИФ" кимоб шудам, бовар кунед, чун омузгор аз Шумо пурсиданиам, ки оё оид ба амалишавии ин реформа ягон накша, барнома ва ё консепсияе хаст? Агар бошад чаро дар асоси он мактабхои мо чунин хуччатро надорад? Дуюм саволам чунин аст: мегуянд, ки аз Вазорати маориф Академияи педгоги чудо шудааст магар ин рост аст? Чандин сол пеш устод Лутфуллоев бо шогирдонашон ба нохияи мо меоманданду ин вактхо умуман ягон хату хабарашон нест . Саволи дигарам оид ба баходихи ба дониш, малака ва махорати хонандагон аст чи кор бояд кард, ки хак ба хакдор расад? Дар охир фикри Шуморо оид ба баргардонидани омузгорону олимони мо ки Точикситонро тарк кардаанд пурсиданиам.

Нуриддин Саидов: То имрӯз ҷиҳати амалӣ шудани ислоҳоти маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барнома, қонун консепсияҳои зиёде қабл шуда, дар соҳаҳои гуногни маориф амалӣ шуданд ва имрӯз амал карда истодаанд. Яке аз чунин барномаҳо “Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷмҳрии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2009, №254) мебошад, ки натиҷаи ниҳоии он сохтмони мактабҳои нав, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, таъмини мактабҳо бо миз курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва ғайра натиҷаи иҷрои ин Барнома мебошад.

То имрӯз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон яке аз зерсохторҳои Вазорати маорифи Ҷумҳрии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва академик М. Лутфуллоев бо шогирдонаш дар он кор фаъолият мекунанд.

Вазорати маорифи Ҷумҳрии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани баҳодиҳӣ ба дониши хонандагон низоми нави баҳодиҳии 100-баларо кор карда баромад, ки солҳои оянда мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамчунин, дар низоми имтиҳонҳои давлатии хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ санҷишҳои тестиро ҷорӣ кард. Ин тадбирҳо метавонад дар ояндаба маҳорат ва малакаи хонандагон дуруст баҳо диҳад.

Мувофиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҷойи корашро худаш ьинтихоб менамояд. Дар навбати худ Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани дарҷаи некуаҳволии шаҳрвандон, аз ҷумла омӯзгорон чораҳои амалӣ андешида истодааст. Чунончи, дар соли 2012 маоши олимон омӯзгорон 40-60 фоиз афзуда, аз сентябри соли 2013 боз 30-40 фоиз мутаносибан баланд мешавад. Ҳамчнин барои омӯзгорон, хуссан омӯзгорони ҷавон имтиёзҳои гногн муқаррар када шудааст.

Сокин, 8 апрел 2013 12:27
Мухтарам Вазир!
Мехостам перомуни тафтиши макотиби миёна назари худро иброз доред. Мактабхои миёнаи манотики дурдаст дар холи хеле вазнин карор доранд. Масалан, мактаби № 30 дар нохияи Гончй аз чумлаи онхост. Мактаб дар холати садамавй карор дорад. Инро мудири шуъбаи маорифи нохия низ хуб медонад(агар робита дошта бошед, метавонед бипурсед). Шояд хандаовар бошад, аммо тахсилро дар бинои асосй хатарнок гуфта, чанде дарсхоро дар дигар чой кучонданд (масалан ба бинои клуби деха) вале боз, баъди деворхоро сафед кардан дубора тахсил идома дорад. Шахсан ман намефхмам, ки чигуна бо ранг кардани девору фарш холати садамавй бартараф мешавад??? Шумо чй назар доред???

Нуриддин Саидов: Мо саволи Шуморо омӯхта мебароем.

Хасан, 8 апрел 2013 16:03
Мухтарам Нуриддин Саидов мегуфтед, ки барои чи вохурии шоирону нависандагон бо хонандагони мактабхои тахсилот ва интернатхо солхои охир дида намешавад?

Нуриддин Саидов: Дар раванди таълиму тарбия, бахусус дар самти таълими фанҳои забон ва адабиёт доир намудани вохӯрии шоирону нависандагон ҳамчун яке воситаҳои амаливу воқеии таълим маҳсуб ёфта, тибқи нақшаи кори муассисаҳои таълимӣ ва дархости хонандагон бе ягон мамониат, танҳо бо назардошти халалдор нагардидани раванди таълим гузаронида мешаванд.

