Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:08

Идомаи посухҳои вазири маориф ба суоли хонандагони "Озодагон"

22 май 2013, 11:43

Идомаи суолу ҷавоби Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон бо хонандагони хабаргузории "Озодагон". (Аз идора: Имло ва тарзи пешниҳоди суолу ҷавобҳо тағйир дода нашудааст.)

Қисми аввали суолу ҷавоби Нуриддин Саидов ва хонандаҳои "Озодагон"

• Омузгор аз интренат, 11 апрел 2013 17:36
Салом Вазири Маориф.
Лутфан бигуед директорони мактабхои миёнаро ки интихоб ва озод мекунад? Директори мактаб интернати №13и Шурообод 20 сари сол шуд иваз намешвад магар ин аз руи конун дуруст аст? Ман аъзои ягон хизб нестам омузгори чавонам рузи маошгири рафтам 100 сомони маошамро гардонидан, пурсидам барои чи? гуфтанд барои суми обунаи газеттахои хизби. Ин чи гап аст?

Нуриддин Саидов: Тибқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи маориф амалкунанда директорони муассисаҳои таълимиро мақомоти дахлдори соҳа, муассисаҳои таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявидошта аз ҷониби вазорати маориф ва мақоми шаҳриву ноҳиявидошта аз тарафи раёсат ва шуъбаҳои маориф таъин карда мешаванд. Мактаб-интернати чумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Шӯрообод мақоми чумҳуриявӣ дошта, директори он аз ҷониби вазорати маориф ба вазифа таъин ва озод карда мешавад. Масъалаи дуюм айни замон мавриди омӯзиш қарор дорад ва пас аз санҷиши ҳаматарафа ҷиҳати ҳалли он чора андешида мешавад. Обуна ба маҷаллаву рӯзномаҳо бошад, ихтиёрӣ буда, обуна шудан ба рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ бо назардошти такмили сатҳи касбӣ ва худомӯзӣ барои омӯзгор зарур аст.

• Саодат, 5 апрел 2013 12:52
Саволхо барои вазир...
1. Кай кудакон таътилошонро дар вакти худашон мегиранд. тирамоҳ, зимистон ва бахори?

Нуриддин Саидов: Тибқи қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 декабри соли 2012, №21/3 минбаъд дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ соли хониш ба ду нимсола ҷудо гардида, нимсолаи аввал аз 1 сентябр то 31 декабр ва нимсолаи дуюм аз 1 феврал то 7 июн муқаррар карда мешавад. Барои хонандагон таътил чунин муқаррар карда мешавад:
-таътили зимистона аз 1 январ то 31 январ;
-таътили тобистона баъди анҷоми соли хониш бо дарназардошти давраи аттестатсияи давлатии хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ то 31 август.

Суол: Китобхои дарси кай ба монанди пештара мешавад чаро кудакон китобхои дарсиро бо нархи гарон мегиранд??

Нуриддин Саидов: Пеш аз ҳама қайд намудан ба маврид аст, ки дар шароити иқтисоди бозоргонӣ нархи худи коғаз қимат шудааст. Дар ҷумҳурӣ коғази барои чопи китоб пешбинишуда аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Дар шароити имрӯза чопи китоб низ хеле қимат аст. Аз ин лиҳоз, шароити иқтисодии падару модаронро ба ҳисоб гирифта, чанд сол боз дар мактабҳо низоми иҷораи китобҳои дарсӣ амал менамояд ва хонандагон аз китобҳои иҷоравӣ истифода мебаранд.
Низоми мазкур дар назар дорад, ки соли аввал маблағи китоби дарсӣ ба андозаи 34 фоиз ва солҳои дуюми сеюм ба андозаи 33 фоизи нархи муайяннамудаи Вазорати маориф пардохта шавад. Бояд таъкид намуд, ки дар шароити имрӯза ин низом ягона воситаи дастгирии падару модарон, хонандагон ва роҳи ба танзим даровардани нархи китобҳои дарсӣ мебошад.
Ба роҳ мондани чопи китобҳои дарсӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва ба тавозуни Вазорати маориф гузаштани “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе” ва муассисаи нашриявии “Маориф ва фарҳанг” маҳз ба хотири паст намудани нархи чопи китобҳои дарсӣ роҳандозӣ карда шуд.
Дар оянда низ Вазорати маориф барои паст шудани нархи китобҳои дарсӣ чораҳои муассир меандешад.

Суол: Оё барои таъмири мактаб аз кудакон маблаг гирифтан мумкин аст??

