Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:47

Маҳсулоти «Ҳалол» дар хизмати муштариён

9 май 2011, 13:38

Беш аз 70 корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳои хидматгузорӣ барои ширкат дар Намоишгоҳи дуввуми байналхалқии маҳсулоти тамғаи «Ҳалол», ки рӯзи 26 май дар Маскав баргузор хоҳад шуд, дархост пешниҳод намудаанд.

Дар ин бора ба хабаргузории « Озодагон» аз кумитаи тадорукоти ин намоишгоҳ иттилоъ доданд.

 

Манбаъ афзуд, аксари довталабони ширкат дар намоишгоҳи дуввумро корхонаи истеҳсоли либос ва соҳаи таъминоти ғизо ташкил додаанд. Ҳамчунин ташрифи як гурӯҳи намояндагони кишварҳои хориҷ дар назар дошта шудааст.

Зимнан, дар ин намоишгоҳ муаррифии лоиҳаҳои инвеститсионии ширкатҳои русиву хориҷӣ, омӯзиши тартиби  роҳандозии тиҷорат бар асосҳои ислом, ҳамчунин табодули таҷрибаи амалисозии лоиҳаҳои хайриявӣ ишғол хоҳад кард. Дар қисмати мубоҳисавӣ намояндагони Бритониё, Фаронса, Испониё, Итолиё, Хорватия, Индонезия, Покистон, Малайзиё, Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳо иштирок хоҳанд кард. 


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!