Идомаи посухҳои Нуриддин Саидов ба суолҳои хонандаҳои "Озодагон"


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Кулоби

  • 23 май 2013 10:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар коллечи тиббии шахри Кулоб аз хозир сар карда,аз довталабон ба маблаги 2000 долар ришва талаб карда истодаанд,оё пеши ин конуншиканиро ки мегирифта бошад? Аниктараш барои дохил шудан ба факултаи фармасевти.
Посух додан
  • довталаб дар дмт

  • 5 август 2013 12:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
САЛОМ ВАЗИр!
барои чи нархи шартномави дар ДМТ факултаи молия ва иктисод ихтисоси иктисодиёти чахони 1900 доллари амрикоист?
Посух додан
  • ИНЪОМ

  • 4 сентябр 2013 22:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
СУОЛ:МУХТАРАМ ВАЗИР.30 соли кории бетанаффус дорам.Ба нафака баромада метавонам ё не?
Посух додан
  • навруз

  • 18 сентябр 2013 12:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман донишчуи курси 2-и факултаи хукукшиносии дмт. Ман аз оилаи камбизоатам. бо бахои хубу аъло тахсил менамоям. Тибки низомнома баъди 4 нимсола донишчуро аз маблаги тахсил озод мекунанд, аммо ман 2000 доллар супорида наметавонам, зеро ки камбизоатам.
маро хорич мекунанд. фикри шумо дар ин хусус.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алейкум Устоди мухтарам Нуриддин Саидов ма як омузгори човон дар мактаби шахр ба хайси омузгор кор ва фаолият мекунам бигуе, ки дар мактаб аз мо муаллимон пули обуна талаб мекунанд оё хамин Конуни хаст ё не. ва барои чи нархаш 25 дар як мох барои як газет чаро ин якум.
Ва бигуед омузгори човон чи хукук дорад.
Ва мегуяндки омузгорони чавонеки 3 дар Давлат кор ва фаолият мекунад. Замини назди хавлиги дода мешавад оё хамин рост ё не рост бошад ба омузгорони чавонеки дар шахр кор мекунанд ба онхо замини назди хавлиги дода мешавад.
Бо эхтиром
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ! мухтарам ! вазир ин маили ман нестай маили касе боша 1000 бор узр ! ДАР ДОНИШГОХ чида бе сум бахо намемонан . 1 доф хушру биян праверка кнан ! мега сума мети бахота мемоным намети даф ща ! шикоят намедоным да кчо кнм ???????? ЧАРО???

зур некем ! хамаи саволхои одамода ! чавоб доден ! ягон коргарди давлатии дигар ! бошад ! даже ку ! САЛОМА алейк намега ! 1000 бор ташакурррррррр !
Посух додан
  • Донишчу

  • 27 май 2014 08:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом Чаноби вазир ононе ки аз имтихони намегузаранд ба онхо ягон имтиёз дода мешавад ё не?
Посух додан
  • донишчуй

  • 25 ноябр 2014 12:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухторам вазир дар кафедраи хукуки факултети таърихи ДДОТ ба магистрхо дарс намегузаранд маъмурияти факултет чора намеандешад тайи ду сол мешавад ки мудири кафедра Давлатов Ф дарс нагузаштааст,лекин маош мегирад,чадвали дарсида дарс хаст лекин мо меоем хечкасе нест ки дарс гузарад,илтимос ягон чора андешед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом мухтарам Мухтарам вазир!!!
Ман як савол дорам илтимос хар чи тезтар чавоб дихед!!!
Ман як мушкиле дорам...
Айни хрл дар ДМТ факултети Забонхои Осиë ва Аврупо тахсил мекунам ихтисосам Англо-араб...Албатта аз синфи 10-уми завки ин забонхо дар дилам чо шуд аммо имруз дохил шудам... Завки тахсил дар ин факултетро дигар надорам...Мехохам ба ДТТ ихтисоси Лоихакаш перевод гирам ман чи хел перевод гирам???
Ман бояд перевод гирам чунки Завк набошад чи тавр хонам?
Посух додан
  • баходур

  • 16 январ 2015 13:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
[left][/left]Намегум Нома,
Донишчу,
Донишчу,
Донишчу,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом! ба кластери 3 аз тести бигзари аз махорат нагузари чи мешавад?

саломалейкум! мебахшед ба имтихонхои махорат маълумот дихед? агар аз махорат гузашта нотони чи мешавад?

саломалейкум мебахшед ба имтихонхои махорат маълумот дихед? агар аз махорат гузашта нотони чи мешавад?

[quote]саломалейкум! мебахшед ба имтихонхои махорат маълумот дихед? агар аз махорат гузашта нотони чи мешавад?

саломалейкум! мебахшед ба имтихонхои махорат маълумот дихед? агар аз махорат гузашта нотони чи мешавад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алайкум муҳтарам Нуриддин Саидов саволи ман чунин аст, дар соли 2015 маоши омӯзгорон зиёд мешавад ё омӯзгорони ҷавон ба Россия раванд?
Посух додан
  • донишчу

  • 7 март 2015 14:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чаноби вазир саволи ман чунин аст, дар мактабхо донишгохо устодон дар баробаи шогирдони худ метавонанд чап гир бошанд
Посух додан
  • Бобочон

  • 3 октябр 2015 16:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом малекм Мухтарам Нуриддин Саидов мегуыфтед ки муалим хак дорад талабаро занад дар мактаби миёна.
Посух додан
  • Абдулхайр

  • 26 апрел 2016 21:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Вазир ман дар Литсейи Донишгохи Миллии Точикистон тахсил мекунам. Муаллимон мора бо чуб ва дигар чизхо мезананд. Онхо хак доранд моро зананд?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!