Нуриддин Саидов: Тибқи санадҳои меъёрииҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатии ҷумҳурӣ ройгон буда, ҷамъоварии ҳамагуна маблағ ба истиснои пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ манъ аст. Дар сметаи муассисаҳои таълимӣ барои таъмири мактабҳо ҳамасола маблағҳои зарурӣ пешбинӣ карда мешавад. Тибқи хоҳиш шахсоне, ки имконият доранд, метавонанд, тариқи хайрияи ихтиёрӣ дар таъмири муассисаҳои таълимӣ тибқи имкони молиявӣ кӯмак намоянд.

• Чахонигири Рустам, 7 апрел 2013 11:04
Салом вазир! Ман аз мушкилоти мактаби тахсилоти миёнаи раками 49-и нохияи Хамадони, дехаи Чойлобкамар сухан гуфтаниям. Яксол пеш дар рузномаи "Пажвок" маколае дар бораи мушкилоти ин мактаб чоп карда будам, аммо то хол мушкилот чой дораду хеч касро парвое нест. Агар ба ин мушкилихо расидаги карда метавонед, мардонавор бигуед, ки ""Ман метавонам". Мактаб чунин мушкилот дорад:
1. Муаллимони фанхои дакик намерасад.

Нуриддин Саидов: Тибқи ахбори мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Чойлобкамар бори аввал соли 1956 (1 синфхона) сохта шуда, баъдан соли 1985 боз 2 инфхона ва соли 2005 боз 3 синфхонаи дигар сохта, айни ҳол бо фарогирии 147 нафар нафар хонанда, ки ба онҳо 13 нафар омӯзгор дарс мегӯяд, фаъолият менамояд. Тибқи ахбори мудири шуъбаи маорифи ноҳия дар мактаби мазкур норасоии кадрҳо, аз чумла оид ба фанҳои дақиқ мавчуд нест. Танҳо мушкилот дар он аст, ки ҳангоми сохтани бино вазъи бехатарии онро ба инобат нагирифтаанд ва он дар назди теппае, ки имкони лағжиш дорад, қарор дорад. Дар ин иртибот ба масъулин дастур дода шуд.

• Садриддин, 8 апрел 2013 08:07
Ассалому алайкум устоди бузург! Бехтарин навъигарихо дар маориф мебинем. Аммо як камбудии дигар ин ки чаро илми равоншиноси дар Россия химоя мешавад ва чаро се чор номзади илме ки дорем мачбур ба гирифтани унвони докториашон намекунед кай мо аз ин ноистиклолии илми равоншиноси рахо мешавем?

Нуриддин Саидов: Вобаста ба саволи мазкур иттилоъ дода мешавад, ки воқеан ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони дорои дараҷаю унвони илмидошта ангуштшуморанд. Аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ низ ба чунин мутахассисон ниёзи зиёд доранд. Сабаби ин пеш аз ҳама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани Шӯрои диссертатсионии дифои рисолаҳои илмии илми равоншиносӣ ва набудани мутахассисони дорои дараҷаи илмии доктори илм аз ин фанни ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ (на камтар аз 2 нафар доктор ва 3 нафар номзади илм барои таъсиси Шӯрои диссертатсионии дифои рисолаҳои илмӣ) мебошад. Бо мақсади таъсиси чунин Шӯроҳои диссертатсионии дар ҷумҳурӣ мавҷуднабуда, вазорати маориф ҳамасола мутахассисонро барои дифои рисолаҳои илмӣ ва барои коромӯзӣ ба муассисаҳои илмии хориҷи кишвар мефиристад. Ҳамчунин, бо ташаббуси вазорати маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи муосири тайёр кардани кадрҳои дорои дараҷаи илмии доктор (PhD) пешниҳод карда шуд, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №127 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)” ба тасдиқ расонида шуд, ки ин барои соҳаи илму маорифи ҷумҳурӣ муваффақияти калон аст. Дар ҳамин замина ҷиҳати иҷрои талаботи банди 2-юми қарори мазкур қарори дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос” аз 2 ноябри соли 2012, №625 тасдиқ карда шуд. Тибқи муқаррароти қарори мазкури Ҳукумати ҷумҳурӣ Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура) омода ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шудааст, ки дар сурати ба тасдиқ расидани он муассисаҳои таҳсилоти олии базавӣ ва илмии ҷумҳурӣ бо доштани мутахассисони дорандаи дараҷаҳои илмии ихтисосҳои муайян метавонанд, Шӯроҳои диссертатсионии дифои рисолаҳои илмӣ дар низоми ҷаҳонии “Доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос”-ро ба роҳ монанд.

• Юсуф Рахмонов, 4 апрел 2013 11:52
Мухтарам Вазир, Оё шумо хабар доред, ки мактабхои шахри Вахдат, аз мохи Сентябри 2012 то инчониб, ба гайр аз маош дигар ягон моддахои харчномаашонро нагирифтаанд. Аз шумо хохиш мекардем, ки ба ин масъала
тавачух зохир намоед. Бо эхтиром муаллими мактаби миенаи нохияи Вахдат.

Нуриддин Саидов: Тибқи маълумоти гирифташуда аз шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат моддаҳое, ки дар харҷномаи ягонаи даромад ва хароҷот нишон дода шудааст, дар соли 2012 маблағи он аз тарафи хазинадорӣ пардохт карда шудааст.

•Омузгори бепул. 5 апрел 2013 07:13
Салом вазири мухтарам. 2. Як соати дарси ва тафтиши дафтар дар мактабхои миёнаи дехот(кишлок)чанд сомонро ташшкил медихад бо фоиз ва маблагаш гуед? 3. Аз гушшаи маоши омузгорон барои Хизб маблаг мегиранд ин аз руи конун аст агар бошад чанд сомониро ташкил медихад?

Нуриддин Саидов: Аз рӯйи тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ки аз ҷониби вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 ба имзо расонида шудааст, барои тафтиши дафтар ва корҳои хаттӣ аз ҳисоби соатҳои ҳақиқӣ 20 фоиз маблағи иловагӣ ба муаллимони забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забонҳои хориҷӣ, математика, физика, химия, нақшакашӣ, санъати тасвирӣ ва ба муаллимони синфҳои ибтидоӣ пардохт карда мешавад.
Пардохти маблағи аъзоҳаққӣ бояд ба таври ихтиёрӣ сурат гирад ва аз маоши омӯзгор боздоштани он амали нодуруст мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Парвиз Нозимов

  • 22 май 2013 15:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Раёсати маорифи шахри Хучанд, шумо чи мегуед? Аз ухдаи гирифтани пеши рохи пулчинии мактабхои шахри Хучанд намебароед?
"Суол: Оё барои таъмири мактаб аз кудакон маблаг гирифтан мумкин аст??

Нуриддин Саидов: Тибқи санадҳои меъёрииҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатии ҷумҳурӣ ройгон буда, ҷамъоварии ҳамагуна маблағ ба истиснои пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ манъ аст. Дар сметаи муассисаҳои таълимӣ барои таъмири мактабҳо ҳамасола маблағҳои зарурӣ пешбинӣ карда мешавад. Тибқи хоҳиш шахсоне, ки имконият доранд, метавонанд, тариқи хайрияи ихтиёрӣ дар таъмири муассисаҳои таълимӣ тибқи имкони молиявӣ кӯмак намоянд."
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз посухи вазир се чизро мушохида кардам:
1) Дар сохаи маориф кариб ки ягон камбуди дида намешудаст.
2) Тамоми мардуми точикистон бохабар аст аз порагириву ришвагари дар сохаи маориф гайр аз вазир.
3) Вазир хеле зиед мехру мухаббат нисбати вожаи "ТИБКИ" доштааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Man namefahmum in chiguna javob dodan bosha ! Muhtaram vazir ! shumo savola dark mekuned ? Mefahmed ki suol dihanda chi mekhohad ? Soil bed mega shumo tut ... Javobhoyi be pardayu oshkor dihed vazir ki intavr boshad .... Mebakhshed vaziru okhir vaqte ki mekhoni diltang meshavi az in javobhoi toriki shumo . Boz yakbori digar bakhshish ! natavonistam erod nagiram.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруд бар Шумо,вазири кироми!Аз посуххои Шумо чунин бармеояд,гуё ки дар Точикистон дар заминаи маориф камбудихои назарногир хастанд,вале афсус,ки ахвол куллан баръакс аст.
Бисёр хохишмандам аз Шумо,ки дар баробари таквият додани дарси забони точики(порси),барои омузиши забонхои хоричи(англиси, руси,олмони...) низ чорахои мудаббирона дида шаванд,асаосан дар макотиби сарзамини Бадахшон.
Падруд бошед!
Посух додан
  • як нафар омузгор

  • 4 феврал 2015 22:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман як нафар омузгор аз ш Сарбанд . Мухтарам Вазир мехостам фахмам, ки чаро дар мохи август бо маблаги 100 сомони аз маошхои мо омузгорон гардонида мешавад?
Посух додан
  • 1993

  • 10 июн 2015 16:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом вазири мухтарам аз кадом сабаб дарси донишчуёнро то сани 25 06 2015 монданд сабаб ба иди артиши милли бошад
Посух додан
  • илес

  • 24 ноябр 2015 19:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барпо намудани занги камолот мумкин аст е не?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!